Шукргузорӣ аз бисту сесолагии Ваҳдати миллӣ

Бисту се сол пеш аз ин, 27 июни соли 1997 бо имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон марҳилаи душвору вазнин ва пурихтилоф ниҳоят ба поён расид. Дар ҳаёти давлатдории тоҷикон як саҳифаи тозаву пурсафо боз гардид. Парокандагии миллӣ, ҷудоӣ ба маҳаллу гурӯҳҳо ва паси сангар пайи қасди якдигар қарор гирифтани тоҷикон, ки акнун Истиқлолият насибашон гашта буд, воқеан даҳшат ва хатари азимеро мемонд. Маҳз бо шарофати саъю талош ва фидокориҳои беназири Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғаму андуҳу ноумедӣ ба поён расид. Ин тантанаи бузурги ғалабаи некӣ бар бадӣ буд, ки халқи тоҷик онро гарму ҷӯшон ва ботантана истиқбол намуд.

Ҳуҷҷати тақдирсози сулҳ рамзи воқеии боҳамоиву сарҷамъии миллат, иттиҳоду ягонагии мардум, пирӯзии ақлу заковати солим ва тантанаи сулҳу субот дар саросари кишвар гардид. Миллати тоҷик бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кохи бегазанди Ваҳдати миллиро устувор бунёд намуд ва роҳи ояндаро ба сӯйи татбиқи нақшаҳои бузурги бунёдкорӣ пеш гирифт.

Ҳиммати баланди бахшандагӣ ва ақлу заковати фозилонаи Сарвари кишварамон Эмомалӣ Раҳмон воқеан, сазовори ситоиш аст. Ин амали ҷавонмардона ва хирадмандона зиндагии хушу гуворо ва оромию осоиштагии имрӯзаро ба бор овард. Ин падидаи нодир – таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон аз ҷониби ҷомеи ҷаҳонӣ пазируфта шуд ва моро дар арсаи байналмилалӣ бори дигар чун миллати мутамаддину ватандӯст муаррифӣ намуд. Албатта, пойдевори ин ваҳдати бузург ҳанӯз дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар Қасри Арбоб гузошта шуда буд. Ин Иҷлосияи тақдирсоз тарафҳои мухолифро ба ҳам овард ва роҳи минбаъдаи тоҷиконро ба сӯй Ваҳдати миллӣ равшан сохт. Имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ шаҳодати пирӯзии хиради мардуми сулҳпарвар ва фарҳангсолори тоҷик мебошад.

Имрӯз ҷумҳурии моро дар арсаи ҷаҳон чун кишвари сулҳгарову осоишта мешиносанд. Боиси хурсандист, ки обрӯву нуфузи Ватанамон сол то сол боло меравад. Пешвои муаззами миллат дар сиёсати давлатдорӣ ба соҳаи маориф авлавият дод. Ин имкон фароҳам овард, ки соҳаи мазкур ба рушди ҷаҳонии таълиму тарбия ҳамоҳангӣ пайдо кунад. Натиҷаи ҳамин аст, ки таълиму тарбия сол то сол сифатан беҳтар шуда, хонандагони муассисаҳои таълимӣ донишҳои замонавиро аз бар мекунанд.

Имрӯзҳо мардуми тоҷик шукр аз он мекунанд, ки дар роҳи эҷоди сулҳу ваҳдати миллӣ ҳама душвориҳоро бартараф намуданд ва дар ҳавои тозаву беғубор, сарзамини биҳиштосо умр ба сар мебаранд. Шукрона аз сарзамину миллат ва Ватани аҷдодӣ намуда, барои таҳкими минбаъдаи Ваҳдати миллӣ ва ягонагии миллат тамоми кӯшишу ғайрати худро равона месозанд. Бояд дар раванди давлатсозиву давлатдории навини худ рӯ ба арзишҳои бузурги таърихию фарҳангӣ оварда, ҷавҳари андешаи миллиро бо дарки амиқ тақвият бахшем. Шукргузорӣ аз бисту сесолагии Ваҳдати миллӣ кунем ва ин санаи фархундаро васфу тараннум намоем:

Миёни мову ту ваҳшат набошад,

Гуноҳе муҷиби нафрат набошад.

Илоҷи иллати носури миллат

Ба ҷуз ваҳдат, ба ҷуз ваҳдат набошад.

 

Ҳавасмоҳ БОБОШОЕВА

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *