Он ҳодисаҳое, ки имрӯз дар ВМКБ рух дода истодаанд, боиси нигаронии аҳли ҷомеа гашта, мрдуми сарбаланди ин минтақаи Тоҷикистон бояд фирефтаи афкори бадкорон ва бадхоҳони миллат нагарданд. Агар чунин афроде ба монанди хоинони ватан, ки дар хориҷа истода худро шерри майдон нишон медиҳанд, якмаротиба аз аҳволи халқашон огоҳӣ пайдо кунанд, дар ҷойҳои зарурӣ дасти ёрӣ дароз кунанд, ана ин мешавад дилсӯзӣ ба ватан ва ҳаммиллатони худ.
Алим Шерзамонов худ дар гузашта узви ҳизби коммунистӣ буда, баъдан аъзои ҳизби сотсиал-демократ гардид. Дар ин ҳизб худро ҷонишини роҳбар эълон карда буд, ки аз тарафи роҳбарияти ин ҳизб инкор карда шуд. Имрӯз бошад боз худро муовини кадом як ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон» эълон карда истодааст. Ӯ худ ягон мавқеи аниқу дақиқ надорад. Дар шаҳри Варшава ҳамеша дар паҳлӯи М. Кабирӣ буд. Шерзамонов ва дигар афроди ба мисли ӯ аз ҷониби хоҷагони хориҷиаш маблағгузорӣ мешаванд, мехоҳанд дар мамлакати тинҷу ором ва амни Тоҷикистон фитна ва иғвоҳо ангезанд. Аммо ӯ хатои бузург мекунад.
Ҷомеаи Тоҷикистон имрӯз афкору ақидаҳои устувор дорад ва ба иғвоҳои Кабириҳо ва Шерзамоновҳо дода нахоҳад шуд. Алим Шерзамонов қайд мекунад, ки расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоии «Радиои озодӣ», «Ховар», «Ҳамсинф» ва ғайраҳо хабарҳои бардурӯғ пахш мекунанд. Он гурӯҳҳои ҷиноятпешаи бо яроқ ва бо маводи мухаддир аз ҷониби Афғонистон гузаштаву дастгиршударо дурӯғ эълон мекунад. Аз андешаҳои ӯ бармеояд, ки дар Бадахшон бояд гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша ҳукмфармо бошанду мардуми ин минтақа бо тарсу ҳарос зиндагӣ кунанд.
Чунин хулоса кардан мумкин аст, ки то ҳол баъзе ашхос ва аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ намехоҳанд, ки тартибот дар ВМКБ ва шаҳри Хоруғ барқарор шавад ва иғвоандозӣ доранд, ки мақомоти қудратии кишварро дар поймол кардани ҳуқуқи аҳолии маҳаллӣ айбдор кардан мехоҳанд. Ҳадафи асосии ин ноҷавонмардон ноором сохтани вазъи ҷамъиятӣ ва қатъи фаолияти постгоҳҳои доимоамалкунандаи БДА мебошад, ки барои аз ҷониби онҳо бо таври қочоқ ворид кардани ҳаҷми зиёди маводи мухаддир ва силоҳ аз ҷумҳурии ҳамсоя шароити мусоид фароҳам бошад.
Шоҳидони воқеа ба дасисаҳои ин шахсони ғаразнок фирефта гардида, даъвоҳои гуногуни беасос мекунанд. Онҳо наметавонанд холисона баҳо диҳанд, ки муқобилият зидди мақомоти давлатӣ хиёнати рӯирост бар Ватан аст. Ҳушёрии сиёсӣ ва зиракӣ имрўз бояд мағзи мардумро фаро гирад. Онҳо имрўз барои пеш гирифтану аз байн бурдани кирдори пайвастаи гурўҳҳои ҷиноятӣ бояд ҳиммат карда, барои барқарор шудани тартиботи ҷамъиятӣ дар қаламрави вилоят якдилона ташаббус намоянд. Хушбахтона, имрӯз миллати абарқудрати тоҷик бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шукуфоии кишвари биҳиштосои худ софдилона меҳнат карда истодаанд. Мехоҳем дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ, Сарвари кишвар баҳам оем ва барои фардои дурахшони Тоҷикистон сарбаландона заҳмат кашем.
Дилафрӯз Ҳомидова
корманди бахши табъу
нашри ДИС ДДТТ