Барои ноил гаштан ба мақсадҳои нопоки худ наҳзатиҳо бо роҳбарии М.Кабирӣ аз ягон тарзу усулҳои ғайриқонунӣ ва аз доираи ахлоқ дур рӯй намегардонанд. Дар масъалаи аз худ намудани ному шиорҳои дигар сиёсатмадорон наҳзатиҳо хеле пешқадам шудаанд.
Ба монанди он ки, дар аввали соли 2012 Кабирӣ ва тарафдоронаш пеш аз интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номи «Чунбиши миллии Точикистон»-ро, ки раисии онро Ҳоким Муҳаббатов ба ухда дорад, дуздида буданд. Бо ин ном сомона ташкил намуда, ба мақсади таблиғи М.Кабирӣ ва ҲНИ истифода бурда буданд. Фақат пас аз эътирози Ҳоким Муҳаббатов дар расонаҳо ва радиои Озодӣ ин сомона баста шуд.
Мисоли дигар, номи Паймони миллии Тоҷикистон (ПМТ) пурҷозиба ва дилрабо. Аммо маълум гашт, ки ин ном ҳам дуздӣ будааст. Олим ва сиёсатшиноси номдор Ҳафиз Бобоёров эълон дошт, ки ин ном моли ӯст ва Кабирӣ ин номи воқеъан зеборо дуздидааст ё касе аз огоҳон фурӯхтааст. Яъне дуздии руирости моликияти зехнӣ ва маънавии Барнома ва номи Паймони миллии Ҳафиз Бобоёров аз тарафи Кабирӣ ва ёронаш, ки ба ҳеҷ ваҷҳ инкор карда намешавад. Ҳатман бояд зикр кард, ки Кабирӣ талош дошт, то Ҳафиз Бобоёров ва боз чанд тоҷикони обрӯманди муқими Аврупо бо ӯ бипайванданд. Аммо онҳо пайвастан бо як ҳизби бадномшуда ва чанд шахсияти беобрӯгаштаро барои худ мояи ор донистанд.
Дар нишасти созмони САҲА ба саволи хадафи асосии ПМТ Кабирӣ чавоб дода буд, ки мехоҳанд Тоҷикистони озод, пешрафта ва мустақилро созанд, ки дар он озодии инсон авлавият дошта бошад. Баъдан ба саволи дигар кас чавоб гуфта дуюмбора оиди ин масъала таъкид карданд, ки Точикистон бояд давлати дунявӣ ва демократии ба маънии томи ғарбии ин калимахо бошад. Аз ин маълум мешавад, ки дар ягон санад мақсади асосии ПТМ дарҷ нашудааст ё ин, ки Кабирӣ шахсан аз он хабар надорад. Кабирӣ мегуяд, ки «дар замони имрӯза вақти барномасозиҳо гузашта аст. Барномаҳо бояд дар қалби ҳар як шахс бошанд. Вақте, ки ба эътимод ва боварии мардум расидем дар он сурат барномаи дақиқеро пешниҳод мекунем». Ин чӣ маънӣ дорад? Яъне то давраи расидан ба ягон марҳилаи сиёсӣ фақат бояд аз ҳиссиёти муқаддаси мардум ба дини мубини Ислом истифода намуда, эътимод ва боварии онҳоро ба даст биёрем. Чунин шакли фаъолияти сиёсӣ метавонад ояндаи кишварро хеле ҳам зери хатар гузорад.
Дар рӯзи аввали нишасти САҲА дар Варшава, вақте иҷлосия ба охир расиду ҳама аз толор баромаданд, як наҳзатӣ дағалона кӯшиш кард ба дасти домулло Аёмиддин шиори «Озодӣ ба махбусони сиёсӣ»-ро зӯран часпонда, ӯро аксбардорӣ кунад. Вақте ки кӯшиши яке аз ҳамроҳони домулло барои бо сухани хуб пеши роҳи ин амали пастфитратонаро гирифтан натиҷа надод, ӯ мушти обдоре ба сари наҳзатибачаи авбош зад. Зеро дигар чора надошт, чунки он наҳзатӣ мехост домуллоро таҳқир кунад. Домулло Аёмиддин аз солҳои 80-ум домуллои мӯҳтарам, аз ҷумлаи наҳзатиҳои ангуштшумор буд, ки бо вай баҳс кардан хатар надошт. Агар ба як ҳарфи наҳзатиҳои дигар эрод мегирифтед, дарҳол дар рӯйхати сиёҳи онҳо сабт мешудед. Домулло рӯшанфикр буд, бо самимияти худ дар байни мардум маҳбубият пайдо карда буд. Ва аз ҳама муҳимаш андешаи дигарро таҳаммул карда метавонист. Агар ба андешаи касе розӣ набошад, норозигиашро бо табассум иброз мекард. Ҷудошавии домулло аз Кабирӣ далолати самимият ва поктинатии ӯст.
Шиори “Босмачӣ-қаҳрамони миллат” аз бесаводӣ ва ҷаҳолати наҳзатиён шаҳодат медиҳад. Кабирӣ аз рӯзи аввали эътилофаш эълон дошт, ки босмачиҳо ҳамчун қаҳрамонони миллӣ эътироф шаванд. Ӯ ба муридонаш вазифа дод, ки сафед кардани босмачиҳо аз барномаҳои асосии ин Паймони миллаткуш аст. Ҳар каси солимақл суханронии Кабириро дар ҷаласаи «эътилоф» мутолиа кунад, ҳатман ба хулосае меояд, ки ин даъват ба асри миёна аст. Ба ин маърӯзаи Кабирӣ ду шиор намерасад: «Зинда бод ҷаҳолат, таассуб ва торикӣ!», «Нест бод илм ва маърифат!».
Аз рӯи ҳамин шиорҳо ҳизби наҳзат дар давоми бисту панҷ сол як насли нави ҷавонони бемағзро тарбия карда, ба воя расонд, ки таассуб ва ҷаҳолат дар мағзу устухонашон ҷойгир аст. Аз забони Кабирӣ чанд маротиба шиори «муборизаи миллӣ-мазҳабӣ» садо дод.
Муборизаи наҳзатиҳо на миллӣ буд, на мазҳабӣ. Соли 1992 мазҳабро барои ба даст овардани қудрат истифода бурданд. Ба онҳо ҳукумат даркор буд, то ки моликияти умумихалқии ҷумҳуриро, ки он вақт тақсим нашуда буд, ба дасти худ гиранд. Дар бораи кадом муборизаи миллӣ ҳарф мезанед?! Вақте ки пешвоҳои шумо ва муридонашон ҳамон солҳо дар ҳар як амри маъруфашон таъкид мекарданд, ки дар ислом миллат вуҷуд надорад?
Масъалаи дигар фикру ақида ва идеологияи наҳзатиҳо хилофи дини мубини Ислом ва мазҳаби Имоми Аъзам мебошад. Онҳо дар масъалаи гузоштани саҳм ба таблиғи дини мубини Ислом, мазҳаби Имоми Аъзам, рушди ақидаҳои солим ягон кӯшише накардаанд. Ба ҷои ин ақидаҳои зӯроварӣ, таҳқири ашхоси бегуноҳ, ҷорӣ кардани мазҳабу равияҳои ба мо бегона машғуланд.
Исроилҷон Иброҳимов,
номзади илмҳои физика ва
математика, дотсент