Изҳороти аҳли ҷомеаи ДИС ДДТТ оид ба филми “Хиёнат” ва аъмоли ношоистаи хиёнаткорони миллат

Аҳли ҷомеаи меҳнатии ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд силсилафилми “Хиёнат”, қисматҳои чор ва панҷуми онро тамошо карда, бори дигар аз хиёнату бадкории душманони миллат дар оғози соҳибистиқлолии ватани азизамон огаҳ гаштанд.

Шабакаҳои телевизионии мамлакат филми мустанади «Хиёнат»-ро  намоиш доданд, ки дар он  кирдорҳои нобахшидании сарвар ва аъзои фаъоли ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ)  комилан фош карда шудаанд. Филми мазкур дар асоси  далелҳои радношаванда, шоҳидии иштирокчиёни ҳодисаҳо ва маълумоти бойгонӣ омода карда шудааст. Таҳиягарони филм тавонистаанд, ки ба амалҳои ҳизб ва аъзои хиёнатпешаи он баҳои дуруст дода, манзараи таърихи сиёсии кишварро  мунсифона  тасвир намоянд.

Дар филм бо суҳбату гузоришҳо аз нақли шоҳидони воқеа мисолҳои мушаххас аз бадкориҳои ТТЭ ҲНИ нишон дода шуда, ниятҳои нопоки онҳоро фош намудаанд. Ҳамаи мо хуб медонем, ки Ваҳдати миллӣ ва оштиву дар ҷавори он зиндагонӣ кардан орзӯи ҳамешаги ҳар узви башарият бояд бошад.

Таркишу куштор, даҳшатафканию хунрезӣ, ки имрӯзҳо дар аксари кишварҳои мусалмоннишин ба назар мерасад, маҳз натиҷаи ихтилофи байниҳамдигарии мардум аст ва фикр мекунад яке аз сабабҳои ба сулҳу ваҳдат расидани Тоҷикистони азизи мо ин ақлу заковат ва сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам эмомалӣ Раҳмон аст, ки тавонистанд ба кишвар сулҳ оваранд ва мардуми тоҷик аз ин ҳиммат ва ҷоннисориҳо як умр бояд мадюн бошанд.

Аммо ба назар мерасад, ки ҳоло ҳам як гуруҳе мехоҳанд ормонҳои зиддимилии хешро таҳти ниқоби дини Ислом амалӣ созанд. Онҳо аз ҷиноятҳои кардаи хеш таҳти пайгард қарор гирифта, имрӯз дар дигар гушаи олам суи ватани мо сангандозӣ мекунанд.

Пас аз тамошои филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» кас ангушти ҳайрат мегазад. Наход мусалмон ин қадар бераҳм бошад? Ин ҳама зулму ситам нисбати ҳамдигар аз куҷо сарчашма мегирад? Тоҷик ба тоҷик чаро раҳм накарда, кирдорҳое содир мекунад, ки дар ягон қолаби инсонӣ намегунҷад.

Тамошои филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ дар ҳақиқат парда аз рӯи хиёнатҳои бешумори гурӯҳҳое, ки монеаи пешрафтҳои Тоҷикистони азизи мо дар солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар гардиданд, бардошт. Розеро ошкор намуд, ки барҳақ сабабгори аслии сар задани душманиҳо ва муқобили ҳамдигар сангар гирифтани тоҷикони бародар шуда, асрори ҷанги шаҳрвандиро шарҳу тафсир кард.

Боварии  комил дорем, ки ҳамин дарси сабақомӯзи ҳақиқати таърихро, ки Тоҷикистони имрӯзи саршори тавфиқҳои мо, зиндагонии шоистаи мардуми азизи тоҷик маҳсули чи қадар ҷонбозиҳо, ҳаллу фасли мушкилотҳо, талошҳо дар роҳи истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз маҳдудаву бунбасту вобастагиҳост, тамошои филми «Хиёнат» ба ҷомеа, хоса ҷавонони саодатманди мо хоҳад омӯхт, то ба қадри саодату хушиҳои имрӯзи ҷавонии хеш бирасанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *