Тайи солҳои охир ҳаракатҳои ифротгаройӣ ва динию мазҳабӣ бо амалҳои ғайриинсонӣ ва кирдорҳои разилона авзои сиёсии сайёраро ноором карда, ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар мегузоранд.
Мусаллам аст, ки терроризм ва ифротгаройӣ яке аз зуҳуроти номатлубтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнини рӯҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионии кишварҳои ҷудогона, ғасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст.
Терроризм ва ифротгаройӣ дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа, махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият буда, оқибат ба бесуботӣ ва вайронкорӣ меорад.
Аз ин хотир, ҳифзи ҷавонон аз чунин гурӯҳу равияҳо ва мубориза ба муқобили ин зуҳуроти хатарафзо вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯсту озодихоҳ мебошад.
Дар ин марҳилаи ҳассосу печидаи ҷаҳони муосир миллати сарбаланди мо метавонад, бо мафкураи миллӣ ва заковати азалӣ худро аз ин хатарҳо дуртар нигоҳ дорад. Тавре, ки мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, олимону донишмандони мамлакат бояд ба масъалаи тавсеаи мафкураи миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоиву сиёсии ҷомеа, иттиҳоди нерӯҳои созандаи кишвар, ҳифзи манфиатҳои стратегии Тоҷикистон, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хуруфотпарастиву ифротгароӣ, инчунин таҳкими масоили демократикунонии ҳаёти иҷтимоиву сиёсии кишвар эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
Экстремизм – (аз калимаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus») гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст. Ин амалу зуҳуроти номатлуб метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон дар дин, сиёсат, идеалогия, илм, фарҳанг ва дар варзиш ба миён ояд.
Дар замони имрӯза шахсон, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое мавҷуданд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рӯзноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гӯшаву канори сайёраи мо ба амал меояд. Яке аз сабабҳои асосии экстремизм ҳисси маъюсӣ, нобоварӣ, парешонӣ аз зиндагӣ мебошад. Файласуфи машҳури англис Антони Гидденс навишта буд, ки «мо акнун дар замони хатару таваккал зиндагӣ дорем».
Сабаби дигар ҷараёни бошиддати ҷаҳонишавӣ олами моро тағйир медиҳад, тамаддун, фарҳанг, анъана, урфу одат, дину мазҳаб ва суннатҳои анъанавиро заиф месозад ва ҳатто, тамоман аз байн мебарад. Натиҷаи он на ҳама вақт мусбату дилхоҳ аст ва ин падида эҳсоси нотавонӣ, заифӣ, маъюсӣ ва дар бисёр маврид танаффур (нафрат), эътироз ва муқобилиятро ба миён меорад. Ин омил метавонад, боиси бегонагӣ ва ҷудоӣ аз раванди ягонагӣ, ҳамкорӣ, ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ гардад. Омили дигаре, ки бештар дар ҷаҳони ислом, дар байни мусулмонон роиҷ аст – ин эҳсоси беадолатӣ нисбат ба ислом ва пайравони он аст. Аксари мусулмонони олам чунини мешуморанд, ки нисбат ба онҳо мамолики Ғарб сиёсати–духӯра, дурӯя, меъёру стандартҳои мунофиқонаро ба кор мебаранд. Мутаассифона аксари онҳое, ки бо асли аркони ислом, таърих, фарҳанг, аҳком, фалсафа ва ахлоқи ислом ошно нестанд, чунин меҳисобанд, ки ба ислом хислати ситезу тундравӣ, таҷовузгароӣ, бадқасдӣ, ғайритаҳаммулпазирӣ хос аст. Ин андешаи мутлақо ғалат аст. Зеро «Қуръон», ҳадис, тамоми аҳкому аркони ислом ва фалсафаю ахлоқи он бар пояи адолат, баробарӣ, бародарӣ, озодӣ, амният бунёд ёфта, зарурияти сулҳ, ризоият, таҳаммул, оромӣ, амният, адолатро бо тамоми зуҳуроти он дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ таъкид ва фармудааст. Ислом дини сулҳу салоҳ ва бародарист, на ин ки барқасдиву бетаҳаммулӣ.
Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») маншаъ гирифта, маъноаш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.
Таърихи афкору андешаи инсонӣ исбот менамояд, ки илму дониш ҳеч вақт душмани дину имон набуда, балки бар зидди хурофот, кӯҳнапарастӣ, бофтаҳои баъзе диндорони бесаводу чаласавод буд. Ягон мутафаккир ё донишманди асили замони гузашта ва муосир низ бар зидди дин набаромадааст, балки хурофот, нодонӣ, ҷаҳолатро зери интиқод қарор додааст.
Донишманди маъруф Герберт Спенсер (Ҳерберт Испенсер) дар рисолаи хеш, ки ба мавзӯи тарбия бахшидааст, чунин мегӯяд: «Дониш бо хурофот сари адоват ва ситез дорад, вале бо дин душманӣ ва ситез надорад. Дар бисёре аз улуми табиии роиҷ дар асри мо руҳи динситезӣ вуҷуд дорад. Аммо дониши саҳеҳ ва дуруст ва дар сатҳи маълумоти фаротар рафта ва дар ҷарфноӣ ва умуқи ҳақоиқ (ҳақиқат) нишастааст, аз ин моҳияти динситезӣ барканор аст».
Яке аз омилҳои тезу тунд шудани муносибати баъзе кишварҳои мусулмонӣ бо давлатҳои Ғарб маҳз ҳамин сиёсати риёкорона, муғризона, дурӯягӣ ва мунофиқона аст, ки он боиси пайдо шудан ва густариши мухолифат байни пайравони дини ислом ва масеҳият, тамаддуни Шарқу Ғарб ва дар айни замон тавлиди ҷараёнҳои тундрав (экстремистӣ) дар дину мазҳабҳои ҳам Ғарб ва ҳам Шарқ аст.
Баъди суқути давлати абадқудрати шӯравӣ ва ба вуҷуд омадани давлатҳои соҳибихтиёр, аз байн рафтани идеологияи ҳукмрони атеистӣ муносибат ба дину диндорӣ дар ҷумҳуриҳои тозаистиқлоли собиқ шӯравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ комилан тағйир ёфт. Акнун мардум ба мероси гузаштагони худ ва анъанаҳои диниашон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамуданд ва эътибори махсус медоданд.
Созмону ниҳодҳои динӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои дорои тамоюли динидошта хеле фаъол ва зиёд гардида, ба ҳаёти сиёсӣ – иҷтимоӣ ва маънавӣ бештар таъсир мерасонданд. Дар мамлакат фазои озоди андешаи динӣ дар заминаи асли конститутсонии гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ ташаккул ёфт.
Гуногунандешӣ ва таҳаммулпазирӣ таҳкурсии ғоявии ҳамзистии эътиқоди динии шаҳрвандони кишвар гардид. Сиёсати давлат бар зидди дин нигаронида нашуда, баръакс ба ҳимоя нигаҳдории фарҳанги миллӣ ва дин ба ҳайси як рукни муҳими сиёсати фарҳангӣ ва иҷтимоӣ нигаронида шуд. Барои мусалмонони кишвар, ки аксарияти мутлақи сокинони ҷумҳурии моро ташкил медиҳанд, тамоми шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуд, то ниёзҳои эътиқодии худро ба таври озод амалӣ созанд. Дар натиҷаи тағйири муносибати давлат ба дин ва созмонҳои динӣ, ташаккул ёфтани вазъи нави динии ҷумҳурӣ сатҳи диндории мардум якбора боло рафт.
Солҳои 1943-1988 дар кишвари мо ҳамагӣ 34 созмони динӣ, аз ҷумла 17 масҷид, 15 калисо ва ибодатгоҳи насронӣ, 2 куништи яҳудӣ амал мекард. Ҳоло дар қаламрави ҷумҳурӣ қариб 4 ҳазор иттиҳодияҳои динии исломӣ (масҷидҳои панҷвақта, ҷомеъ ва масҷиди ҷомеи марказӣ, Кумита оид ба корҳои дин, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон, Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзам, 19 мадраса, дигар иттиҳодияҳо ва ҷамоатҳои (созмонҳои) динӣ) мавҷуданд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 масоҷиди марказӣ, 325 масҷиди ҷомеъ, 3 ҳазору 334 масҷидҳои панҷвақта мавҷуданд. Ба ҳисоби миёна ба 2 ҳазор нафар аҳолӣ 1 масҷид рост меояд (бо назардошти он ки қариб 1 миллион нафар сокинони калонсоли ҷумҳурӣ, ғолибан мардон дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Руссия ва дигар кишварҳои ИДМ қарор доранд.
То соли 1990 мусулмонони ИҶШС танҳо дар мадрасаи Мири араби Бухоро ва Донишкадаи олии исломии Тошканд имкони таҳсилоти динӣ гирифтан доштанд. Соли 1990 дар ин ду муассисаи таълимии динӣ аз ҷумҳурии мо ҳамагӣ 27 нафар таҳсил мекарданд. Ҳиссаи (квотаи) мусалмонони ҷумҳурии мо дар ин муассисаҳои таълимии динӣ хеле ночиз буд ва аз ин рӯ, то замони истиқлол дар байни мусалмонони кишвар шумораи уламои хатмкарда (дипломдор) ангуштшумор буданд.
Соли 1990 дар шаҳри Душанбе Донишкадаи олии исломии ба номи Имом Тирмизӣ (ҳоло ба номи Имоми Аъзам) таъсис ёфт, дар он ҳамон вақт ҳамагӣ 142 нафар донишҷӯ таҳсил мекарданд. Дар шаҳри Хуҷанд, Қӯрғонтеппа мактабҳои динӣ-мадрасаҳо кушода шуданд. Ҳоло танҳо дар Донишкадаи олии исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам беш аз 1,5 ҳазор донишҷӯ таҳсил менамояд. Дар назди Донишкадаи мазкур гимназияи исломӣ фаъолият дошта, дар он қариб 700 нафар толибилмон таҳсил менамоянд, ки 291 нафарашон духтарон мебошанд ва ба онҳо 44 нафар устодон таълим медиҳанд.
Агар дар тӯли беш аз 72 соли салтанати шӯравӣ ҳамагӣ беш аз 30 шаҳрванди мо фаризаи ҳаҷро анҷом дода бошанд, дар давраи истиқлолият ҳазорон мусалмонони Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқу озодиҳои худ ба мартабаи баланди ҳоҷигӣ расиданд. Соли 1943 аз ИҶШС ҳамагӣ 3 нафар ба маросими ҳаҷ рафта буданд. Дар мавсими ҳаҷи соли 2010-ум 5336 шаҳрванди ҷумҳурӣ фаро гирифта шуда буд, ки нисбат ба соли 2009-ум 265 нафар зиёд буд. Соли 2011 қариб 5,5 ҳазор нафар ба ҳаҷ рафтанд.
Қобили қайд аст, ки дар баробари равоиди мусбату мӯътадил ва табиӣ ҳаёти динӣ – маънавӣ, инчунин зуҳуроти манфӣ ва номатлуби ғояҳои ифротгароӣ, ки асосан аз хориҷи кишвар ворид мешавад, дар фаъолияти баъзе созмону ниҳодҳо, ҳизбу гурӯҳҳо таъсири муайян расонданд. Сабаби сар задани чунин падидаҳои номатлуб, хатари тафриқаандозӣ ва ҷудоӣ дар байни мусалмонони кишвар дар солҳои охир, ин дар ҷомеаи мо пайдо шудани иғвоангезӣ, таҳрибкорӣ, ҳизбгароиву гурӯҳбандӣ аз тарафи баъзе ходимони дин, имом – хатибон аз минбарҳои масоҷид, садо додани таблиғоти бегонапарастӣ, зидди манфиатҳои миллӣ, давлатӣ, суханони таҳқиркунанда, қабеҳу фаҳш ва беасосу бадномкунанда, таҷлили маросимҳои ба мазҳаби мо бегона, итоат накардан ба имому ҳоким, қонун ва дар ин замина ба вуҷуд овардани дуҳокимиятӣ дар фазои кишвар аст.
Мутаассифона, дар амри дифоъ ва пуштибонӣ аз нангу номус, ҳуввият ва арзишҳои миллӣ, манфиатҳои умумихалқиву умумидавлатӣ миёни баъзе уламои дин ва зиёиёни эҷодкори дин баҳс ба миён омада, аҳли ҷомеаро ба бетарафӣ намегузорад. Зиёиёни эҷодкор бошанд, баъзе уламои динро ба бегонапарастӣ, арабгароӣ, бесаводӣ, чаласаводӣ, хурофоту таассуб, мавизаҳои бемантиқ,бе рабту низом, лаҳни тунду таҳқиромез ва зиддидавлатию зиддимиллӣ айбдор менамоянд. Дар айни замон баъзе уламои дин зиёиён, рӯзноманигоронро ба динситезӣ гунаҳкор медонанд.
Дар ҳарду ҳолат ҳам уламои дин ва зиёиёни тоҷик бояд ҳамфикр бошанд, манфиатҳои умумимиллӣ, умумидавлатиро аз ғаразҳои ҳизбӣ, гурӯҳӣ, мазҳабӣ, шахсӣ боло гузошта, ҷомеаро ба ихтилоф, ҷудоӣ ва хатару нооромӣ мувоҷеҳ насозанд.
Баҳри бартараф намудани муаммоҳои ҳалталаби ин падидаҳои номатлуб ҳадалимкон бо ҷои кор таъмин намудани ҷавонони бекор, дар ВАО ташкили бештари барномаҳои гуногун доир ба оқибатҳои нанговари экстремизм ва терроризм ва пешгирии он ва гузаронидани сӯҳбатҳо ва машваратҳо дар ҳамаи қишрҳои ҷомеа.
Ассистенти кафедраи
назарияи иқтисод Фаёзова М.А.