ҲНИ – ИФРОТГАРОИ ДИНӢ

Дар ҳама давру замон инсоният баробари доштани дастовардҳои хубу муваффақиятҳо ҳамзамон бо ҳаргуна падидаву ҳодисаҳо ва зуҳуроти номатлуб, ки барои пешрафти ҷомеа монеа эҷод карданашон мумкин аст, дар зиддият қарор дорад.

Ифротгароии динӣ яке аз маъмултарин шаклҳои ифротгароӣ буда, ҳолатест, ки  инсон дар фаҳмиши меъёрҳои динӣ ва ба ҷо овардани таълимоти динӣ сахтгирии беш аз ҳад намуда, дар ин кор аз ҳадду андозаи эътидол мегузарад. Ифротгарои динӣ, маъмулан, аз таълимоти асилу муътадили динӣ дур рафта, динро рӯякӣ, маҳдуд ва танг фаҳмида, тибқи чунин фаҳмиш амал карда, аз дигарон низ чунин амалро тақозо менамояд.  Яке аз низоъҳои даҳшатнок ин низои динӣ-мазҳабӣ ба шумор меравад. Дар ин навъ низоъ тарафҳо бо хуну ҷонашон меҷанганд ва дар кам мавридҳо пеши роҳи чунин моҷароҳо ба зудӣ гирифта мешавад.

ТТЭ ҲНИ  яке аз чунин созмонҳои ифротгароӣ ба ҳисоб рафта, бо мақсади ба миён овардани нооромиву ҷангу ҷидол байни халқ аз тарафи хоҷаҳои хориҷӣ ба роҳ монда шуда буд. ТТЭ ҲНИ  борҳо кӯшиш кард то бо роҳи зӯроварӣ ҳокимиятро ба даст оварада, сохти конститутсионии мамлакатро тағйир диҳад. Боиси қайд аст, ки  ҷусту чолокии мақомотҳои қудратӣ садди роҳи онҳо гаштанд. Хушбахтона имрӯз мақсадҳои ғаразноки ин ҳизб аз тарафи мақомотҳои қудратӣ ошкор гардида, фаъолияти ҲНИ дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудаст. Имрӯзҳо аз ҷониби мақомоти дахлдор баҳри пешгирӣ намудани авҷёбии терроризму экстремизм ва ифротгароӣ ҷавононе, ки  ғайриқонунӣ ба таҳсил ба хориҷи кишвар рафтаанд баргардонида шуданд.

Хулоса дар фарҷоми мақолаи хеш иброз медорем, ки мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷиҳати решакан намудани гурӯҳҳои ифротӣ камари ҳиммат баста, бар зидди заҳҳоксифатону иблисрӯён ба монанди М. Кабирӣ, М.Садриддин ва дигар хоинону ватанфурӯшони миллату давлат муборизаи беамон бурда, нагузоранд, ки ягон нохалаф бар муқобили давлату миллати мо санги маломат мезананд.

Нурматова С.-ассистенти кафедраи

                    назарияи иқтисод

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *