МО ҶОНИБДОРИ ҲАЛЛУ ФАСЛИ ФАРОГИРИ ҚАЗИЯИ АФҒОНИСТОН ВА ЭҲЁИ СУЛҲУ СУБОТИ ПОЙДОР ҲАСТЕМ!

Вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатҳо ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, мутаассифона, таҳдиди амалҳои нави террористӣ то ҳол аз байн нарафтааст. Имрӯзҳо дар бархе аз кишварҳои ҷаҳони ислом, бахусус солҳои охир дар Афғонистон амалҳои террористӣ содир шуда истодаанд, ки вазъи сиёсӣ дар ин кишвар ноором буда, мардуми осоишта қурбони амалҳои гуруҳу ҳаракатҳои терророристӣ ва ифротгароӣ гардидаанд. Дар шароити буҳрони иҷтимоиву иқтисодӣ ва фалокати башардӯстона дар Афғонистон, рӯзмарра будани ин таҳдидҳо меафзояд, зеро дар он ҷо фаъолияти гуруҳҳои ҷиноятпеша, ташкилотҳои террористӣ ва савдои маводи нашъаовар ҳамчун яке аз манбаъҳои зинда мондани одамон тақвият меёбад. Айни замон гурӯҳҳои террористии ба ном Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ), Ал-Қоида ва монанди инҳо барои анҷом додани ғаразҳои сиёсии худ фаъолият доранд. Баробари ин кардан зарур аст,ки дар замони суқути ҳаракти “Толибон”миқдори муайяни ҷангҷӯёни Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) аз зиндонҳо озод шуданд. Имруз дар Афғонистон ДИИШ 40 ҳазор ҷангҷӯ дорад, ки ду ҳазор нафари онҳо хориҷӣ ҳастанд. Вобаста ба масъалаи маблағгузории ДИИШ-ро коршиносон муҳокима намуда, ҳисоб кардаанд, ки даромади террористон аз Афғонистон танҳо 30 фоизи хароҷоташонро мепӯшонад ва 70 фоизи дигар бошад ба буҷаи ДИИШ аз хориҷ ворид мегардад. Мақсади асосии гурӯҳҳои террористӣ, пеш аз ҳама расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодӣ аст. Дар қаламравӣ Афғонистон танҳо дар соли 2021 зиёда аз 17 ҳамлаи террористӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷаи таркишҳо дар шаҳрҳои Кобул, Нангарҳор, Парвон ва Кундуз тақрибан 600 нафар осеб дидаанд. Бояд қайд кард, ки дар натиҷаи амалиёти террористӣ шумораи зиёди аҳолии бегуноҳ ба ҳалокат расида,бештари занон бо кӯдаконашон диёри хешро тарк намуда, ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба кишвари мо гуреза шудаанд. Тибқи маълумоти Раёсати Комиссари олии СММ оид ба умури гурезагон, то охири соли 2020 дар қаламрави Тоҷикистон 6,5 ҳазор гурезаҳо ва шахсони ҷӯяндаи паноҳгоҳ аз Афғонистон ба қайд гирифта шуда буданд. Аз моҳи январ то августи соли 2021, то замони қатъи парвози байналмилалӣ дар Афғонистон шумори гурезаҳо ҳудуди 14 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Хулоса он чи бар сари халқи Афғонистон омад, моро бетарафу ором гузошта наметавонад. Аз ин лиҳоз, аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ба гурезагони афғон – занону кӯдакон кумакҳои зарурӣ амалӣ мешаванд. Дар робита ба ин, бояд қайд кард, ки аз ҷониби роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкории ҳамешагии ЮНЕСКО дар амалӣ намудани барнома ва лоиҳаҳо ҷиҳати рушди маорифи кишвар чораҳои дахлдорро роҳандозӣ менамояд. Дар ин замина яке аз масъалаҳое, ки дар қатори дигар масъалаҳо мавриди таваҷҷуҳ қарор дода мешавад, ин ҷалби гурезагони афғон ба таҳсил мебошад. Баробари ин кардан бамаврид аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти таҷрибаи талхи солҳои 90-уми асри гузаштаи таърихи халқи Тоҷикистон якчанд маротиба зимни музокироти сатҳи олӣ дар доираи нишасти созмонҳо ва мулоқот бо роҳбарони давлатҳо, аз мавқеи Тоҷикистон дар масоили эътидоли вазъ дар Афғонистон пуштибонӣ карданд. Ин дар ҳолест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз суқути давлати Афғонистон ва ғасби ҳукумати ин кишвар аз сӯи гурӯҳи иртиҷоии «Толибон» мавқеи худро ошкоро баён намуда, эълон дошт, ки ҷонибдори ҳукумати фарогир бо иштироки намояндагони тамоми неруҳои сиёсӣ ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тоҷикон, дар ин кишвар аст. Хулоса кишвари мо ҳамчун ҳамсояи наздик ҳамеша ҷонибдори ҳаллу фасли фарогири қазияи Афғонистон ва эҳёи сулҳу суботи пойдор дар ин кишвар мебошад.
Ф.МАМАДҶОНОВ, устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *