Изҳороти кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии ДИС ДДТТ оид ба гирдиҳамоӣ дар Олмон

Мо кулли устодон ва донишҷӯёни кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ ин амалҳои номатлуб ва иғвоангезонаи бадхоҳону бадандешони миллат, созмони “Паймони миллӣ”, ТТЭ ҲНИ-ро сахт маҳкум намуда, ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва оромиву суботи Тоҷикистони азиз мебошем.
Мо пайваста бо кӯшишу ғайрат ва такмили донишу малакаи хеш намегузорем, то ғояҳои муғризонаи бадхоҳон ва гурӯҳҳои ифротгаро дар андешаву тафаккури мардуми тоҷик, хусусан ҷавонон ҷо гиранд. Дар ин раванд, тамоми таҷриба ва малакаи худро истифода бурда, алайҳи тарғиботи ғояҳои ифротӣ ва террористӣ мубориза мебарем.
Воқеан ҳам тайи солҳои охир гирдиҳамоиву овозаҳои беасос, суханҳои тафриқаангезу низоъандози баъзе аз ҷӯгиёни дар ба дар, ки ҳатто барои “тоҷик”-и бадарғашуда гуфтан ҳам забон давр намезанад, тавассути сомонаву шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд гардидааст, ки онҳо ғайр аз чун ҷӯгӣ “талбандагӣ”-ю “овозаи беасос” паҳн кардан дигар ягон тадбири мусбате аз дасташон намеояд. Онҳо бо нишондоди ангушти “хоҷагон”-у роҳбарони ифротзадаашон амал намуда, бо пули ҳароми бадастовардаашон бояд дар ҷомеа нофаҳмиву тафриқа ва ғояҳои олудаву пӯсидаи ифротиёнро ҷорӣ намоянд. Аммо кайҳост, ки мардуми тоҷик зидди ин ақидаҳост. Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон бо пахши эъломияи матбуотӣ эълон кард, ки 10 декабри соли ҷорӣ дар рӯбарӯи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлин, пойтахти Олмон гирдиҳамоии бузурге баргузор намуд.
Аммо бояд донист, ки ба ин хабару овозаҳои бемантиқ ҳатто шаҳрвандони бадарғашудаи дар ба дар ва ҷӯгиёни маблағталаб ҳам хоҳиши рафтану иштирок намуданро намекунанд. Аз ҷониби дигар ин чӣ хел кумита бо зиндониёни сиёсц кору фаъолият дорад ва барои озод намудани онҳо кӯшиш менамояд. Бояд иқрор шуд, ки аз дасти ташкилкунандагони гирдиҳамоӣ, махсусан Илҳом Ёқубови савдогари мошинфурӯш ягон коре ба даст нахоҳад омад ва ӯ барои кирдорҳои содирнамудааш дар назди қонун ҷавоб хоҳад дод.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *