Дастгирии ТЭТ ҲНИ аз ҷониби кишварҳои ғарб

Ахиран дар Олмон гирдиҳамоии як идда гуруҳҳои ифротӣ ва бо ном мухолифини тоҷик баргузор гардид, ки дар он шахсиятҳои ноошно баромад карда, талабҳои худро ба миён гузоштанд. Нисбати давлату миллат суханҳои носазо гуфтанд ва бо шиорпартоиҳои бемаънӣ мехоҳанд обруву нуфузи ватанро дар назди хориҷиён паст намоянд. Мо ҳама хуб медонем, ки саркардаҳои ин гирдиҳамоӣ созмони Паймони миллӣ, ТТЭ ҲНИ ва дигарон мебошанд, ки ба ин васила хидматҳои хирсона намуда истодаанд.

Ташкилоти экстремисти терористи Ҳизби наҳзати исломии бо  доштани 45 ҳазор аъзо дувумин ҳизби бузурги кишвар баъд аз Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ба шумор мерафт ва баъд аз имзои созишномаи сулҳ миёни ҳукумат ва Иттиҳоди мухолифони пешин дар соли 1997, расман фаъолияташро дубора оғоз бахшида буд. Додгоҳ дар оғози ҷанги шаҳрвандии 1992-1997, низ фаъолияти ин ҳизбро маҷмӯъ карда буд.

Зимнан, роҳбарияти ТЭТ ҲНИ тамоми ин иттиҳомотро рад ва ҳамаро баҳонаи баста шудани ҳизб арзёбӣ мекунанд. Дар ҳоли ҳозир раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ дар хориҷ кишвар ба сар мебарад ва 13 аъзои Раёсати олии ҲНИ бо иттиҳоми даст доштан дар таъсиси гурӯҳи мусаллаҳи генерал Назарзода дастгир гардидаанд.

Имрўз мардуми Тоҷикистон шукрона аз соҳибистиқлолии Ватан намуда фаризаҳои динӣ мубини исломро дар зиёда аз чор ҳазор масҷидҳое, ки дарашон ба рўи онҳо боз аст ба ҷо меоранд. Аммо роҳе, қи душманони миллат аз ҷумла ташқилоти экстремисти террориристии ХНИ интихоб кардааст роҳе мебошад, қи мардумро ба  зулмат мебарад. Зеро, қи сиёсате, қи онҳо таблищ мекунанд сиёсати зўроварист, ифротгароист, ки динӣ мубини ислом онро маҳкум мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 26 соли охир, хусусан аз солҳои 90-уми асри гузашта то ин ҷониб, ба масъалаҳои мубориза бар зидди экстремизм таҷрибаи калон ба даст овардааст. Тавре медонем, аз нахустин давраҳои рушду такомули ҷомеа бар зидди ҷинояткорон муборизаи беамон мебарад. Зеро ҷиноят ва ҷинояткорон дар тасаввур ва афкори маъмулӣ ҳамчун амали манфӣ нақш бастааст.

Ифротгароӣ дар шароити имрӯза бештар ба сиёсат дахл намуда, тазоҳуротро  дар ниҳоди ҳамаи мазҳабҳо ба вуҷуд овардааст. Мақсади ниҳоии онҳо ба ҳар роҳу восита созмон додани давлати ягонаи бесарҳади мусулмонист.

Боз як рохи ТЭТ ХНИ баста шуд, яъне 8-уми июни соли 2016 дар шаҳри Ереван ҷаласаи Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) таҳти раёсати ҷониби Арманистон баргузор гардид. Дар ҷаласа ҷонибҳо рӯйхати ташкилотҳоеро, ки дар кишварҳои узви СААД террористӣ ва экстремистӣ эътироф шудаанд, бо қарори дахлдор ба мувофиқа расониданд. Дар рӯйхати мазкур дар қатори дигар созмонҳои террористии байналмилалӣ, ба монанди «Ал-Қоида», «ДИИШ», «Ихвон-ул муслимин», «Ансоруллоҳ», инчунин Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон низ таҳти №65 ворид карда шуд. Тавре иштирокчиёни ҷаласа зикр намуданд, рӯйхати ташкилотҳое, ки террористӣ эътироф гардидаанд, ба мақомоти салоҳиятдори давлатҳои узви СААД имкон медиҳад, то амалиётҳои ҳамоҳангшудаи худро баҳри муайян ва пешгирӣ кардани фаъолияти онҳо дар минтақаи таҳти масъулити СААД имконпазир гардонад. Мақсадҳои СААД таъмини сулҳу субот ва амнияти байналмилалию минтақавӣ, такмилдиҳӣ ва мукаммалгардонии ҷанбаҳои ҳарбии ҳамкорӣ, муқовимати шадид бо терроризм ва экстремизми байналмилалӣ, аз ҷумла алайҳи ҳизб ва ҳаракатҳои террористӣ ва дигар таҳдидҳо ба шумор мераванд. Мо бояд дастҷамъона бар зидди ифротгароён мубориза барем.

Мо, тоҷикистониён, барои пешгирии ин ҳама хатарҳои замони муосир иқдомҳое пешбинӣ шудааст, бо кўмаки мақомоти қудратӣ ва ҳифзи тартибот вазифаи худро иҷро мекунанд. Аҳли ҷомеа ҳам дар ин самт дар канор буда наметавонад. Падару модарон, муассисаҳои таълимӣ, уламои дин ва дигар ниҳодҳои давлатӣ барои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб мусоидат карда метавонанд.

Латипова Парвина,
ассистенти кафедраи менеҷмент

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *