Пешрафту рушди ҳамаи соҳаҳо аз баракати сулҳу субот ва амнияти Тоҷикистон аст!

Ҳар гоҳе, ки авроқи таърихро варақ мезанем, сарнавишти миллати куҳанбунёдамон пеши назар меояд. Дар ҳар ҳаводиси азим бо вуҷуди воқеаҳои фалокатбор миллати тоҷик аз оянда ноумед нагаштааст, илму фарҳангу тамаддунаш ўро ҳифз кардааст, аз ин ҷост ки хуввияти миллиро мисли гавҳараки чашм нигоҳ медорад.

 Чанде пеш мардуми шарифи кишвари соҳибистиқлоламон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни фархундаи 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои шоиста таҷлил намуд. Бо шукӯҳу шаҳомати беназир ҷашн гирифтани ин санаи таърихӣ ва пешрафти бесобиқаи иқтисодию иҷтимоӣ маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаю талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, дар натиҷаи таъмини сулҳу оштӣ, суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ барои халқи азияткашидаи тоҷик муяссар гардид.
Чунончӣ огоҳӣ дорем, 15-уми сентябри соли равон Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони вилояти мухтори Кўҳистони Бадахшон мулоқот доштанд. Дар он аз афзоиш ёфтани сатҳи ҷинояткорӣ изҳори нигаронӣ карда шуда, ҷиҳати таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, мусодираи силоҳу аслиҳа, лавозимоти ҷангии ѓайриқонунӣ, ошкор ва пешгирӣ кардани қочоқ ва гардиши ѓайриқонунии маводи мухаддир, ҷоннок намудани фаъолияти мақрмоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, супоришҳои қатъӣ дода шуд.

 Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру су­поришҳои Пешвои миллат дар вилоят Ситоди байниидоравии мақомотҳои таъмини амният таъсис дода шуд ва алҳол фаъолияти он идома дорад. Ситоди байниидоравӣ дар ҳамкории зич бо мақо­мотҳои дахлдор ва шаҳрвандони ба ору номуси шаҳри Xopyѓ дар самти ислоҳи камбудиҳои аз ҷониби Сарвари давлат таъкидгардида ба як қатор натиҷаҳои назаррас ноил шуданд.

 Мавриди зикр аст, ки маҳз фаъолияти пурсамари кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳрвандони боазму иродаи шаҳри Хоруѓ имкон дод, ки силохи оташфишон ва лавозимоти ҷангии ѓайриқонунӣ дар муддати кўтоҳ мусодира карда шавад.

 Ҳамзамон, Ситоди байниидоравӣ ҳушдор медихад, ки бояд то охирин силоху аслиҳаи ѓайриқонунӣ ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ супурда шавад. Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд: «Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату якпорчагии мардуми шарафманди тоҷик имкон дод, ки мо маҷрои рушди иқтисоди миллиамонро ба куллӣ тағйир диҳем, барномаҳои нави давлатиро қабул кунем, сохтори давлатдориамонро, ки асоси онро принсипи адолати иҷтимоӣ ташкил медиҳад, таҳким бахшем, иқтидорҳои нави иқтисодиро ба кор андозем, сокинони мамлакатро дар тамоми фаслҳои сол бо неруи барқ таъмин кунем ва барои рушди минбаъдаи соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар шароит ва заминаи мусоид

фароҳам оварем».

 Воқеан, асли ҳамаи пешравию тараққиёт ва кафили зиндагии шоистаи мардум аз таъмини суботи сиёсӣ ва ваҳдату оромӣ вобастагии амиқ дорад. Ин ҳақиқати куллро ҳар як шаҳрванди комилу огоҳ ва бедордили мамлакат аз ҳама беҳтару хубтар мефаҳмад ва бо тамоми вуҷуди худ эҳсос мекунад. Пешвои муаззами миллат зимни суханронии худ бахшида ба Рӯзи дониш ва сулҳ дар мулоқот бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон таъкид намуданд: «Сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ, хусусан, барои мардуми шарифи тоҷик, мафҳуми бисёр азиз буда, сокинони кишвари мо ба қадру манзалати ин неъмати ҳаётбахш бештар мерасанд. Зеро халқи Тоҷикистон бар асари даргириҳои сиёсии солҳои 90-уми асри гузашта ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба зарбаи ҷонкоҳе гирифтор шуд, ки даҳшати онро ягон фарди солимфикри ҷомеаи мо ҳаргиз фаромӯш намекунад.Истиқлолу ваҳдат нақши азим дар таҳқиқи ормонҳо ва пешрафтҳо дорад. Ин ганҷи шойгон дар баҳррабардории нерўҳои пештози ҷомеа муҳим аст. Маҳз истиқлолу ваҳдат доманзадани ҳамбастагиро миёни ҷомеа осоиш ва густариш медиҳад. Имрўз, ваҳдату ҳамбастагии миллати мо амали бузурги пешрафт аст. Бо таври қотеъ яке аз омили пешрафти миллат дар масири таърихи навинамон муттаҳид кардани ҳамаи нерўҳо дар роҳи ормони истиқлол аст.

 Миллати тоҷик аз имтиҳону мушкилоту ихтилофотҳои замон сарбаландона берун омад. Душманон натавонистанд ин миллатро ба фано баранд. То замоне ки тоҷик муттаҳид аст ва дар роҳи пешрафти истиқлоли худ талош мекунад, ки ҳеч кишвар қудрати тоҷикро, зери назари худ қарор дода наметавонад ин гуна миллат ҳеҷ гоҳ, ба ҳеҷ таҳти ҷойталабии ҳадафи бегона қарор намегирад.

 Имтиёзи бузурги истиқлолу ваҳдат ин аст, ки миллатро соҳибихтиёр месозад, онро ба рангу наҷоди худ ва ба сурату забони худ шинос менамояд ва истиқлолу ваҳдат фақат шакли ҷаззоб дар рўи суннатҳои азими миллат ҳамоҳангӣ пайдо мекунад. Ҳар фарде, ки барояш мафҳумҳои «Ва­тан», «Истиклолият», «Ваҳдати миллӣ» муқаддас аст ва онро дарк менамояд, бояд баҳри таҳкими кишвар саҳмгузор бошад, чунки рушди минбаъдаи бонизоми Тоҷикистон ба амният, сулҳу суботи он вобастагии ногусастанӣ дорад.

Турсунов Фаррух,
дотсенти Донишкадаи иқтисод
ва савдои Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикстон дар шаҳри Хуҷанд

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *