FАЙБАТ ВА ТӮҲМАТАФКАНИҲОИ М.САДРИДДИНРО МАҲКУМ МЕНАМОЕМ!

 

Имрӯз бархе аз душманони миллат ба монанди М.Садриддин аз дуриҳо истода нисбат ба давлату миллати худ суханони таҳқиромез гуфта, шахсони баландпояи кишварро тӯҳмату ғайбат мекунад. Воқеан, имрӯз М. Садриддинро ҳамчун як нафари хоин ватанфурӯш ва нокасу бешараф мешиносанд. Ин хоини миллат дар Аврупо қарор дошта, тибқи супоришҳои хоҷагони хориҷаш ба паст намудани шаъну шарафи кишвари мо ҳаракат намуда истодааст. Наҳзатиён имрӯз дар ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, террористӣ-экстремистӣ машғул шуда, бо кӯмакҳои давлатҳои хориҷии ба ҳамагон маълум боз меҳоҳанд дар кишвари азизамон чун солҳои 90-уми асри гузашта ҷангу ҷидолро ба миён оварад. Дар ҳақиқат имрӯз наҳзатиён бозичаи навбатии ҳочагони хориҷӣ гардида, мардуми осоишта ва сулҳхоҳи тоҷикро ба ташкил намудани эътирозҳо даъват намуда истодаанд. Мо мардуми боору номуси кишвар таҳдиду ғайбат ва бадгумонии наҳзатиёнро шадидан маҳкум карда, намегузорем, ки нохалафон ба мисли М.Садриддини бешараф бар зидди кишвару миллати мо сухан гӯяд.

Пас аз мутолиа намудани масъалаи матраҳшуда, хонандаи закӣ бори дигар итминон ҳосил мекунад, ки наҳзатиён  душмани қаттоли миллати тоҷик буда, ҳоло ҳам Ватани моро дар арсаи байналмилалӣ бадном кунад. Аммо ҷомеаи ҷаҳонӣ комилан огоҳ аст, ки сабабгори сар задани бадбахтиҳо дар ҷумҳурӣ  маҳз ҳизби ифротии наҳзат буда, хатари ин террористони хунхор ба тамоми олам таҳдид мекунадБинобар ин, моро зарур аст, ки барои оромиву осудагии миллати худ, барои сулҳу суботи кишвар тамоми қушишу ғайрати хешро равона намоем. Вақте миллати бофарҳанги тоҷик аз як гиребон сар мебарорад, ҳеҷ қуввае аз дохилу берун моро таҳдиду ғайбат карда наметавонад.

        Ҷӯраев Ҷ., мудири шуъбаи бақайдгирӣ

       ва машварати ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *