Нест бод душманони миллату давлати Тоҷикистон!

Ҳизби наҳзати ислом аз чумлаи ҳизбҳоест, ки мазҳабу равияҳои бегонаи диниро дар кишварамон паҳн намуда, ҷиноятҳои сангин содир намуд ва барои дастёбӣ ба мақсадҳои ғаразнокаш ҷанги шаҳрвандиро ташкил кардан мебошад. Дар натиҷаи чунин амалҳои душманонаи наҳзатиҳо шумораи бисёри шаҳрвандони ҷумҳурӣ кушта ва бехонумон гардидаанд.

Имрӯзҳо мо  шоҳиди он мешавем, ки насли ҷавони тоҷик ва дигар тоифаи аҳолӣ бар он назаранд, ки ҲНИ (ҳизби  наҳзати исломӣ) сабабгори бисёри бадбахтиҳо мебошад, ки бо ҷавонони тоҷик  дар дохили кишвар ва дар хориҷ рӯҳ додааст. Пеш аз ҳама гуреза шудани шумораи зиёди аҳолии Тоҷикистон, баъдан кушта шудани ҷавонони мо дар ҷанги шаҳрвандӣ, ба равияҳои экстремистӣ пайвастани шумораи зиёди мардуми шарифи Тоҷикистон, ба маҳбас кашида шудану гуреза шудани онҳо ба кишварҳои Аврупо, сабабгор танҳо ҲНИ мебошад. Солҳое, ки мардуми шарифи Тоҷикистон фирефтаи роҳбарони ҲНИ гашта, ба кишвари Афғонистон фирори шуданд, азобу машаққатҳои зиёдро паси сар намуданд. Дар онҷо на сарпаноҳе доштанду на шуғли меҳнатӣ, ки барои худу фарзандонашон маблағ ёфта, хӯрока харидорӣ намоянд. Азоби гушнагӣ ҳамаи гурезагонро фаро гирифта буд ва тайёр буданд барои як пора нон ба ҳама роҳ равона шаванд.

Мо боисрор гуфта метавонем, ки ҲНИ аз хориҷи кишвар маблаггузорӣ мешуд ва мақсади онҳо барҳам задани сулҳу субот дар кишвар буд ва ҳоло ҳам чунин нияти бадро нисбати Тоҷикистони азиз доранд, чунки барои онҳо давлату миллат арзиш надорад, танҳо маблағи хоҷагон қадр дораду, бо супориши онҳо амал мекунанд. Бинобар ин, роҳ танҳо як аст, муборизаи беамон зидди ҲНИ ва решакан кардани тамоми сохторҳои он мебошад.

Маҳз роҳбарии сарвари оқилу донишманд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  буд, ки ҳамаи гурезагон ба Ватан баргардонда шуда, ба оташи ҷанги шаҳрванди хотима бахшид. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ҲНИ таҳти роҳбарии  Муҳиддин Кабири нақшаҳои нав мекашиданд, вале оқибат худ шармандаю берун аз кишвари азизамон фирори шуданд.

Хушбахтона, имрӯз мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ба фиребу найранг ва иғвоҳои пасипардагии Муҳиддин Кабирӣ, бовар намекунанд. Ҳарчанд онҳо дини мубини Исломро, ки марому мақсадаш дустиву бародарӣ, якдиливу якпорчагӣ ва дастгириву ободкорист ба худ ниқоб кардаанд, ҳадафу ниятҳои нопокашон сар то по пур аз ғараз, бадкориву вайронӣ  мебошад.

Шукр, дар кишвари соҳибистиқлоли мо тоҷикон тинҷиву осудагист. Ҳар субҳу шом кишвари мо бо корҳои созандагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Рахмон гул-гул мешукуфад ва ободтар мегардад. Касе бо касе дар фикри бадиву душмани нест, сиёсати дарҳои кушоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон обрӯ ва нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ба авҷи аъло расонидааст.

Аҳли ҷомеаи ҷаҳониро лозим аст, ки дар ҳамбастагӣ бар муқобили ин вабои аср мубориза баранд ва нагузоранд, ки тероризм ва экстремизм ба ҳаёти осоиштаи мардуми сайёра халал ворид созад.

    Максади мароми мо аз он иборат аст, ки сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулху вахдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам, Эмомалӣ Раҳмонро пуштибонӣ намоем ва баҳри гул-гулшукуфии Ватани азизамон камари ҳиммат бандем.

Файзиева Сарвар Аҳмадовна,
мудири кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ,
н.и.ф., дотсент 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *