Изҳороти кафедраи забоҳои хориҷии ДИС ДДТТ оид ба ТТЭ ҲНИ ҳамчун ҳизби тундгарову сузанда

Ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТЭТ ҲНИ) ҳизби тундгарову сузанда буда, сабаби ҷангу хунрезӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон буда, гунаҳгори асосии фалаҷ гардидани низоми сиёсию иқтисодии кишвар дар солҳои навадуми асри гузашта мебошад. Ин ташкилот аз оғози фаъолияташ зидди манфиатҳои миллии Тоҷикистон ва ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад. Амалҳои роҳбарият ва фаъолони ин ҳизб ҳамагӣ ҷиноятҳое буданд, ки бар зарари миллати тоҷик равона гардидаанд. Куштори шумораи зиёди зиёиён ва озодандешоне, ки ба онҳо аз ҷониби саркардагон ва тарафдорони ТЭТ ҲНИ тамғаи кофир зада шуда буд, далели гуфтаҳои болост. Ҳадафи асосии ин ҳизб на бар пояи демократия ва адолати иҷтимоӣ, балки бар пояи хушунату бадбинӣ ва бартариҷӯии динию мазҳабӣ устувор аст.

Бозӣ кардан бо эҳсосоти диниву мазҳабии мардум усули асосии фаъолияти таърибкоронаи ин ҳизб буд. Онҳо мехостанд бо роҳи моҷароҳои мазҳабиву динӣ асос ва пояҳои давлатдории навини тоҷиконро хароб карда, Тоҷикистонро ба мустамликаи нав табдил диҳанд. Вазъи давлатҳои Сурияву Ироқро таҳлил карда, мо ба хулоса омадан мумкин аст, ки бояд дар масъалаи мазҳаб ҳеҷ гоҳ бегонапарастӣ накунем. Он низоми мазҳабие, ки дар сарзамини мо садсолаҳо амал мекунад, бояд ҳифз карда шавад. Низомеро, ки дар Тоҷикистон аст ва дар он суннимазҳабон ва шиамазҳабон дар ваҳдати комил умр ба сар мебаранд, бояд чун гавҳараки чаши нигоҳ дорем. Имрӯзҳо мо шоҳид ҳастем, баъзе ҳизбу ҳаракатҳои ифротию терористӣ бо дастгирии давлатҳои дигар мехостанд ва ҳоло ҳам кӯшиш карда истодаанд, ки унсурҳои мазҳаби бегонаро ба давлати мо ворид кунанд ва сенарияи Сурияро дар Тоҷикистон роҳандозӣ кунанд. Хушбахтона зери роҳбарии хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат ва корҳои шабонарӯзии мақомотҳои қудратии кишвар ба душманони давлати мо муяссар намегардад, ки дар Тоҷикистони азизи мо ҷанги мазҳабиро роҳандозӣ кунанд. Давлату ҳукумат ҳамаи чораҳои имконпазирро андешида истодаанд. Аммо ҳар як шаҳрванди мамлакат бояд дар раванди мубориза бо бегонапарстӣ фаъол бошанду саҳми худро дар таъмини амнияти миллӣ гузоранд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *