Изҳороти устодони кафедраи тиҷорат ва ҳуқуқи ДИС ДДТТ Саидзода Хоҷа ва Маҳмудов Шаҳзод роҷеъ ба фаъолияти ТТЭ ҲНИ

Ҳамаи мо хуб огоҳ ҳастем, аз он рӯзҳои мудҳише, ки ба сари миллати тоҷик омад ва онро танҳо ва танҳо як гуруҳ душманони миллат, ки атрофи Ҳизби наҳзати ислом ҷамъ омада буданд, ташкил намудаанд. Халқи тоҷик  хуб дар ёд дорад, ки дар он солҳо Ҳизби наҳзати ислом бо роҳи фиреб баъзе одамони гумроҳро ба майдонҳо ҷамъ оварда , майнаи сари баъзе ҷавонони гумроҳро шуста, зинда ба зинда ҷанозаи онҳоро мехонданд, ки мислаш дар дигар созмонҳои терористии байналхақӣ вуҷуд надорад.  Дар он давра дар дегҳо ҷӯшонида хурокҳои гуногун, бо яроқҳо таъмин будани тарафдорони онҳо,  дар минбар суханрониҳои саркардаҳои онҳо аҳли ҷомеаро ба таҳлуқа андохта буд.

Имрӯз хоҷагони Кабириҳо дарк кардаанд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол Тоҷикистони солҳои 90-ум нест. Эй Охундҳо, Оятуллоҳо шумоён ба косалесонатон фаҳмонед, ки сиратон фош шудааст. Тоҷикистон бо сарварии фарзанди фарзонааш Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати воҳид, ҳамчун давлати пурқувват, ҳамчун давлати пешрафта мубаддал гардидааст. Халқи тоҷик дар атрофи Сарвараш, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардидааст. Халқи тоҷик озод, хонаи тоҷик обод мебошад.

Имрӯз ягон нақшаи палидонаи хоинони миллат барои нооромии Тоҷикистони азиз кор намеояд, зеро халқи тоҷик симои разилонаи ин гуна шахсонро медонад ва мешиносад. Аз гул-гулшукуфоии Тоҷикистони азиз ҳар як фарзандаш меболад, мефахрад, дӯст медорад ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз мекунад.:

Тоҷикистон мекунам шукри ками бисёри ту,
Мекунам шукрона аз озарму аз озори ту.
Ман зи ту сарват намехоҳам Ватан ҳасти бас аст,
Бо хасу хорат баробар зиндагӣ кардан бас аст.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *