Изҳороти шуъбаи машварат ва бақайдгирии ДИС ДДТТ нисбати овозаю дасисабозиҳои наҳзатиён доир ба боздошти Иззат Амон

Мо ҳам ба сифати як шаҳрванди оддии кишвари озоду соҳибистиқлоли Тоҷикистон мехоҳам перомуни боздошти Иззат Амон (Иззат Холов) чанд андешаи хешро иброз медорем.

Ба ҳамагон маълум аст, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба масоили боздошти Иззат Амон, ки таи солҳои тўлонӣ дар шаҳри Москва Федерастсияи Русия (ФР) иқомат дошта, шаҳрвандии ин кишварро қабул кардааст ва имрўз аз тарафи коршиносони сиёсӣ ва чӣ аз тарафи мардуми оддӣ ва ҳатто ҷониби наҳзатиёни фирорӣ ҳаргуна шарҳи бесос дода истодаанд. Воқеан танқиду таҳлил дар азал буд, вале охир дар ин шаклу ин мазмун ба мисли наҳзатиён. Айб аст, барои коршиносони сиёсӣ. Воқеан ҷои тааҷҷуб нест, ки Иззат Амон боздошт карда шудааст. Бояд ёдовар шуд, ки тибқи иттилооти мақомоти дахлдори Русия ва расонаҳои хабарӣ бинобар аз ҷониби Иззат Амон вайрон намудани моддаи 18.10-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ФР боздошт шудааст. Ба наҳзатиёни ватанфурўш-М.Кабирӣ хотиррасон мекунем, ки офтобро бо доман пўшида намешавад ва вақт довар аст. Бинобар ин ҳар кас барои кирдору рафтораш дар назди қонун ва ҷомеа бояд ҷавоб диҳад. Агар имрўз Иззат Амон барои  ғайриқонунӣ ба даст овардани шаҳрвандии Россия дастгир шудаю аз кишвар берун оварда шуда бошад, пас суол ба миён меояд, ки гуноҳи мақомоти дахлдори Ҳукумати Тоҷикистон дар чист? Хушбахтона имрўз тоҷирону олимон ва табибон дар шаҳрҳои кишвари Русия кору фаъолияти пурсамар дошта,миллати куҳаннбунёду тозаҷавони тоҷикро бо рафтору кирдору амалҳои наҷибашон шўҳрат пайдо карда истодаанд, ки ин боиси ифтихори мост. Вале, мутаассифона, аз ҷониби Иззат Амон содир намудани амалҳои номатлуб хеҷ кас, аниқтараш муҳоҷирони меҳнатӣ интизор набуданд ва бовар намекарданд, ки ў ба доми фитнаи наҳзҳатиёни ватанфурўш афтодааст. Ў то ин дам мебоист, ки ҳама чиз, оқибати корро дуруст фикр мекард. Барои дуруст фикр рондан, бояд аввал дилро аз кинаю бадӣ пок кард.На мисли наҳзатиён. Чӣ имрўз Иззат Амонро, ки бояд барои гуфтору, рафтораш дар назди қонун ҷавоб надода, дар озодӣ бошад?!
Харгиз не. Озодӣ вақте аст, ки ихтиёри мо дар дасти ақл бошад. Ўро мебоист, ки ақлашро ба кор барад ва мудом аз бегузаштӣ ва номеҳрубониҳо шикоят дорад, ғофил аз он ки хушбахтӣ дар дасти худи ўст ва бегузаштию меҳрубонӣ низт. Хулоса,ҳама чиз дар дасти худи Изат Амон буд, аммо ақл носолимӣ кард. Иззат Амон фикр кард, ки бо ба даст овардани шаҳрвандии кишвари рус, дастгирии якчанд тоҷики мисли худаш«дунёгир» гашт. Ба Иззат Амон ҳама чиз мерасид, чизе мехост мегуфту мекард, акнун имрўз барои ҳар гуноҳи кардааш дар назди қонун ҷавобгар аст ва албатта бояд чунин бошад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *