Ваҳҳобия , Салафия ва ҲНИ – сарчашми терроризми байналмиллалӣ

Дар даҳсолаи охир ривоҷ ёфтани ифротгароии миллию мазҳабӣ, аз ҷумла чараёнхои “Ваҳҳобия”, “Салафия”, ва терроризму экстремизм тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳлука овардааст. Мусаллам аст, ки экстремизм ва терроризм хусусияти байналмилали дошта, барои ин гуна зухурот сарҳади байнидавлатӣ, миллӣ ва динӣ вуҷуд надорад. Мақсади асосии ин гуна ҳаракатҳо ва хизбҳо иғвоғарӣ, тафриқаандози байни мардум, ба вуҷуд овардани шароити номусоид дар кишвар ва ғайра мебошад, ки ба амнияти ҳар як давлат ва сокинони он таҳдид менамояду боиси халалдор кардани ҳаёти осоиштаву бонизоми ин кишварҳо мегардад. Мутассифона аз таъсири ин вабои аср Тоҷикистони азизи мо низ дар канор намондааст.
Яке аз ин ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИ мебошад, ки бо ҳар роҳ мехоҳад вазъияти ороми кишвари азизамонро халадор намуда, бо роҳи барангехтани кинаву адоват байни мардум низоъҳоро ба миён оранд ва бо ин васила ба сари давлат оянд. Вале бояд таъкид сохт, ки хоинони миллат ба мақсадҳои ғаразонаи худ намерасанд, агар ҳамаи мо аз як гиребон сар бароварда, бар зидди он муборизаи беамон барем. Дар ин ҷода саҳми омӯзгорон низ бояд хеле назаррас бошад, зеро, мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм вазифаи ҳар як шахси равшанфикр ва фарди ватандусту худогоҳ аст. Аз ин рӯ моро лозим аст,ки ҳангоми тадриси фанҳо ва баргузории дарсҳои тарбиявӣ ба масъалаҳои мазкур бештар диққат дода, ҳисси нафрат ва баъдбиниро нисбати терроризм,экстремизм ва бахусус равияҳои тундрав ба монанди ҲНИ бедор намуда, шомилшавии ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии фаъолияташон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъшуда пешгирӣ намоем. Воситаи дигари пешгирии ин зуҳуроти номатлуб дуруст иҷро кардани Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар» ва иҷро гардидани ўхдадориҳо аз ҷониби падару модарон мебошад, зеро аксари ин равияҳои тундраву экстремистӣ аксар вақт сафи худро аз ҳисоби ҷавонони гумроҳ ва бекор зиёд намуда, ба ин васила ба мақсадҳои ғаразноки худ мерасанд.
Аз ин лихоз, барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷамъият лозим аст.

Калонова Азизахон,
ассистенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *