САБАБҲОИ ҚАТЪНАМОИИ ФАЪОЛИЯТИ ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМ

 

 Зуҳуроти номатлуби бунёдгароӣ, тундгароӣ, ифротгароӣ, ва даҳшатафканӣ маҳрумиятҳои фикрӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ реша дошта, қишрҳои осебпазири иҷтимоӣ зӯроварию бадбинӣ ва хушунат тавлид мекунанд. Дар ин замина солҳои қарни гузашта ҲНИ бо ҳар роҳ, аз ҷумла, бо роҳандозӣ намудани дини мубини Ислом фаъолияташро оғоз намуд. ҲНИ дар доираи дину мазоҳиб мағзшӯӣ карда, барои анҷом додани амалиёти даҳшатафканӣ ва таҳрибкорӣ бештар ҷавононро сафарбар менамуд. Баъди гузаронидани мағзшӯии мақсаднок ва дар шуури торики ҷавонон ҷой кардани афсонаҳои бофтаи «ҷиҳоду шаҳодат» онҳоро ҷониби худкушӣ роҳандозӣ менамуд. Шумораи муайяни ҷавонони солҳои 90-уми асри гузашта, ки аз лиҳози зеҳнӣ ва ақлонӣ рушд наёфта буданд, зуд ба аъзогии ҲНИ шомил шуданд. Дар натиҷа дар зеҳни онҳо, ки мисли «лавҳи сафед» ифроту ҳурофот пур карда мешуд. Омилҳое, ки ҷавонони тоҷикро тӯъмаи гурӯҳҳои  ифротию тундгарои исломӣ мегардонад, ин дур будани ҷавонон аз маърифати исломӣ, суннатӣ, инчунин таблиғоти шадиди гурӯҳҳои ифротӣ тавассути васоити ахбори омма, хусусан шабакаҳои интернетист, ки ин таблиғот ба муқобили арзишҳои маънавӣ ва динии мардум нигаронида шудааст. Хулоса маълум гашт, ки мақсади асосии ҲНИ бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудан ва нигоҳ доштани ҳокимият, ҳамчунин тағйир додани сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Бо назардошти далелҳои раднашаванда санаи 29 сентябри соли 2015 аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ҲНИ-ро ташкилоти ифротгароӣ (экстремистӣ), террористӣ эътироф намуда, фаъолияти онро қатъ намуд.       Бо баробари ин қайд кардан зарур аст, ки пас аз тамошои филмҳои мустанади “Бозгашт аз ҷаҳаннам” ва “Хиёнат” бори дигар бо далелҳои раднашаванда тасдиқу исбот шуд, ки дар ҳақиқат роҳбари собиқ ҲНИ Мухиддин Кабирӣ ва аъзоёни он вобаста ба оғоз намудани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар ва амалӣ намудани амалҳои террористӣ ва ҷиноятҳои мудҳиш бар зидди миллати тоҷик содир намудаанд.

Аз масъалаи баррасигардида мо кирдорҳои ҷинояткоронаю ғаразонаи ташкилоти терроритию экстремистии Ҳизби наҳзати  исломиро шадидан маҳкум мекунем ва намезузорем, ки душманони миллат боз нақшаҳои нохалафи худро амалӣ кунанд. Кулли ҷавононро ба созандагиву ободкории Ватан даъват  ба амал оварда, хоҳони онем, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва Ватани худро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.

Ғафурова Ф.-ассистенти кафедраи

                                                                         назарияи иқтисод

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *