Ниқоби ғаразҳои террористию экстрмистӣ   

Терроризм ва экстремизм вожаҳоеанд, ки дар муқобил бо сулҳу оромӣ, ваҳдат ва осоштагии мардум ва инчунин  пешрафту шукуфоии кишварҳо қарор гирифта, ба худ фаҳмиши кибру ғурур, фитнаву моҷаро ва дигар ғаразҳои нопоки шахсро фаро мегиранд. Ҳамчунин, дар тамоми миқёси ҷаҳон, махсусан ғарб, имрӯз ин вожаҳоро бо фаҳмишҳои дину оини миллатҳои мусалмонӣ шабоҳат дода, ба мафкураи мардуми ҷаҳон, махсусан ҷавонон хислати манфиро нисбат ба ин дини муборат ташаккул дода истодаанд. Зеро, бо ин васила барои дарёфти манфиатҳои ғаразноки худ аз ҷониби давлатҳои муқтадир ва шахсони манфиатҷӯ заминаҳои идеологию сиёсӣ гузошта мешавад.

Дар ин миён, шахсони манфиатҷӯ ва хоини миллатҳо дар ҷаҳон аз воситаҳои гуногун ва зудтаъсир, аз ҷумла, аз ҳизбу ҳаракатҳо, махсусан дину оини миллатҳо, ки хусусиятҳои ҳассоснокӣ ва таъсирбахш ба рӯҳияи инсонҳоро доранд мавриди истифода қарор мегиранд. Инчунин дар ин росто, бо истифода аз мақоми дину оини миллатҳо чунин шахсон ҳадафҳои ғаразноки сиёсии худро пиёда месозанд.

Чунон чӣ, дар Тоҷикистон аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ маҳз, тавассути истифодаи мақому мартабаи дини мубораки ислом дар симои ТЭТ ҲНИ дар зери таъсири қувваҳои ғаразҷӯёни хориҷӣ бо мақсади тасарруфи ҳукумат ва дарёфти ғаразҳои сиёсии худ ҷанги шаҳрвандиро байни шаҳрвандони он бунёд намуда, кишвари азизи моро ба майдони набардҳои ғарази сиёсии худ қарор доданд. Маҳз, аз ин моҷаро ва тундравиҳо, танҳо ва танҳо миллати тоҷик, ҳукумати расмии кишвар ва шаҳрвандони азизи он талафотҳои беандозаи моддию маънавӣ, иқтисодию сиёсӣ дидаанд, ки натиҷаи таъсирии он аз диди олимон дар даҳсолаҳои дигар низ боқи хоҳад монд.

Ҳар яки мо, огаҳ аз онем ки ислом динест, ки шахсро ба ростӣ ба ваҳдат, муҳаббат ва дустиву рафоқати инсонҳо талқин намуда, озори шахсон, ранҷу азоб ва ҳатто кучактарин рафторҳои шахсиро, ки боиси нороҳатии шахси дигар мегардад, ба пуррагӣ маҳкум месозад. Чӣ тавре бузургон таъкид менамоянд: “Ислом ба зоти поки худ надорад айб, ҳар айбеки ҳаст дар мусалмонии мост”. Аз ин ҷо, бар меояд, ки танҳо ин хатогии фардҳо аст, ки моҳияти исломро бо ҳар гуна амалҳои нораво дар симои нафарони ғаразҷӯ мебинанд.

Дар ин самт борҳо, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои байналхалқӣ таъкид намудаанд, ки дини ислом дини покӣ, ростиву ростадорӣ, ягонагиву инсондустӣ ва дур аз ҳамагуна ғаразҳои сиёсиву фарҳангӣ мебошад ва набояд мо онро бо ҳаргуна ҳадафҳои манфиатҷӯи қарор диҳем. Маҳз, Пешвои миллат, яке аз шахсиятҳое мебошанд, ки дар арсаи байналхалқӣ ба мардуми ҷаҳон рабт надодани дини исломро ба ҳаргуна ҳадафҳои сиёсӣ хоҳиш карда, муборизаи дастаҷаъмонаро бар зидди ин зуҳурот, махсусан аз олами ғарб ва ислом даъват намудаанд. Аз ин лиҳоз, ҳар як шаҳрванди кишварро зарураст, ки бо пайрави дар зери ливои сиёсати Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар муқобили зуҳуротҳои террористию экстримистии динию сиёсӣ, ки талқини онро ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва инчунин намояндагону шахсони талқинкунандаи ин гуна ғаразҳои нопок дар байни ҷомеаи шаҳрвандӣ анҷом медиҳанд, муборизаи дастаҷаъмона бурдаистода, баҳри ободию созандагӣ, оромию осоиштагӣ ва бо ин васила решакан намудани андешаи рабти ин вожаҳо ба ислом кушиш намоянд.

Алиев А.Р., омӯзгори кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудити ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *