Изҳороти кафедраи ҷомеашиносӣ оид ба  қисмати ҳафтуми филми “Хиёнат” ва амалҳои пасипардагии Муҳаммадиқболи Садриддин

Филми ҳуҷҷатӣ дар бораи саргузашти Муҳаммадиқболи Садриддин ба ҳолати равонии ҳар як шахс таъсири ногувор ва ҳузнангез мерасонад, Нафрати мо ба нафароне, ки ҷанг, нафрат ба хоинон , ба онҳое, ки оташи ҷангро дар Тоҷикистон фурӯзон карданду мардумро ба кишвари Афғонистон муҳоҷир карданд, хеле зиёд мегардад.

Дар филм оварда шудааст, ки падари Муҳаммадиқболи Садриддин – Қаландар Садриддинов замони ҷанги шаҳрвандӣ аз роҳбарони ҳизби наҳзат буд ва дар Афғонистон масъулияти ба муҳоҷирони тоҷик тақсим карда додани кӯмакҳои башардӯстонаи созмони Ҳилоли Аҳмарро дошт. Қаландар Садриддинов дар Афғонистон ба Мулло Шариф ном шахс барои таълиму тарбия писараш Муҳаммадиқболро месупорад. Аммо писари 12-13 сола ба доми қумондонҳои ифротии афғон мефарояд. Албатта, ин ҳолат ба руҳия ва такомули шахсии Муҳаммадиқболи Садриддин таъсири манфӣ мерасонад.

Дар ин филм фикрҳои коршиносон – табибон, равоншиносон ва олимон оварда шудааст, ки руҳия ва хислату тарзи рафтори гирифторшудагон ба чунин дарди психологиро равшан мекунад. Масалан, суханронии номзади илмҳои тиб – Шамсиддин Қурбонов ва равоншинос Марям Давлатова илман асоснок ва воқеӣ буданд.

Бефаросатӣ ва бешармие, ки аз чеҳраи Муҳаммадиқбол пайдост, аз тарбияи нохуб ва гузаштаи шармовари падараш Мулло Қаландар сарчашма гирифтааст. Аҷоибаш он аст, ки ин мубаллиғон бо вуҷуди доштани камбудиву нуқсонҳои зиёди ҳаётӣ ва ноҷавонмардиҳо нисбат ба наздикону пайвандони худ аз камбудиҳои як давлат ва як миллат бо танз сухан мегӯянд.

Муҳаммадиқболи Садриддин бо баромадҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ, мақсад дорад, ки дигаронро ҳам мисли худаш мусибатзада гардонад. Тафаккури ӯ чунин аст, ки чаро вай ба ин ҳолат гирифтор гашту дигарон гирифтор нашаванд? Вай дигаронро ҳам барои чунин роҳи саргардонӣ ва бешарафӣ бурдан кӯшиш мекунад. Ин албатта, ҳолати хатарзо аст.

Мо фаъолияти чунин инсонҳои бадандешро маҳкум менамоем ва аз ҳама даъват ба амал меорем, ки фирефтаи афкори бегонагон нагашта, барои сулҳу ваҳдат ва ободии кишвар софдилона заҳмат кашед.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *