ИҒВОИ НАВИ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ

Рӯзи 9-уми майи соли равон роҳбари ТТЭ ҲНИ- “Паймони миллӣ” Муҳиддин Кабирӣ ба радиои “Озодӣ” мусоҳиба дода, бори дигар моҳияти хунхоронаи худро ошкор намуд. Ӯ иброз дошт, ки вобаста ба ҷанги Россия ва Украина ташкили “ҷиноҳи (қаноти) низомӣ”-и мухолифинро “як раванди табиӣ” дониста, даъво кардааст, ки ҳукумати кишвар мухолифини бесилоҳро писанд намекунад. Суол ба миён меояд. Пас мухолифин бояд бо силоҳ мубориза барад? Ӯ дар мусоҳиба иброз дошт, ки онҳо ҳамчун мухолифин бе силоҳ мубориза доштанд. Ҳодисаҳои имрӯзаи Украина барои онҳо баҳона будааст, барои муборизаи мусаллаҳона. Чӣ қадар дурӯғгӯии риёкорона! Барои тасдиқи ин гуфта, магар ҲНИ набуд, ки кишварамонро ба доми ҷанги шаҳрвандӣ кашида, зиёда аз 150 ҳазор шаҳрванди бегуноҳро магар бе яроқ куштанд, миллионҳо аз хонаю дар маҳрум гашта, гуреза шуданд. Дар соли 2015 ӯ бори дигар моҳияти хунхоронаи наҳзатиҳоро нишон дод. Хостанд бо кӯмаки генерали хоин “бе истифодаи яроқ” табаддулоти давлатӣ ба даст оранд. Рӯирост худро мусичаи бегуноҳ нишон медиҳад, ки акнун метавонанд бо силоҳ мубориза баранд. Ҳамаи ин берӯгӣ ё риёкорӣ аз дастгирии хоҷагони хориҷӣ ба ӯ илҳом мебахшад. Маҳз дастгирии ҳамон хоҷагон буд, ки дар Украина фашизмро аз нав барқарор намуданд. Кӯшиши ҳимоя намудани аққалияти русзабонро Кабирӣ ва хоҷагонаш ҳуҷуми ғоратгарона нишон медиҳанд. Роҳбарияти ин кишвар рӯирост гуфта буд, ки халқи Қрим, Донетск ва Луганск бояд хонаю дарашонро партофта ба Россия раванд. Дар акси ҳол бо зӯрӣ заминашонро мегиранд. Собиқ Президенти Украина низ чунин ақидаро гуфта буд. Барои ин гуна афрод халқи Украина ягон арзиш надоранд. Онҳо бо супориши хоҷагони худ мехоҳанд ҷангро бо қурбон шудани охирин украин давом диҳанд. Бо роҳи сулҳ ҳал кардани ҷанҷол аққалан фикр ҳам намекунанд. Ин ҳақиқатро Кабирӣ ҳаргиз намегӯяд. Ба ҷои ин гапҳои рост мардумро ба иғвои муборизаи мусаллаҳона даъват менамояд. Зимни мусоҳиба рӯзноманигори радиои “Озодӣ” савол дод, ки худи Кабирӣ ин муборизаи мусаллаҳонаро роҳбарӣ мекунад? Ӯ боз чун солҳои қаблӣ худро мусичаи бегуноҳ нишон дода, зимни посух рад кард. Лекин мо боварӣ дорем, ки бо супориши хоҷагони худ ӯ метавонад мисли фашистони хунхор муқобили халқи бегуноҳ лашкар кашад. Ин гуна хоинон ба ҳама гуна кору кирдор қодир мебошанд. Гап дар бораи маблағи пешниҳодкунандаи хоҷагонашон аст, ки бо баҳонаи қазияи Украина метавонанд садчанд ё ҳазорчанд зиёд шавад.

ИБРОГИМОВ И.И.,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *