Нигар то чӣ корӣ ҳамон бидравӣ

 

Шукуҳу шаҳомат ва бузургии ҳар халқияти руйи замин бо нангу ораш манша гирифта рушд мекунад, пеш меравад обод мекунад ва ҳазор- ҳазорҳоро тарбия намуда, дар сояи амну-амонӣ маскан намуда, номи миллату давлат, расму оин ва урфу одати аҷдодонашонро аз насл ба насл ба мерос мегузорад. Халқи тоҷик ба вижа сарзаминои Хуросон низ шахсияти бузургро соҳиб буда, то имрӯз давлатдории хешро бо роҳи созишу якдигарфаҳми мартабаашро нигоҳ доштааст. Дар солҳои охир дар ҳарни 20-21 мутааллиқ ба солҳои 90-ум миллати тоҷик бо мушкилоти вазнини иктисодию фарҳангӣ ғӯта хӯрд. Мардум дар ҳолати сарсонӣ ва фирор аз масканҳои аxдодӣ гаштанд.

Ба қавли Мавлонои Румӣ

Аблаҳе аз тори бом биафтад,

Гардани мо бишканад.

Ин нобиғаи бузург ҳаётро чунон таҳлилу коргузори намудааст, кас аз чунин сатрҳо баҳои ӯро медиҳанд. Дар Тоҷикистони кунунӣ мо низ ин шахсияти бо ном «адолатхоҳ» «Исломдӯст» «пуштибони дини мубини Муаҳаммадӣ» харобиҳои зидди молӣ, xони ва заифгардонии идеолгияи миллиро замина гузошт. Ҳол он, ки марди ба вижа «обрӯманд» ба дину миллати худ чиҳо дода бошад, ки тарафдорони зиёдеро дар гирди миз ҷамъ оварда, ҳар гуна ақидаҳои зидди давлату миллатро замина мегузорад. Агар Муҳиддин Кабирӣ аз дину мазҳаб огоҳи медошт, ҳеҷ гоҳ ба ҳамватанони худ роҳи качу килеб ё худ xоҳилиро роҳандозӣ намекард. Аз гаҳвора то гӯр илм ҷӯй огоҳӣ медошт, ҳаргиз нисбати ҳамзабонони худ чунин бадгӯй, тафриқаҷӯй, хусумат ва суханони зишт нисбати Ҳукумати Тоҷикистонро дар созмонҳои ҷориҷӣ кишвар садо баланд намекард. Агар ақидаи исломӣ «Аз гаҳвора то гӯр»-ро шиори худ мекард, мардумро омӯхтани илм ва чӣ манфиат доштани он дар ҳаёти башарӣ тарғибу ташвиқ мекард. Ҳадафи ин шахсият бо ном «Кабирӣ» суйистифода ва нуфузи худро ҷой намудан ва соҳиби тахт шудан ва бо ном «ислом»-ро тарақӣ намудан аст. Ҳаминро таъкид менамоем, ки ҳаргиз бори каҷ ба манзил намерасад, заҳмати зиёди бесамарро мегиранд.

Ба қавли Фирдавсии бузургвор:

Нигар то чӣ кори ҳамон бидравӣ,

Сухан ҳар чи гӯи ҳамон бишнавӣ.

Дониста бошад, ки ҳар амали кардаи ӯ дар назди худованд, виҷдон, ҷомеа рӯйпӯш намемонад, вақте мерасад ба ҳар қатраи хуни рехта муттаҳам дониста мешавад. Ҳол он, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ягон нафаре ёфта шуда бошад, ки ҷойнамози ибодаткунанда гирифта ӯро таҳқир созад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар ҳама баромадҳояш нақши ислом дар ҷомеа, хайрандешӣ ба барҷомондагонро аз суннатҳои баланди исломӣ баҳо медиҳад. Бо ташаббуси Пешвои миллат дар пойтахт масҷиди ҷомеъ барои кулли ибодаткунандагон, ки барои 50-ҳазор таҳрезӣ шуда буд, сохтумонаш идома дорад. Агар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон исломдӯст намешуд, ӯ дар қатори 500-мусулмони беҳтарин арзёбӣ мешуд? Танҳо ҳамон шахсе ба ин малҳо соҳиб мешавад, ки нияти пок, дили чун оина соф, нерӯи Рустамона ва ишқи Мухаммадиро дар қалби кӯчак ҷой дода ва парвариш намояд. Мо тарафдори онем, ки мудом дар ҷомеаи имрӯза парчами сулҳу вафо парафшон ва сарҷамъии мардуми босаодат асрҳо низ пойдор бимонад.

Ассисенти кафедраи

назарияи иқтисод  

Фаёзова М.А.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *