НАГУЗОРЕМ, КИ ДАР ШУУРИ НАВРАСОНУ ҶАВОНОН МАФКУРАИ БЕГОНАРО ҶОЙ НАМОЯНД!

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар давоми панҷсолаи охир фаъолияти тарғиботӣ-ташвиқотии ташкилотҳои террористӣ, экстримистӣ, ҳолатҳои барангехтани кинаю адоват, низоъи миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ, динӣ ва паст задани шаъну эътибори миллӣ бо истифода аз шабакаи интернетӣ, баҳри сафарбаркунии ҷомеа ба ҳолати зиддиятнокии сиёсӣ ё динӣ ба назар мерасанд. Ин ҳолат асосан дар сомонаҳои иҷтимоии “Фейсбук”, “Однокласник” ва дигар барномаҳои месенҷерӣ натиҷаи чунин фаъолият ба мушоҳида мерасад, ки бо ин васила асосан пайравони ТТЭ ҲНИ ва Гуруҳи-24 ба “мағзшӯи”-и ҷавонон машғул буда, баъзе аз ҷавонони моро гумроҳ месозанд. Дар робита ба ин, бо дарназардошти расонаҳои хабарӣ мисоли мувофиқ меорем, ки сокини шаҳри Ваҳдат ҷавоне бо номи Беҳрўз дар давоми солҳои охир дар барномаҳои ифротии пайравони ТТЭ ҲНИ-ро мунтазам тамошо намуда, тавассути саҳифаи шахсиаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ онҳоро ҳадафмандона паҳн намудааст.. Оқибат Беҳрўзи Абдуллоҷон тибқи қарори Суди шаҳри Ваҳдат мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои даъватҳои оммавӣ ба фаъолиятҳои террористӣ, сафедкунии оммавии терроризм ва таблиғи терроризм айбдор карда шуда, ба муҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум шудааст.
Дар фарҷоми андешаи хеш хулосабарорӣ намуда, қайд менамоем, ки имрӯз хатаранзегӣ дар фазои иттилоотӣ яке аз хафноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз техналогияи муосир тарзу усули нави истифодабариро касб мекунанд. Бинобар ин ҷавонони ватандӯсти мо бояд ҳушёру зирак бошанд ва нагузоранд, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯи дохиливу хориҷӣ дар шуури дигар наврасону ҷавонони мо мафкураи бегона, хурофотӣ ва ифротгароёнаро ҷой намоянд.
Т.САЛИМОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *