КАБИРИИ ХОИН ВА ПАЙРАВОНИ КАҶРАВИ Ў

Бердишукуров А.А.

Мудири кафедраи сиёсатшиносӣ

ва фарҳангшиносӣ

КАБИРИИ ХОИН ВА ПАЙРАВОНИ КАҶРАВИ Ў

Роҳбарон ва иддае аз “ҷонибдорон”-и ташкилоти экстремистӣ-террористии ҲНИТ вақтҳои охир аз хориҷи кишвар истода, ҷор мезананд, ки гўё қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи манъ кардани фаъолияти ин ҳизб қонунӣ нест. Аслан бигўем, роҳбари ТЭТ ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дар чунин иғвову дасисабозиҳо таҷрибаи кофӣ дорад ва ҳар лаҳза, ки иттифоқ афтод аз онҳо ба нафъи худ  истифода мекунад. Он чанд нафар, ки дар ҳамоишҳо иштироку аз манофеи ҲНИТ ҳимоят мекунанд, аслан наздикони Муҳиддин Кабирӣ ҳастанд ва “пешво”-и ин ҳизби фаъолияташ манъшуда чунон вонамуд мекунад, ки гўё пайравону ихлосмандоне зиёде дорад. Дар асл гирем, ин ташкилоти экстремистиву террористӣ кайҳо мавқеъи худро аз даст додаву миёни ҷомеа аз обрўву эътибор маҳрум аст. (Аслан, он обрўвц нуфузе надошт!) Баръакс, мардум нисбат ба он нафрат доранд ва дар симои роҳбару пайравони вай душман, хоини миллату давлати худро мебинанд.

Ҳафтаи гузашта нашрияҳои кишвар мусоҳибаи рўзномакнигор Шарифи Ҳамдампур бо судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамс Азизовро чоп намуданд. Шамс Азизов судяе мебошад, ки ҳалномаи судиро дар бораи ташкилоти террористиву экстремистӣ шинохтани ҲНИТ қабул намудааст.  Банда бо хондани ин мусоҳиба нисбати ҲНИТ нафратам бештар шуд ва бо амалҳои шайтонии ин гурўҳи террористиву экстремистӣ ба таври комил воқиф шуда, ба худ гуфтам, ки Худованд фалокати ин миллатро саривақт пок кардааст. Ба гуфтаи  судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамс Азизов роҳбарияти ТЭТ ҲНИТ бовар дошт, ки дар рўзҳои наздиктарин ба мақсади нопоки худ мерасад ва ин миллатро ба мисли солҳои 90-уми асри гузашта парешону сарнагун месозад. Таърих гувоҳ аст, ки нобасомониҳои он солҳо аз ҳадафу манфиатҳои маҳз ҳамин гурўҳ бархоста, қариб буд, ки ба сарнавишти халқи тоҷик хатти батлон кашанд. Ҷасорату ҷонфидоӣ ва хиради худододи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи азияткашидаи тоҷик буд, ки тири ин душманони миллати тоҷик хок хўрд ва некӣ ба зулмот ғалаба кард.

27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, дар кишвар сулҳу субот ҳукмфармо гардид, халқ нафаси озод кашид.

Тўли 26 соли соҳибистиқлолӣ кишвари мо – Тоҷикистон ба комёбиҳои беназири сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил шуд. Ин дастовардҳо душманони миллати тоҷикро орому осуда намегузошт. Бо мавқеъгириҳои бемавриду беасоси худ ин комёбиҳоро зери суол мебурданд ва бо ин амалҳо мардуми меҳнатшиору ватанпарвари тоҷикро раҳгум мезаданд.

Таҳти сарлавҳаи “То табаддулот се рўз монда буд” мусоҳибаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамс Азизов дар расонаҳои чопиву электронии кишвар ба табъ расид, ки бори дигар аъмоли ҷинояткорона ва мақсадҳои нопоки ин афроди манфиатхоҳ ва миллатфурўшро ташреҳ кард. Дар ҳоле, ки наҳзатиҳо мегўянд, қарори Суди Олӣ дар бораи манъ кардани фаъолияти ин ҳизб ғайриқонунӣ ва беасос аст, ин судяи Суди олӣ мисолҳое овардааст, ки на Кабириву на пайравонаш нисбати онҳо далели қотеъи радкунанда ба миён гузошта метавонанд. Масалан, ба гуфтаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамс Азизов ҳангоми кофтукови утоқҳои кории бинои марказии ҲНИТ зиёда аз 30 варақаи ҳизб, ки хусусияти даъвати оммавиро барои ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ ва террористӣ, табаддулоти давлатӣ доштанд, мусодира гашт. Матни ин варақаҳо кофист, ки чи будани ҲНИТ ва кӣ будани роҳбари он Муҳиддин Кабириро донем. Инак, он матнро манзури Шумо хонандагон мегардонем: “Сабур бошеду мунтазир! Он рўз дур нест, ки офтоби наҳзати мо пардаи абри тирагуни зулмотро медараду шўълаи ҷонбахши Худододаш бар тани мардуми Тоҷикистон нерўи тоза мебахшад. Се-чор рўзи дигар монд. Танҳо омода бошед. Ҳамин ки шурўъ шуд, ба мо бипайвандед… Ҳам низомӣ дорему ҳам мулкию ҳам сиёсатмадорҳо. Дунёи ислом моро пуштибонӣ мекунад. Иншооллоҳ пирўзӣ бо мост…”   Бубинед, ин нобакоронро, ки бар сари ин миллат чӣ рўзҳоеро оварданӣ буданд!

Маълумоти дигари мўътамад ва раднашавандаи судя дар бораи ҳодисаи шаби 4-уми сентябр аст. Ин ҳамон шабест, ки собиқ муовини вазири мудофиа Ҳоҷи Ҳалим Назаров ба миллат ва давлати худ хиёнат кард ва ба табаддулоти давлатӣ даст зад. Ниҳоят, маълум гардид, ки ин кори дасти танҳо ў набуда, Назарзодаро раҳнамову машваратчӣ ва ҳатто сарпараст Муҳиддин Кабирӣ будааст. Дар асоси нишондоди судя пеш аз вуқўи ин “амалиёт” Муҳиддин Кабирӣ тавассути пайвандонаш зиёда аз 1 милион долларро ба Ҳоҷӣ Ҳалими хоин дастрас кардааст.

Пас, кадом шубҳае мемонад ба амалҳои хоинононаи ин исёнкорони миллат?

Боз ин хоинон бо роҳҳои гуногун минбарҳои гўё “сатҳи байналмилалӣ”-ро ба худ кушода, толош меварзанд, ки худро “мусичаи бегуноҳ” ва ҳукумату давлати Тоҷикистонро қадрношинос нишон диҳанд. Аммо, ба қавли Шамс Азизов даъвоҳои наҳзатиҳо пуч, холӣ аз санаду далелҳо, ягон асоси ҳуқуқӣ надоранд.

Ин судя ҳамчунин, даҳҳо ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнинро мисол меорад, ки комилан исбот шудаанд ва наҳзатиҳо ягон далели радкунанда нисбати онҳо надоранд.

Хулоса, ин тоифа душманони миллат дар мисоли Муҳиддин Кабирӣ  мехоҳанд мардумро раҳгум зананд, афкору ақидаи халқро тағйир диҳанд. Аммо, сокинони ин сарзамин мардуми худогоҳу хештаншиносанд ва ҳар бадиву некиро ба осонӣ метавонанд қазоват кунанд. Дар ҳар сурат, Муҳиддин Кабирии хоину пайравони каҷраваш бояд донанд ва дарк кунанд, ки ин миллат мисли шумо беиродаву ватанфурўш нест ва ба ҳар иғвову дасисаҳои мисли шумо бовар намекунад!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *