НИҚОБ АЗ РӮЙ БАРДОШТАНИ М.КАБИРӢ ВА ПАЙРАВОНИ Ӯ

Баёнияи роҳбари ТТЭ ҲНИ, Муҳиддин Кабирӣ дар бораи “Ҷиноҳи низомӣ” –и мухолифин ниқобро аз рӯи онҳо бардошт. То имрӯз Кабирӣ ва пайравони ӯ ҷор мезаданд, ки онҳо ҳаргиз намехоҳанд, ҳодисаҳои солҳои 90-ум такрор шаванд. Акнун Муҳиддин Кабирӣ, дар баёнияааш аз 9 майи соли равон гуфтааст, ки “то чанд сол пеш истифодаи қувва ва силоҳ аз ҷониби аксарияти нерӯҳои сиёсии тоҷик, аз ҷумла ҲНИ дар Тоҷикистон рад мешуд, вале баъд аз ҳодисаҳои Украина ҷаҳон тағйир кард…” ва поёнтар гуфтааст, ки “чаро дигарон аз силоҳ барои расидан ба озодӣ истифода баранду тоҷик ҳаққи истифодаи онро надошта бошад?” Ин иғвоангезии рӯи рост мебошад. Вале Кабирӣ то ҳол нафаҳмидааст, ки акнун миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ додаи иғвою найранг намегарданд. Дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта ҳам онҳо барои демократияю озодӣ мубориза мебаранд, аммо баъдтар маълум гашт, ки мақсади асосии онҳо ғасби ҳукумат будааст. Имрӯз ҳам вазъият тағйир наёфтааст, баракс онҳо рӯирост дар бораи ғасби ҳукумат сухан мегӯянд. Онҳо бо кадом як “ҷиноҳи низомӣ” мардумро метарсонанд. Пас аз ҳодисаҳои Афғонистон ва Украина ин ҳарф ва ин далелҳо қавитар шуданд, ки чаро тамоми дунё метавонад, тамоми миллатҳо барои расидан ба озодӣ ва ҳадафҳои худ аз силоҳ истифода баранд.Ин рӯи рост даъват ба ҷангу ҷидол, бесару сомониҳо, куштор ва ҷабру зулм мебошад. Ин ҷиноят дар назди давлат ва миллат аст. Чунин кайфият барои мухолифин бо сарварии Кабирӣ табиӣ мебошад, зеро онҳо барои ҷабру зулм, куштор устухон надоранд, даҳсолаҳо пеш пайравони Ҳизми маъмнӯи наҳзати ислом бо дастони бо хун олуда гашта, ҳокимиятро ғасб карда буданд ва миллати тоҷик ин амалҳои манфури онҳоро бо чашми сари худ дидаанд. Бубинед, Кабирӣ чи мегӯяд: баъди ҳодисаҳои Афғонистону Украина миллати тоҷик ҳам ҳақ пайдо кард, ки шукуҳу шаҳоматашро тариқи силоҳ ба оламиён нишон диҳад. Бояд қайд кард, ки миллати тоҷик дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ шукуҳу шаҳомати худро бо адабиёт ва фарҳанги оламгираш, сулҳофариву ваҳдати миллӣ, ободкориву созандагӣ ба оламиён муаррифӣ намуд. Вале, ақли Кабирӣ то он ҷо расид, ки мо тоҷикон шукуҳу шаҳомати худро бо тиру туфанг ба оламиён муаррифӣ намоем.
Кабирӣ дар бораи “ҷиноҳи низомӣ” дар қазияи Афғонистону Украина сухан мекунад, вале намегӯяд, ки дар натиҷаи он миллионҳо одамон муҳоҷири иҷбори гаштанд, ҳазорҳо кушта шуданд ва ҳазорҳои дигар маҷруҳ гаштанд. Аз ин бар меояд,ки Кабирӣ барои миллати тоҷик ҳаминро раво мебинад. Миллати тоҷик ин ҳодисаҳоро аз сар гузаронидааст, дигар ҳаргиз ба он роҳ намедиҳад. Инчунин зимни баромадаш қайд кард, ки миллати тоҷик дар тӯли ин солҳо муборизаи сиёсии худ, ҳадди ақал баъд аз имзои созишномаи сулҳ, тамоми талоши худро кард, ки миллат бори дигар ба силоҳ барнагардад; муборизаи сиёсӣ дар чаҳорчӯби қонун ва роҳҳои мусолиматомез идома пайдо кунад. Аз ин суханҳо ҳар хонанда ба худ хулосаи зарурӣ мебарорад, ҳоҷат ба баён нест, таърих гувоҳ аст!
Вобаста ба зимни суҳбати рӯзноманигори радиои Озодӣ бо Кабирӣ қайд менамоем, ки аз ӯ пурсон шудааст: “оё дар миёни ҳайатҳои мухолифин андешаҳо оид ба “ҷиноҳи низомӣ” чунин ҳарф мерафт, фаъолияти мусаллаҳона кунанд.”? Кабирӣ ба ин суол ҷавоб дод: “На дар байни раҳбарияти оппозитсия ва доираҳои сиёсӣ ин гуна суҳбатҳо ва ин гуна барнома барои ташкили як ҷиноҳи низомӣ набуд ва ҳанӯз зарурат ба он ҳадде нарасидааст, ки мо дар ин бора баҳс кунем ва тасмим гирем.
Маъзарат мехоҳем! Дурӯғгӯӣ ҳам сарҳад дорад! Магар куштори сайёҳон дар шоҳроҳи Душанбе – Данғара, кӯшиши табаддулот бо сарварии генерал Назарзода, иғвоангези дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, даъват ба шӯру ғавғо дар арафаи Иди Наврӯзи соли 2020 магар маҳсули эҷоди шумоён нест? Розӣ шавед, ин ҳама маҳсули эҷоди шумоён аст. Пас шумоён лоф назанед ва миллатро қурбони манфиатҳои сиёсии худ нагардонед!
Бовар кунед, ки агар ҳоло ҳозир дар Тоҷикистон 7,5 -8 млн (агар муҳоҷирони меҳнатиро ба инобат нагирем) иқомат дошта бошад, касу ё гурӯҳе ёфт намешавад, ки ғояи муборизаи мусаллаҳонаи шумоён пайравӣ намояд. Охир миллати тоҷик якбор оқибатҳои даҳшатбори ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронид ва дигар ба он роҳ намедиҳад.
Ин афрод хулоса кардааст, ки мо роҳе ҷуз ин, (яъне дар назар дорад усули мусаллаҳонаро) надорем ва баҳри манфиатҳои сиёсии худ боз як бархӯрди дигар дар Тоҷикистон сурат бигирад, ҳамон тавр ки дар кишварҳои дигар сурат мегирад. Нафрин ба Шумо барин “ҳомии миллат”. Бад ин суханҳо мо ҳаргиз шуморо ҳомии миллат, муборизи роҳи демократияю озодӣ, ризоияту ваҳдати миллӣ номида наметавонем. Баракс Кабирӣ бори дигар ниқобро аз рӯй бардошта ки будани худро муаррифӣ намуд.
Дар охир бори дигар ба шумоён-раҳбарияту аъзоёни ТТЭ ҲНИ мегӯем, ки миллати тоҷик дар ин шароити вазнини иҷтимоию сиёсии ҷаҳони пуртаҳлука дар атрофи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омада, кӯшиш менамоем, ки дар роҳи бунёди давлати миллӣ, демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор гузорем. Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дорои ҳамаи хусусият (атрибутҳо)-и давлат, аз он ҷумла Артиши миллӣ мебошад, ки сулҳу суббот, ваҳдати миллиамонро аз ҳар нохалафи дохиливу беруна дифоъ хоҳад кард.

Р. СОЛИҶОНОВ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *