НИСБАТИ ХИЁНАТКОРИ МИЛЛАТ МУБОРИЗАИ БЕАМОН БОЯД БУРД

 

Мусаллам аст, ки имрӯз дар ҷамъиятҳои осоишта  шахсиятҳои ҷудогона, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое низ ҳастанд, ки кӯшиши мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Масалан Ташкилоти террористӣ-эктремистии Ҳизби назҳати исломӣ аз қабили чунин ниҳоти диниву мазхабии тундрав, нооромиро дар ҷомеаи мо ба вуҷуд  овардан мехоҳад. Наҳзатиён ҳанӯз ҳам дар Аврупо иқомат дошта, бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи хоҷагони бурунмарзиаш ниқоби нав пушида,  барои тира кардани фазои ороми ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзад. Роҳбари фирории роҳбари собиқ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ дар кишвари Аврупо, санаи 8 марти соли равон дар шаҳри Варшава  дар конфронси Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо  иштирок намудааст. Бо ин роҳи найрангу фиреби навбатиашон кӯшиш доранд, худро сафед кунанду амалҳои муғризони худро анҷом диҳанд.

Лекин имрӯз ҳар шаҳрвандӣ кишвар, алалхусус ҳар ҷавон ва модарони тоҷик хуб дарк кардаанд ва бо гузашти айём ва табодули таҷриба рӯз аз рӯз аз моҳияти гурӯҳҳо ва ҳизбҳои бадтинат огаҳ гардида, дар муқобили чунин инсонҳои тангназарону хиёнаткори миллат муборизаи беамон бурда истодаанд ва пайваста барои ҳифзи якпорчагии кишварамон кӯшиш намуда истодаанд.

 

Раҷабов Р.О.-муалими калони

кафедраи математекаи олӣ ва

технологияҳои инноватсионӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *