Муҳаммадиқболӣ  Садриддин

 

Имрӯзҳо ифротгароёни халқи тоҷик садои шағолмонанди худро аз манотиқи гуногуни дунё бароварда истодаанд. Гарчанде, ки онҳо дар мамлакати мо қарор надоранд, бо вуҷуди ин, онҳо аз берун зарари худро расониданианд. Яке аз душманони давлати Тоҷикистон Муҳаммадиқбол Садриддин  аз берун истода заҳри худро ба мардуми тоҷик ранги мори афъи мечошад, ки аз амалҳои маккоронаи ӯ кулли мардум ва мақомотҳои дахлдор бохабар аст.

Садриддинов Муҳаммадиқбол писари яке аз таъсисдиҳандагон ва фаъолони ТЭТ ҲНИ Садриддинов Қаландар мебошад, ки солҳои нооромӣ маҳз бо ҳидояти ӯ мардуми минтақаи Қӯрғонтеппа ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамчун гуреза паноҳ бурдаанд. Чун ин усул низ пешакӣ андешида шуда, мардум маҳз ба хотири рӯёндани маблағҳои калони пулӣ барои буду боши гурезагон ва ҳам истифодаи номи «гуреза» аз рӯйи ақидаҳои сиёсӣ истифода шуданд. Бо ҳидоятҳои падар Муҳаммадиқбол солҳои 1992-1997 дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таҳсилоти ифротгароӣ гирифта, аз шогирдони муваффақи як пойгоҳи таълимоти экстремистию ифротгароии ин кишвар гардидааст.

Ҳар нафаре, ки боре чеҳраи Садриддинов Муҳаммадиқболро зимни пахши «хабарҳо»-яш дар сомонаи «Ислоҳ.нет» дида бошад, эҳсос кардааст, ки пушти ин заҳрханди ҳамешагии чоплусона чӣ махлуқе пинҳон аст. Бефаросатӣ ва бешармие, ки аз чеҳраи Муҳаммадиқбол пайдост, аз тарбияи нохуб ва гузаштаи шармовари падараш Мулло Қаландар сарчашма гирифтааст. Аҷоибаш он аст, ки ин мубаллиғон бо вуҷуди доштани камбудиву нуқсонҳои зиёди ҳаётӣ ва ноҷавонмардиҳо нисбат ба наздикону пайвандони худ аз камбудиҳои як давлат ва як миллат бо танз сухан мегӯянд. Шуруъ аз Кабирӣ, ки ҷанозаи модари чашм ба роҳ мондаи худро бо телефон хонд. Муҳаммадиқболи С., ки ба ҷанозаи падари дар ғарибиву ғурбат ҷондодаи худ рафтанро лозим надонист.

Ин рӯйхатро идома додан мумкин аст, аммо суол ба ҳамаи ин якест: ҷавонмарде, ки тобути падару модарро намебардорад, нафаре, ки маблағи ночизи раҳкироро аз ҷанозаи падар боло медонад, шахсе, ки ба ҳамсар ва бародару хоҳари худ раҳме надораду ин қадар ба осонӣ аз наздикони худ даст мекашад, барои мо — мардуми оддии кишвар чӣ амали некеро анҷом медиҳад? Ҷавоб ба ин савол пушти нигоштаҳои болост. Айни замон Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакону балегӯёнаш, ки М.Садриддин яке аз онҳост, бо корбурди тамоми маҳорати тӯли солҳо аз сарпарастони хориҷӣ омӯхтаву андӯхтааш талош дорад, ки бо ҳар роҳу восита афкори ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мардуми Тоҷикистонро нисбат ба роҳбарият ва Ҳукумати кишвар тира созанд. Онҳо чунин вонамуд мекунанд, ки гўё барои ислоҳи нуқсонҳои мавҷудаи ҷомеаи мо саъй карда, роҳи раҳоии кишварро аз бунбасти мушкилотҳои мавҷуда нишон медиҳад. Мақсади аслиашон аз роҳандозии ин пружа он аст, ки бо фазосозӣ дар дохили кишвар ва бо ҷалби таваҷҷуҳу кумаки нерӯҳои манфиатҷӯи байналмилалӣ дигарбора дар саҳнаи сиёсии кишвар ҳузур пайдо кунанд, аммо ин ҳарфҳову ҳадафи онҳо идомаи ҳамон хаёлпардозиҳояшон аст, ки дар боло ба он ишора шуд.

Муҳаммадиқболи Садриддин, сармуҳарири сомонаи Ислоҳ.нет- яке аз сомонаҳои ташкилоти террористии ҲНИ буда, имрӯзҳо ба туҳмати раҳбарону шахсиятҳои шинохтаи Тоҷикистони азиз ва бадномсозии сохторҳои қудратии кишвар машғул мебошад.

М.Садриддини хоин вақтҳои охир мақомоти амнияти кишварро мавриди туҳмату таҳқир ва бадномкунӣ қарор додааст.

Мардуми Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ фаромӯш намесозанд, ки сохторҳои қудратӣ ва хусусан мақомоти амнияти миллӣ дар 30 соли охир бо фаъолияти шабонарӯзӣ амният, якпорчагӣ ва сохти конститутсионии кишварро ҳифз ва ҳимоя кардаанд.

Барои он, ки мо ба чунин рӯзҳои хуш бирасем, яъне  сулҳу суботи комил ва пешрафти иқтисодии имрӯзаи кишвар, чандин кормандони шуҷоъи мақомоти амнияти миллӣ ҷони худро фидо карданд. Маҳз хизматҳои софдилонаи кормандони мақомоти амният ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон аст, ки имруз дар кишвари мо осмони софу беғубор аст.

Муҳаммадиқболӣ  Садриддини қаллоб дигар Ватану миллати худро барои маблағи муфт шуда, ба хоҷагони хориҷиаш фурухт. Имрӯз ин хиёнаткор, ба арзишҳои миллии кишвари худ, хиёнат карда истодааст.

Мардуми меҳнатқарини тоҷик дигар фирефтаи шумо барин хиёнаткорони  нахоҳанд шуд. Зеро, хунрезиҳои соли 1992 аз хотири халқи тоҷик ҳоло нарафтааст.

Маҳз дар он солҳо падари хоини ту, ки Садуридинов Қаландар, бо ҳамроҳии якчанд нафари дигар ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИ-ро таъсис дода, сабабгори асосии хунрезӣ дар кишвар гардиданд. Қаландар наздиконашро ҳамроҳаш гирифта ба давлати ҳамсояи Афғонистон ҳамчун гуреза рафта, паноҳ бурд. Аммо дар Тоҷикистон хуни ҳазорон нафари бегуноҳ рехт.

Дар таърих назар андозем, солҳои бистуми қарни гузашта, ҳангоми барқарорсозии Ҳокимияти Шӯравӣ (ИҶШС) дар мингтақаи Рашт, босмачигарӣ авҷ гирифта буд. Номи яке аз ин босмачиҳо, ки 3 нафар омӯзгорони занро ба таври ваҳшиёна ба қатл расонида буд, то ҳол чунин ёд мешавад, ки Фузайл Махсум аз Гарм гурехт, вале он хунрезие, ки ӯ карда буд, ба дили мардум то абад боқӣ мемонад».

Номи Муҳаммадиқболи Садруддин ва падараш низ дар қалби мардуми тоҷик барои сабабгори хунрезиҳои ҷанги бародаркушӣ солҳои 1992-1997 гардиданашон, то абад боқӣ хоҳад монд.

Имрӯз аъзоёни ТЭТ ҲНИ аз мубалиғони ДИИШ тафовуте надоранд. Фикру ақидаи якхела дошта, мақсади хунрезӣ ва дигар кардани давлатдориро доранд. Вале, яқин бояд М. Садриддини хоин ва дигар пайравонаш бидонанд, ки тири онҳо кайҳо хок хурдааст. Дигар ҷавонону абармардҳои кишвар ба дуруғу найрангҳоишумо дода нашуда, ҳар як порча замини кишварро ҳифз менамоянд. То ин, ки хуни як нафар тоҷику тоҷикистонӣ ноҳақ бар замин нарезад.

Юсупов Ғолибҷон Ғаниевич

ассистенти кафедраи молия ва қарз

ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *