Иштирок дар Спартакиада

Санаҳои 10 ва 13 – уми май бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар байни ҷомеа, бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон байни омӯзгорону кормандони маорифи шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ дар толори варзишии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон чорабинии варзишӣ дар намуди шашка байни занҳо ва шоҳмот байни мардҳо, баскетбол байни занҳо ва волейбол байни мардҳо баргузор гардид, ки устодони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд низ фаъолона иштирок намуданд.
Дар намуди баскетбол танҳо занони муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Суғд байни ҳам рақобат карданд. Дастаи Донишкадаи политехникии донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ байни занҳо ҷойи аввалро сазовор гардида, соҳиби ҷом, 500 сомонӣ, медал, 3 роҳхат ба осоишгоҳ ва диплом гардид. Ҷойи дуюм насиби дастаи ДДҲБСТ гардида, ба онҳо 300 сомонӣ, 2 роҳхат ба осоишгоҳҳо, медал ва диплом супорида шуд. Ҷойи сеюмро дастаи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд сазовор гардида, ба маблағи 200 сомонӣ, 1 роҳхат ба осоишгоҳ, медал ва диплом супорида шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *