ХАТАРИ ҒОЯҲОИ ҲНИ БА СУББОТУ ОРОМИИ ҶОМЕА

         Масъалаи таҳқиқи таҳдиди ғояҳои иртиҷоӣ ба ҳаёти маънавӣ баробари аз лиҳози амнияти ҷомеа муҳим буданаш, як қатор масъалаҳои фалсафию иҷтимоиро дар бар мегирад, ки барои таҷрибаи ҷомеасозии аз аҳамият холӣ нест.Агар мо аз равзани арафаи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ  ба таърихи навини  Тоҷикистон назар андозем, шоҳиди он мегардем, ки миллати кӯҳанбунёдт мо  дар тӯли ин солҳо роҳи пуртазоду даҳшатборро тай намуд. Равандҳои ҳаёти ҷамъиятии Тоҷикистонро тӯли ин солҳо аз нигоҳи фалсафаи иҷтимоӣ баҳо дода, таъкид намудан ҷоиз аст, аз як тараф ин солҳо ибтидоӣ оғози тағйирёбиҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодию маънавӣ бошад, ва аз сӯи дигар –  даврони  тезутунд гаштани низоҳои  иҷтимою  сиёсӣ тавсиф намудан мумкин аст.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ  ва бархӯрди тамаддунҳо маънавиёти ҷомеа  ба фазое табдил ёфтааст, ки кучактарин тағйирёбиро дар ҳаёти ҷомеа эҳсос намуда, дар муносибат, рафтору кирдори одамон инъикос меёбад. Ин раванд аз як ҷиҳат боиси ғанӣ гаштани симои аънавии ҷомеа гардад, аз тарафи дигар омилҳоеро ба бор меоварад, ки сабаби косташавии он мегарданд. Таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки сатҳи пасти донишу таҷриба, шуури ахлоқӣ на ба ҳамаи афроди ҷомеа имконияти дарки дурусти ин тамоюлҳои ҷадидро медиҳад. Аз ин боис, намояндагони баъзе қишрҳои ҷомеа, аз он ҷумла ҷавонон, дар баҳодиҳӣ, интихоб ва муносибатҳои ахлоқӣ дар ҷомеа ба хатогиҳо роҳ медиҳанд, мушаххастар, баъзе аз онҳо сӯи ҳар гуна ҳизбҳову ҳаракатҳои хислати радикализми динӣ ва экстремистӣ дошта майл менамоянд. Ин ҳолат дар навбати худ, муаммои аз дидгоҳи нав баррасӣ намудани мутобиқшавии аъзоёни ҷомеаро ба воқеъияти нави маънавӣ ва сиёсӣ ба миён оварда, онро ба масъалаи мубрами фалсафаи иҷтимоӣ табдил додааст.

Муназзамӣ ва барқарории рушди ҷомеаи Тоҷикистон дар шароити кунунӣ ҳар чӣ бештар ба солимӣ ва рушди маънавияти ҷомеа вобаста мебошад. Дар чунин шароит азнавдарккунии масъалаи шуури ахлоқӣ зарурияти амалӣ пайдо намудааст, чунки дар заминаи он омодагии ҷомеа ва шахс барои ҳифзи манфиатҳо ва арзишҳои умумимиллӣ ташаккул меёбад. Аз ин сабаб зарур аст, ки имрӯз маҷмӯи арзишҳои аслии ахлоқ, ки дар рушди иқтисодӣ ва маънавии ҷомеа дар раванди бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ ҳамчун омили муҳимтарин маҳсуб меёбанд, ҳифз ва ғанӣ гардонида шаванд.

Мавриди зикр аст, ки имрӯзҳо дар бораи ба ҳаёти маънавии ҷомеа  ворид гаштани ҳаргуна ғояҳои иртиҷоӣ ва майли баъзе қишрҳои ҷомеа ба сӯи ин ғояҳо андешаҳои мухталиф баён мегарданд. Шиносои ва таҳлили ин мақолаву рисолаҳо нишон медиҳад, ки муаллифон асосан кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки омилҳои гаравидани афроди алоҳидаро ба ҳаргуна гурӯҳҳои экстримиству ҳизбҳои террористӣ муайян намуда, диққати масъулони соҳаҳои мухталифро барои пешгири намудани ин амалҳои номатлуб равона месозанд, ки аз аҳамият холӣ нестанд

Бояд тазаккур дод, ки нуктаю назарҳо оид ба омилҳои гаравидани қишрҳои алоҳидаи ҷомеа сӯи ҳаракатҳову ҳизбҳои алоҳида гуногунанд, ҳатто дар баъзе мавридҳо андешаҳои зидди якдигар баён мегарданд. Агар баъзе муаллифон ин омилҳоро ба ҷараёни ҷаҳонишавӣ ва фаъолияти номуназзами ниҳодҳои иҷтимоии ҷомеа вобаста намоянд,    гурӯҳи дигари муҳаққиқон ин иллатҳоро дар бегонашавии тоҷикон аз таърих, забону адабиёт, анъанаҳои суннатии миллати тоҷик, маҳдуд будани саводи дунявию динӣ, ки боиси косташавии ахлоқи шахс ва ҷомеа гаштаанд, муайян менамоянд. Сеюмин бошанд, сабаби ин раванди номатлубро дар вусъатёбии зиддиятҳои ҳастии иҷтимоиву иқтисодӣ, мисли бекорӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, камбизоатӣ, сатҳи пасти некӯаҳволии мардум мебинанд. Дар ин маврид онҳо ба он далел ишора менамоянд, ки қисми зиёди гаравидагон (аз рӯи баъзе маълумотҳо 80-90 %) и онҳо ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан ба доми фиреби ифротгароён афтидаанд. [

Вобаста ба андешаҳои мазкур бояд таъкид намуд, ки ҳамаи ин омилҳо дар фазои иҷтимоиву сиёсӣ ва фарҳангиву иқтисодии ҷомеаи муосири Тоҷикистон ҷой доранд ва муаллифони зикр намуда ба ҳоли қудрат онҳоро мавриди баррасиву арзёбӣ қарор додаанд.

Мо бо андешаҳои муаллифоне, ки гароиши қишрҳои алоҳидаи ҷомеаро ҳамчун натиҷаи костагиҳои воқеъияти моддӣ  матраҳ менамоянд, эроди ҷиддӣ надорем, зеро тавре дар илми фалсафӣ қабул шудааст, дар ниҳоят ҳастии моддии одамон ҳастии маънавии онҳоро муайян менамояд. Аммо принсипи мазкурро ба сифати  методологияи ягонаи таҳқиқи мавзӯи мазкур қарор додан имконияти вокуниши моҳияти масъаларо намедиҳад, зеро ҳатто дар китобҳои номукаммалтарини илми фалсафа таъкид гаштааст, ки инсон маҷмӯи омилҳои биологӣ, иҷтимоӣ ва  психофизиологӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, вақте, ки сухан аз боби муқовимати ҷомеа ва шахс бар зидди экстремизми динӣ, терроризм ва ифротгароӣ меравад,  мо набояд ин муамморо саҳл бинем. Воқеан, сари ин масъала таваҷҷуҳи амиқ мебояд, зеро дарёфтани омили асосии  ин раванди номатдуб    душвориҳои ба худ хос дорад. Агар ба инобат гирем, ки мафкураи иртиҷоӣ барои ғасби ақли инсон равона шудааст, ин мавзӯъ хислати байнифаннӣ пайдо намуда, он ҷанбаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ, сиёсӣ, равонӣ, психофизиологиро касб менамояд. Аз ин лиҳоз, нигоҳи илмӣ бояд ба маърифати ин равандҳои хатарзо ба парадигмаҳои ҷадиди илм, ки хислати  системавиро доранд, такя намояд.

Дар ҳаёти иҷтимоӣ низ ин равандро мушоҳида карда метавонем. Масалан, дар замони муосир сиёсатмадорони Ғарб мехоҳанд Иттиҳоди устувору ягонаи давлатҳои Аврупоро ташкил диҳанд. Аммо бубинед, дар ин ҷараён давлатҳои Аврупоӣ ба чӣ гуна муаммоҳову зиддиятҳо рӯ ба рӯ мегарданд. Аз як тараф зиддияти байни давлатҳои тараққикарда ба монанди Олмон, Фаронса, ҷараёни “ҷудоихоҳӣ” (брекзет)  дар Англия ва аз тарафи дигар – зиддияти шадид байни давлатҳои Аврупо ва ШМА. Оё мо метавонем тасдиқ намоем, ки ин зиддиятҳо фақат дар тафаккур ҷой доранд. Ба фикри мо не, зеро  зиддиятҳои ба миён омада инъикоскунандаи воқеияти ҷомеаи аврупоист, ки ба вазъи сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва аз ин ҳам муҳимтар ба манфиатҳои геополитикӣ, мустаҳкам намудани мавқеи худ дар бозори ҷаҳонӣ мебошанд. Ё мисоли дигар. Имрӯзҳо бисёр вақт ҳангоми гароиши қишрҳои муайяни ҷомеа ба сӯи ҳаракатҳои иртиҷоии характери террористиву экстремистӣ дошта андеша баён намуда, бештар ишора ба сатҳи пасти маърифат, таълиму тарбия менамоянд. Бешак, ин омилҳои субъективиро маддӣ назар намудан нашояд. Аммо воқеият чунин аст, ки ин гароишҳо заминаи амиқи иҷтимоиву иқтисодӣ: – бекорӣ, камбизоатӣ, сатҳи пасти зиндагӣ ва амсоли онҳоро доранд. Аз ин лиҳоз, таккондиҳандаҳои ин ҷараёнро нафақат дар ҳастии маънавӣ, балки дар муаммою зиддиятҳои ҳастии моддӣ ҷустуҷӯ намудан зарур аст. Зеро маҳз зиддиятҳои байни адолату беадолатиҳо, нобаробариҳо, камбизоативу дорогиҳои аз ҳад зиёд мардумро ба хотири таъмини рӯзгори хеш ба сӯи  гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ тела медиҳад. Дар баҳо додани ин ҷараёнҳо тангназари кардан лозим нест. Тавре сиёсатмадор ва олими соҳаи илми сиёсат С. Ятимов таъкид менамояд:  “Ин гуна ҳаракатҳо дар тафаккури инсон имрӯз пайдо нашудаанд, балки дар таърихи инсоният ҳазорҳо сол пеш бо мазмуну шакли дигар, дар заминаву ғояҳои дигар, бо пуштибонҳои дигар, бо истифода аз маблағгузории дигар ба хотири дастгирии бо ном “ҷомеаи демократӣ” ва “озодандешӣ” тавассути “хайрия”, “грант”, пулу моли аҷнабиён вуҷуд доштанд. Пас, ҳақ ба ҷониби он муҳаққиқонест, ки таърихи ҷомеаҳо, давлатҳо ва миллатҳоро ҳамчун таърихи муборизаҳои қувваҳои мутақобила ва низоҳои иҷтимоӣ   баҳри дастёбгардии манфиатҳои гурӯҳҳои муайяни иҷтимоӣ  баррасӣ менамоянд. Мӯҳтавои ин раванд ба тағйири арзишфаҳмии одамон, ба  имконияту  талаботи ҳар як фард, ки фарҳанги умумию касбиаш зери таъсири омилҳои беруна қарор дораду,  ӯ то кадом андоза арзишҳои рафтори фозилаву разиларо аз ҳам фарқ карда метавонад, вобаста мебошад. Сатҳи нокифояи донишҳои дунявӣ ва динӣ, кифоя набудани таҷрибаи зиндагӣ, коҳиш ёфтани нақши оила ва ниҳоят  надоштани мавқеи муайян дар интихоби арзишҳои ахлоқӣ боиси калавишу гароишҳои намояндагони алоҳидаи баъзе қишрҳои ҷомеа сӯи тамоюлҳову равандҳои номатлуби иртиҷоӣ мегардад. Ин раванди номатлуб ба тезутунд гаштани муборизаи ғоявӣ барои ғасби ақлу мафкураи инсон, фаъол гаштани амали гурӯҳҳои характери экстремистӣ дошта ва ҳамчунин кӯшиши давлатҳои абарқудрат баҳри амалӣ намудани манфиатҳои геополитикии хеш вобаста буда, ба рушди босуббот ва амнияти маънавии ҷомеа таҳдиду хатарҳо эҷод менамояд.

 

           СОЛИҶОНОВ Р. ,

доктори илми фалсафа,

профессори кафедраи ҷомеашиносӣ,

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *