ХИЁНАТКОРРО ВАТАН НАМЕБАХШАД.

Гурӯҳҳои мухолиф дар замони муосир ҳамчун яроқ аз ҷониби ташкилотҳои ифротӣ истифода шуда, ҷиҳати ба сомон расонидани  ҳадафҳои ғализи ғайриинсонии онҳо хизмат мекунад ва бо ин хизматҳояшон бар ивазаш чанд маблағи ночиз мегирад. Дар мисол мо метавонем Ташкилоти  террористии  собиқ  Ҳизби наҳзати  ислом (ТТЭ ҲНИ)-ро низ ба мисол  овардан ба маврид аст, ки дар Аврупо зери фармони ниҳодҳои давлатии исломӣ-хоҷагони хориҷиаш фаъолият дорад. Нанговараш дар он аст, ки миллату Ватани худро бо ду тангаи ночиз мефурӯшанд. Барои исботи фикри дар боло зикршуда, хиёнаткор, ватанфурӯш, бегонапараст собиқ роҳбари ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва чанд тан атрофиёнаш, ба мисли сагҳои дайду аз дури дур истода ба Ватани азизамон кӯшиши хатар эҷод карданро дорад. Инчунин аз сомонаҳои интернетӣ бохабарем, ки Муҳиддин Кабирӣ баъди ба Аврупо рафтан бо дастгирии хоҷагони хориҷиаш номи ҲНИ-ро , яъне бо ибораи дигар пӯсташро тағйир дода,  фаъолияти иғвоангези худро идома дода истодааст. Бо баробари ин бо найрангиҳои навабатии худ ҷавонони ноогоҳи тоҷикро ба гуруҳҳои ифротӣ ҷалб карда, нияти  террористу ифротгаро омода  намуданро дорад. Имрӯз роҳбарони наҳзатиёни хиёнаткор чанд сомонаҳои ғайрирасмиро ташкил  кардаанд, ки ҳадафи онҳо асосан тарғиби ғояҳои зиддимиллӣ ва коштани тухми кинаву адоват аст. ТТЭ ҲНИ тариқи сомонаҳои ғайрирасмӣ бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаст, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунад. Фаъолияти чунин равияҳои экстремистӣ, радикалӣ ва хурофотпарастӣ яке аз омилҳои асосии хатарзо барои имрӯзу фардои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа ба шумор меравад. Бояд зикр намуд, ки хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90 – ум доштанд, даст накашидаанд. Халқи тоҷик саҳифаҳои талхи таърихи солҳои 90-умро, ки ҷанги бародаркуш ҷомеаро ноором сохт, ҳеҷ вақт аз хотираш фаромӯш намекунад.Хиёнаткорон дар хотир додта бошанд, ки мо ҷавонони солҳои 90-ум  нестем, ки дар ғафлат бимонем. Мо ҷавонон бори дигар ба назҳатиёни ватанфурӯш хотиррасон мекунем, ки хиёнаткорроро Ватан намебахшад! Бо баробари ин хиёнаткорон фаҳмонданиям, ки Тоҷикистони имрӯза дигар Тоҷикистони солҳои 90-уми асри гузашта нест!

Хулоса мо ҷавонони сарбаланди миллат ҳамеша бо гуруҳҳои ифротгаро дар муборизаем ва намегузорем, ки амалҳои зишти  назҳатиёни хиёнаткор ҷомеаро ноором кунад.

 Файзиев М. – ассистенти кафедраи

математекаи олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *