Нишасти матбуотӣ
Дар ДИС ДДТТ бо иштироки беш аз 30 нафар намояндагони васоити ахбори умум нишасти матбуотии директори донишкада, номзади илми иқтисод, дотсент Олимӣ Рауф Латифзода баргузор гардид. Дар оғози нишаст директори донишкада рӯзноманигоронро хайрамақдам гуфта, зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла соҳаи сарнвиштсози ҷомеа-маорифро таҳлили амиқ намуда, барҳақ таъкид доштанд: “Ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шаванд. Инчунин, пешниҳод менамоям, ки ҳамасола олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявиро оид ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баргузор намуда, ғолибони озмунҳо аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз лиҳози моддиву маънавӣ қадрдонӣ ва ҳавасманд гардонида шаванд”.
Дар бораи дастоварду комёбиҳои донишкада изҳори назар намуда, Рауф Олимӣ бо суханронии пурмуҳтаво вазъи имрӯзи муассиса ва натиҷаи фаъолияти пурсамари ҷомеаи меҳнатиро дар соли 2019 мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дод.
Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд» (ДИС ДДТТ), ки муассиси он Иттифоқи Тоҷикматлубот мебошад, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 59 аз 12 феврали соли 2010 таъсис дода шуда, соҳиби иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ бо силсилаи АУ №0002417 аз 2-уми ноябри соли 2017, №5666, шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатии (силсилаи ИА №0000797 аз 07-уми июни соли 2016) – и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст.
Дар ДИС ДДТТ 251 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 8 нафар доктори илм ва профессорон, беш аз 77 нафар номзади илм ва дотсентҳо фаъолияти таълимӣ, методӣ, илмӣ ва тарбиявӣ мебаранд. Зиёда аз 20 нафар олимону омӯзгорон дар гурӯҳҳои таҳсил бо забони англисӣ машғулиятҳоро аз ҳамаи фанҳо (иқтисодӣ, риёзӣ, ҳуқуқӣ, ҷомеашиносӣ ва ғайра) бо забони англисӣ мегузаронанд. Барои дар сатҳи баланд гузаронидани машғулиятҳо дар гурӯҳҳои таҳсил бо забони англисӣ устодон аз донишгоҳҳои бонуфузи давлатҳои хориҷии дур даъват шудаанд.
Заминаи моддию техникии Донишкада ҷавобгӯи талаботи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ мебошад. Ҷараёни таълим дар се бинои таълимӣ, ки аз 80 синфхонаҳои алоҳида иборатанд ташкил карда шудааст. Пояи моддӣ – техникии Донишкада ҷавобгӯи талаботи муосир мебошад. Дар Донишкада 572 компютерҳои фардӣ, 33 доскаҳои электронӣ, 103 проекторҳо, 80 камераҳои назоратӣ мавҷуд мебошанд. Дар чорчӯбаи амалишавии лоиҳаи “Самтҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот ва рақобатпазирии МТОК” шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ пурра бо мебел аз нав таҷҳизонида шуд, 4 синфхонаҳо пурра таъмир карда шуда, бо мебел, 42 адад компютерҳо, 10 адад проектор ва 10 адад доскаи электронӣ таҷҳизонида шуданд.
Китобхонаи ананавӣ ва электронӣ, синфхонаи интернет, 4 синфхонаи лингафонӣ, 6 синфхонаҳои компютерӣ, толори фитнес бо 18 тренажерҳо, майдончаи варзишии волейбол, минифутбол, баскетбол ҳамеша ба донишҷӯён хизмат мерасонанд. Ҳамаи синфхонаҳо, толори варзиш ва биноҳои Донишкада дар давраи сармо бо тариқи мутамарказ то ҳарорати муқарраршуда гарм карда мешавад. Дар Донишкада барои донишҷӯён хобгоҳи дорои 26 адад ҳуҷраи истиқоматӣ муҳайёст, ки дар он 75 нафар донишҷӯён ҷой гирифтанд. Инчунин, ошхонаи дорои 90 ҷои нишаст ва 1 адад бунгоҳи тиббӣ мавҷуд аст.
Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 12 кафедра дар ҳайати се факулта фаъолият менамояд. Раёсати Донишкада барои тайёр намудани кадрҳои дорои унвони илмӣ таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа медиҳад. Аз ҷумла дар соли 2019 -14 нафар устодони Донишкада рисолаҳои номзадӣ ва 1 нафар рисолаи доктории худро ҳимоя намуданд. Дар соли равон – 3 нафар устодони Донишкада муҳокимаи пешакиро гузашта барои ҳимояи рисолаи худ дар Шӯрои диссертатсионӣ иҷозат гирифтаанд.
Дар соли 2019 нақшаи қабули довталабон ба Донишкада, ки аз тарафи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад, 100,12 % иҷро гардид. Соли таҳсили 2019-2020 ба Донишкада 1156 нафар дохил гардиданд: аз ҷумла, ба шуъбаи рӯзонаи 950 нафар ва ба низоми таҳсилоти фосилавӣ 120 нафар, ба докторантура аз рӯи ихтисос PhD 11 нафар ва барои гирифтани маълумоти олии дуюм ва идомаи таҳсил 75. Аз ҷумлаи ба шуъбаи рӯзона дохилшудагон 826 нафар ба курси якуми зинаи бакалавриат ва 124 нафар ба зинаи магистратура қабул карда шуданд.
Донишкада бо зиёда аз 220 корхона, ширкат, бонк, муассисаю ташкилот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти идоракунии маҳаллию давлатӣ шартномаҳои дуҷониба оид ба таҷрибаомӯзӣ дорад. Қисме аз таҷрибаомӯзон баъд аз хатм дар он ташкилот ва корхонаҳо бо кор таъмин мешаванд. Аксари хатмкунандагони шӯъбаи ғоибона бошад, худ бо ҷои корӣ таъмин мебошанд ва танҳо барои баланд бардоштани тахассус ва малакаи касбӣ дар Донишкада таҳсил менамоянд.
Дараҷаи донишандӯзии донишҷӯёнро дар давоми солҳои таҳсил натиҷаҳои аттестатсияи хатм ва ҳимояи рисолаҳои хатм инъикос менамоянд. Дар охири соли хониши 2018-2019 чун ҳамасола барои хатмкунандагони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон имтиҳонҳои давлатӣ ва ҳимояи рисолаҳои дипломӣ баргузор гардиданд. Тибқи фармоиш ба аттестатсияи хатм 499 нафар донишҷӯёни шӯъбаи рӯзона, 64 нафар магистрон ва 709 нафар донишҷӯёни шӯъбаи ғоибона, ки аз онҳо 510 нафар бо низоми анъанавӣ ва 217 нафар бакалавр барои гузаштан аз атестатсияи хатм роҳ дода шуданд. Аз 1321 нафар хатмкунандагон 39 нафарашон сазовори дипломи аъло шуданд.
Донишҷӯёни донишкада дар ҳафтаи худидоракунии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд фаъолона ширкат меварзанд. Аз ҷумла, соли равон ҳашт нафар донишҷӯёни донишкада дар вазифаҳои гуногун дар ҳафтаи худидоракунии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иштирок намуданд. Ҳамчунин 3 нафар аспирантон, 3 нафар магистрантон, 15 нафар донишҷӯёни донишкада ба гирифтани идрорпулии Раиси вилояти Суғд ноил гардиданд. Ду нафар донишҷӯён ба гирифтани идрорпулии Раиси шаҳри Хуҷанд, 1 нафар ба гирифтани стипендияи Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардиданд.
Донишкада бо омӯзгорони ихтисосманде, ки фанҳои таълимии гуногунро бо забони англисӣ таълим медиҳанд, пурра таъмин буда, инчунин аз кишварҳои хориҷӣ ба монанди Литва, Булғория, Федератсияи Руссия ва Хитой низ мунтазам олимону профессорон ташриф оварда, семинар-трейнингҳо баргузор намуданд.
Ҳоло дар донишкада 17 гурӯҳҳое, ки дар онҳо ҳамаи фанҳо бо забони англисӣ таълим дода мешаванд, амал мекунанд. Чунин тарзи таълим дар сатҳи ҷумҳурӣ танҳо дар Донишкадаи мо ба роҳ монда шудааст, ки ин дастоварди арзанда маҳсуб мешавад
Донишкада бо зиёда аз 60 донишгоҳҳои Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Осиё ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил созишномаҳои ҳамкорӣ дошта, устодону магистрон ва донишҷӯён тибқи барномаҳои ЭРАСМУС – МУНДУС, ТАРГЕТ 1 ва 2, ТЕМПУС ва лоиҳаи ФЛЕПП метавонанд такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзиро дар кишварҳои хориҷӣ ба роҳ монанд. Дар доираи лоиҳаи “Ҳамкории донишгоҳҳо барои интиқоли дониш дар Осиёи Миёна ва Хитой” (ҒNICAC) – барномаи ЭРАСМУС, имконияти ба имзо расидани созишномаҳои ҳамкорӣ дар ДИС ДДТТ пайдо гардид. Лоиҳаи номбурда барои вусъат додани раванди байналмилалигардонии таҳсилоти олӣ ва ба по мондани ҳамкориҳои донишгоҳҳо дар Осиёи Миёна бо Хитой мебошад. Моҳи сентябри 2019 дар доираи лоиҳаи Эрасмус+ ҒNICAC семинари навбати дар ДИС ДДТТ баргрузор гардид, ки дар он намояндагон аз донишгоҳҳои Финляндия, Чин, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар доираи лоиҳаи мазкур моҳи ноябри соли 2019 Аминов И. ва Юсупов А. ба Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон, ш. Тошканд барои модули 2 семинарҳо оид ба робитаҳои байналмилалӣ сафарбар шуданд. Дар модули 3-уми ин силсила семинарҳо, ки моҳи декабри соли 2019 дар ш. Сиан Чин баргузор гардид, директори ДИС ДДТТ Олимӣ Р.Л. ва мудири шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ Мухторов С.С иштирок карданд.
Тибқи лоиҳаҳои Мубодилаи байналмилалии кредитӣ ба Донишгоҳи Кантабрияи Испания – 4 нафар, Донишгоҳи Кордоба – 4 нафар ва Донишгоҳи Гедики Истанбул – 1 нафар, омӯзгорону профессорон 8 нафар бо тариқи озмун интихоб шуда, сафарбар карда шудаанд.
Сипас директори донишкада ба саволҳои рӯзноманигорон оид ба робитаҳои байналмилалӣ, таҳсили донишҷӯёни Ӯзбекистон, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, омилҳо расидан ба муваффақиятҳо, базаи моддию техникии донишкада, имтиёз ба устодон ва донишҷӯёни фаъол, таҳсил дар гуруҳҳои забони англисӣ, таъмин гаштани хатмкунандагон ба ҷойи корӣ, ҷалби духтарон ба омӯзиши малакаҳои пешхидматӣ, таҳсили донишҷӯён дар хориҷи кишвар посухҳои муфассал пешниҳод намуд. Директори донишкада Олимӣ Рауф Латифзода дар поёни сухан таъкид кард, ки ҳамаи дастовардҳои назаррас самараи натиҷаи фаъолияти ҷомеаи меҳнатии муассиса аст ва мо танҳо бо иттиҳоду ҳамдилӣ метавонем дастоварду комёбиҳои худро боз ҳам афзунтар гардонем.
Нуъмон Раҷабзода