Мо омӯзгорони кафедра пас аз тамошои филми “Хиёнат” бори дигар боварии комил пайдо намудем, ки роҳбари ТТЭ ҲНИ Мухиддин Кабирӣ ва аъзоёни он вобаста ба оғоз намудани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар ва амалӣ намудани амалҳои террористӣ ва ҷиноятҳои мудҳиш бар зидди миллати тоҷик содир намудаанд. амиқан тасдиқи худро ёфт. Бо баробари ин аз ҷониби хешовандони М.Кабирӣ, аз ҷумла, додарарӯси М.Кабирӣ бо номи Муҳаммадалӣ Раҳматуллоев, ронадааш Ҳикматулло Сайфов бо мисолҳои амиқ М.Кабириро зери танқиди шадид қарор доданд.
Хулоса, пас аз тамошои филми ҳуҷҷатии и“Хиёнат”, ҷавонон бояд ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, худогоҳ бошанд, бештар ба мутолиаи китоб шуғл варзанд, аз суботи давлат ва муносибати давлатӣ огоҳии том дошта, роҷеъ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ маълумот дошта бошанд.
Итиминон дорем, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол ба хотири пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзу нигоҳдории Истиқлолияти давлатӣ ва пешрафти ҷомеа содиқона рисолати худро иҷро намуда, барои ободонии Ватани азиз ва афзудани номи неки он талош варзад.