ҲИЗБИ НАҲЗАТ- ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ, ИҒВОАНГЕЗ ВА ХИЁНАТКОР

 

Яке аз масъалаҳои ҷиддие, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонро нигарон кардааст, проблемаи терроризму ифротгароӣ аст. Бо таври ғайри интизорӣ сиёсикунонии дин яке аз масъалахои сарбастаи низоми сиёсӣ дар кишвархои Шарки мусалмонӣ гардидааст. Давлатдории дунявӣ хам ифротгарои атеист ва диниро надорад. Ин ҷараёни хатарзо ба худ хусусияти марзнописандӣ касб карда, кулли мардуми сайёраро водор мекунад, ки ҷиҳати пешгирӣ ва кам кардани зарари он андеша намоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба чунин проблемаҳо бетараф буда наметавонад. Бахусус, дар шароите ки кишвари ҳаммарз ва ҳамфарҳанги мо – Афғонистон дар ҳоли муташанниҷу бесуботӣ қарор дорад, ҷомеаи Тоҷикистонро ин вазъият дучанд нигарон мекунад.

Бояд гуфт, ки кирдорҳои террористӣ бо мақсадҳои гуногун тарҳрезӣ гардида, дар натиҷаи амалиёти манфиатталабонаи онҳо ҳамасола ҳазорон шаҳрвандони оддӣ ба ҳалокат мерасанд. Як ҳамлаи гурӯҳи террористии Толибон ба мактабе дар шаҳри Пешовари кишвари Покистон, ки дар натиҷаи он зиёда аз 140 нафар ба ҳалокат расид, ба гуфтаҳои боло мисоли равшан буда метавонад. Дар ин замина, мушкилоти дигар гаравидани ҷавонон ба чунин ҳизбу ҳаракатҳо мебошад.

Аз таърихи солхои 90-уми асри гузаштаи кишварамон ёдовар шуда, қайд кардан зарур аст. ки созмоне бо номи Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИ) бо мақсадҳои нопоку риёкорона ва ҷинояткорона ба саҳнаи сиёсат омад.  Ин ҳизб фазои орому осоиштаи Ватанро бо роҳи низоъандозӣ оташи ҷанги шаҳрвандиро афрӯхта садҳо ҳазоронро бадбахту хонавайрон карда, ба хоку хун оғушта кард. Инчунин ҷавонони моро ба сафи ҳаракатҳои террористиву тундгаро, аз ҷумла шиагароӣ ҷалб сохт. Дар натиҷа баъзе ҷавонони ноогоҳ дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи Сурия маҳз бо тарғиб ва ташвиқи ҳамин хоинони ҷинояткор сурат гирифтааст.

Агарчи фаъолияти ташкилоти террористӣ, иғвоангез ва хиёнаткор ҲНИ бо қарори Суди Олии кишвар манъ шудааст, аз беруни кишвар бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, боз ба оромиву суботи кишвар халал ворид созанд. Дар ин роҳ онҳо аз ягон амали ҷинояткорона даст намекашанд. Масалан тибқи маълумоти мақомоти дахлдор танҳо дар соли 2020 аз ҷониби сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ 1091 ҷиноятҳои хусусиятҳои террористӣ-эксремистидошта ошкор ва беш аз 271 нафар аъзо ва тарафдорони равияву гурӯҳҳо дастгир шуданд. Аз ин шумора“Ҳизби наҳзати ислом”- 17 нафар ,”Бародарони мусулмон”-148, “Давлати исломӣ”-39,”Гуруҳи 24”-8, “Ал –Қоида”-3 нафар дастгир шуданд”

Бинобар ин, бахусус ҷавонон, бояд дар такя бо сиёсати созандаву маорифпарваронаи ҳукумати кишвар, ки ҷиҳати мубориза алайҳи терроризму экстремизм мавқеи оштинопазир доранд, амал карда, ваҳдату ягонагии сартосариро муҳофизат кунанд. Мардуми тоҷик, аз ҷумла ҷавонони созанда ҷиҳати нигоҳдошти сулҳу субот нақши бориз дошта метавонанд. Бунёд ва ҳифзи оилаи солим, таълиму тарбияти дурусти кӯдакон, масъулиятнокӣ дар ҳифзи муқаддасоти Ватан – марзу бум, амният, зиракии сиёсӣ ва монанди ин ҷиҳати мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа масъулияти ҳар як нафар шаҳрванди Тоҷикистон аст.

 

              Ⱪобилова Н.Ю-ассистенти кафедраи

                        бахисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит  

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *