БА ҚАДРИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ОБОДИИ ВАТАН БОЯД РАСИД!

Филми “Хиёнат”, ки дар телевизионҳои кишвар намоиш дода шуд,  рафтори душманони миллат ва бедодгариҳои онҳо дар оғози соҳибистиқлолӣ фош намуд. Мо магар воқеаҳои солҳои аввали соҳибистиқлолиро фаромӯш кардем, ки даст ба чунин аъмоли ношиста мезанем. Фирефтаи афкори ифротгароёнаи бадхоҳони миллат нагашта, ба қадри оромию субот ва сулҳу ваҳдат расидан лозим аст. Аз ҳар як рафтору гуфтори мо душманони миллат истифода мебаранд ва мехоҳанд оромию осоиштагии давлату кишварро барҳам зананд.

Мардуми сарбаланди тоҷик аз азал башардӯсту фидокор ва меҳанпарасту ватандӯст буд ва ин оини нек то ба имрӯз ба мо мерос мондааст. Имрӯз тамоми мардуми Тоҷикистон дар атрофи Пешвои муаззами хеш сарҷамъ омада, баҳри пойдор намудани сулҳу субот, ва тинҷиву оромии кишвар талоши беш аз пештара намуда истодаанд. ТТЭ ҲНИ аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ танҳои барои халалдор кардани давлату миллати тоҷик амал кардааст далели ин гуфтаҳо ин ҷанги хонумонсӯзи бародаркуш мебошад, ки бо дасти ҳамин ташкилкунандаи гурӯҳҳои  терористи  бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ шуда барои миллати тоҷик чи қадар вазниниҳоро ба миён овард.

Имрӯзҳои тамоми мардуми кишвар мехоҳанд роҳбарони ин ташкилот дар назди қонун ва миллати тоҷик ба ин хиёнаткориҳояшон ҷавоб дода бошанд. Вале Муҳиддин Кабирӣ бо пайравони ТТЭ  ҲНИ-ашон набояд фаромӯш кунанд,ки ин тaзоҳуроту ҳамоишҳояшон дигар рӯҳияи озодихоҳӣ, ватандӯстӣ ва созандагии мардуми моро шикаста наметавонанд. Бояд гуфт,ки имрӯз бояд ҳар кадоме аз шаҳрванони баору номуси кишвар бо ҳисси баланди ифтихор аз Ватану ватандорӣ намуда, амалҳои номатлуби нафароне хиёнаткору бадрафторон ва кӯрнамаконро маҳкум намоем. Имрӯз, ки мамлакат бо баракати ҳамин сулҳу ваҳдат ба марҳалаи созандагию бунёдкорӣ ворид шуда, пайваста рушд мекунад.

Аммо душманони миллат мехоҳанд, ки давлатро ғасб намуда, мардумро бори дигар ба гирдоби фоҷиа ва нобасомониҳо кашанд. Мардумони шарафманди миллати мо имрӯз бояд донанд ин Сулҳу Ваҳдате, ки болои сари мо парафшон аст бо заҳмату талошҳои хело зиёди Пешвои муаззами мо ба даст омадааст ва ҳар як шаҳрванди кишвар аз он вазъи сулҳу амоние, ки дар кишварамон ҳаст, фахр бояд кунад, зеро ки кишвари мо бо қадамҳои устуворона пеш рафта истодааст.

Раъно Маннонова,

устоди кафедраи забонҳои тоҷикӣ

ва русии ДИС ДДТТ,

 номзади илмҳои педагогӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *