Наврӯзи умеди миллати мо ваҳдат

Наврӯзи умеди миллати мо ваҳдат,

Шаҳроҳи сафеди миллати мо ваҳдат.

Хуршеди пуранвори диёри обод,

Аз бахт навиди миллати мо ваҳдат.

Ваҳдат, иттиҳод, ҳамбастагӣ, дӯстию бародарӣ! Ин воҷаҳо  муқаддас буда, ба дилу ҷони ҳар як инсон азизу қаринанд ва зиндагӣ аз онҳо рангу бӯю авҷу нумӯи тоза мегирад. Ваҳдат наврӯзи умеди ҳар як халқу миллат аст. Шоҳроҳи сафеди мардум ҷониби фардои дурахшон аз он оғоз мегирад. Бахт ба рӯйи одам хандида, хуршед болои сараш  нурафшонӣ мекунад. Дар маҷмӯъ, ваҳдат сарчашмаи тамоми комёбиҳои халқу миллат мебошад. Аз ваҳдату дӯстӣ баҳори орзуҳо гулафшон шуда, Ватан ободу шукуфо мегардад, офтоби муҳаббат ҷониби кас ханда мезанад.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашни саодат ва пирӯзиҳои мардуми сарбаланду сарафрози тоҷик дар ҷодаи меҳанпарастию хештаншиносӣ, дӯстию ягонагӣ ва баҳамомаданҳо мебошад. Он рӯзест, ки моро дубора эҳё кард, ба кору рӯзгорамон маънию мазмуни тоза бахшид. Ватанро аз парокандагию нестӣ ҳифз намуд. Ваҳдати миллӣ ҳумои бахту саодате  буд, ки ба поси ҳастии ин халқу миллат насиби мо, тоҷикон, гардид.  Ба қавли Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Низом Қосим:

Қатра-қатра оқибат дарё шудем,

Зарра-зарра кӯҳи побарҷо шудем.

Сад ҳазорон «ман» ба ҳам  ҷамъ омадем,

То дар ин даҳри парешон «мо» шудем.

Ҳамин аз парокандагию нифоқ, ҷанги таҳмилии бародаркуш раҳоӣ ёфтани миллати тоҷик ва тавассути кӯшишҳои пайвастаи Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба сулҳу ваҳдат расидану «мо» шудани мардум дар он айёми нурбори моҳи июни соли 1997 манбаи илҳоми адибони тоҷик гардид.

Устод Лоиқ Шералӣ шеъри  машҳури  «Сулҳи деринтизор»-ро эҷод кард.

Устоди зиндаёд Ашӯр Сафар аз оши оштии Хуҷанд илҳом гирифта, бо меҳру муҳаббати зиёд дар ситоиши Пешвои миллат чунин мисраъҳоро офарид:

Ҷомаи сулҳ ба тан омадаӣ,

Ба даҳан қанди сухан омадаӣ.

Ба замин не, ба ҳаво не,ба куҷо?

Сар-сари дидаи ман омадаӣ.

Чунин эҳсосоти  пур аз меҳр аз ҷониби шоири шинохтаи тоҷик Ғаффор  Мирзо ин тавр ба қалам дода шудаанд:

Чӣ навиде?! Хабари ид муборак бошад,

Ид дар домани хуршед муборак бошад!

… Панҷаи оштӣ гардид  ду мушти паси пушт,

Тарафайн оз бубахшид,  муборак бошад!

Чунин мисраю байт ва шеъру таронаҳои пур аз эҳсосҳои  садоқату вафо, меҳру муҳаббат, орзую омол ва ва ифтихор аз ваҳдату дӯстиро мо дар эҷодиёти аксар устодони каломи бадеъ мутолиа карда метавонем.

Инак, соли бистусеюм аст, ки мардуми сарбаланду меҳанпараст, сулҳхоҳу ваҳдатофари тоҷик санаи фархунда Рӯзи Ваҳдати миллиро дар фазои сулҳу суботи комил, якпорчагии Ватан ва дӯстию якдигарфаҳмӣ, бо шукӯҳу шаҳомати бузург истиқбол мегиранд. Одамон дар ҳама ҷо шукри ваҳдати миллию Пешвои ваҳдатофар мекунанд.  Дар забони  хурду калон каломи ваҳдату ягонагӣ пайваста садо медиҳад. Байти зерини  Шоири халқии Тоҷикистон,  устод  Камол Насрулло ҳолати имрӯзаи мардуми моро ба таври муҷаз хулоса кардааст:

Нусрати дасти фишурда   зинда бод!

Фатҳи мардони багурда  зинда бод!

 

Нуриддини АМРИДДИН

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *