НАҲЗАТИҲО ХЕҶ ГОҲ БА МАҚСАДИ ХУД НАҲОҲАНД РАСИД.

 

            Мусаллам аст, ки дар ҳар давру замон афродон пайдо мешаванд, ки ба тинҷиву оромӣ ва сулҳу субот дар кишвар бо чашми бадбинона нигоҳ карда ба он монеагӣ эҷод мекунанд. Ба ин гуна ашхосон аъзоёни собиқ ҲНИ мисол шуда метавонад. Имрӯзҳо назҳатиён бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ дар кишварҳои ғарбӣ худро ҷабрдидаи сиёсӣ ва намояндагони қувваҳои демократӣ муаррифӣ намуда, бо фиребу найранги навбатиаш бо хоҷагони хориҷӣ мекӯшанд, ки ҷомеаро аз ҳолати мувозанатӣ бароварда, ба алангаи низоъҳои иҷтимоӣ бикашанд. Бо баробари ин мо бар он ақидаем, ки ин зуҳури моҳияти сиёсати худхоҳонаи абарқудратоҳост, ки мехоҳанд бо дасти ин гурӯҳҳои раҳгумзадаи иҷтимоию сиёсӣ аз қабили ТТЭ ҲНИ ҷомеаи моро ноором гардонанд ва ҷараёни худшиносиву худогоҳии миллати моро халалдор гардонанд. Ба андешаи мо, ин падидаҳо то он даме, ки давлат вуҷуд дорад, боқӣ мемонанд. Аз ин рӯ, онҳоро набояд ҳамчун падидаи нав баррасӣ намуд, балки аз лиҳози илми ҳамеша ба онҳо баҳо дода, мазмуну мундариҷаи онро вокуниш намудан зарур аст. Муҳим он аст, ки онҳо ба амнияти ҷомеа таҳдид накунанд. Барои исботи андешаи боло аз таърих мисолҳои зиёд овардан мумкин аст. Чунончӣ, мақсади муборизаи мусаллаҳонаи назҳатиҳо барои ишғоли мансаб, соҳиб шудан ба қудрат, ба гурӯҳҳо ҷудо намудани аҳолӣ, таҳаммулнопазирӣ ба нерӯҳои дигари сиёсӣ, машғул шудан ба амалҳои гаравгонгирӣ ва террор аз моҳияти ғайридемократии он дарак медод. Назҳатиҳо бояд иқрор шаванд, ки бадбахтиҳои ба сари мардуми кишвар омада, маҳз аз маърифати пасти сиёсии саркардаҳои ТТЭ ҲНИ дар солҳои 90-уми асри гузашта буд. Новобаста аз ин то ҳатто собиқ аъзоёни ТТЭ ҲНИ  ва хешовандорни М.Кабирӣ дар филми ҳуҷҷатӣ бо номи «Хиёнат» иқрору тасдиқ карда, сарварони ҲНИ хоса М.Кабириро барои содир намудани амалҳои террористӣ гунаҳкори асосӣ мешуморанд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки бо баробари тамошои филмҳои  мустанади “Бозгашт аз ҷаҳаннам” ва «Хиёнат» имрӯзҳо мардуми шарифи кишварамон амиқтар дарк карданд, ки сабабгори аслии тамоми бадбахтиҳо ва корҳои нанговари зиёд гуруҳҳои ифротгаро буданд ва ҳастанд. Имруз равияи салафия, ваҳобия ва гурӯҳҳои ифротгаро ба мисоли ТТЭ ҲНИ, “Гурӯҳи -24” ва ғайраҳо мехоҳанд, ки дар кишвари мо ҷанги дубора авҷ гирад ва намонядагонаш ба ҳадафҳои нопоки худ бирасанд. Ба гурӯҳҳои ифротӣ, алалхусус ба назҳатиҳо таъкидан хотиррасон менамоем, ки ҳаргиз ба мақсадашон нахоҳанд расид. Зеро наҳзатиҳо ва ҳаммаслакони онҳо мақсадҳои сиёҳе доранд ва аз роҳи террору душманӣ барнагаштаанд. Имруз ҳизби наҳзатро ҳам дар хориҷ ва ҳам дар дохили мамлакат ҳамчун ташкилоти террористию экстремистӣ мешиносанд ва аъзоёну ҳаммаслакони онро ҳамчун душманони давлату миллат эътироф менамоянд. Хулоса замоне фаро расидааст, ки қатъи назар аз гуногунии ақидаҳои сиёсӣ ва динию мазҳабӣ дар амри пешгирӣ аз хатарҳои экстремистӣ ва терроризм баҳри саодати мардумамон, ободии хонаву дар ва ҳифзи Ватани азизамон ҳаммаром бошем.

Ҷӯраев Ҷ.Б-мудири шуъбаи бақайдгирӣ

 ва машварати ДИС ДДТТ

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *