НАҚШИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ ДАР ТАЪМИНИ СУЛҲУ СУБОТ ВА АМНИЯТУ ОСУДАГӢ

Дар солҳои охир доир ба афзоиш ва густариши терроризм, ифротгарӣ ва дигар падидаҳои номатлубу хатарафзо, ки боиси ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштаанд, дар васоити ахбори омма хабару нигоришоти зиёде ба назар мерасанд, ки ин ҳолат давлату ҷомеаи соҳибтамаддуни Тоҷикистонро низ бетараф гузошта наметавонад.

Бо ифтихор хотиррасон менамоем, ки санаи 04.05.2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси байналмиллалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» иштирок ва маърўза намуда қайд намуданд: «Имрўзҳо дар гўшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳзо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷеабору  дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад».

Имрўз терроризм ва ифротгароии муосир бо худ хислати оммавиро соҳиб гашта, дар он мутаассифона на танҳо гурӯҳҳои сиёсӣ, балки иттиҳодияҳои миллӣ ва динӣ, ки дар асоси манфиатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ташкил шудаанд,  низ ҷалб карда шуда истодаанд, ки ба сулҳу субот ва ба амнияту осудагӣ аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ хатар меоварад. Терроризм имрӯз чун силоҳи асосии расидан ба манфиатҳои сиёсӣ ва иқтисодии гурўҳу иттиҳодияҳо мубаддал гашта, террорист ва ифротгар ҳамчун ашхоси иҷрокунанда ва воситаи расидан ба мақсадҳои ғаразноки онҳо табдил гаштааст. Вале ин ҳама наметавонад асоси пешрафти фаъолият ва ҳукмронии даҳшатангезонаи ин ниҳодҳо бошад, зеро то ба ин замон таърих гувоҳ аст, ки ягон шахс, гурӯҳ, ҳизб, ҳаракат ва инчунин,  соҳибдавлате агарчанде соҳиби тамоми иқтидор бошад ҳам, бо зӯрӣ, бимдиҳӣ ва куштору ғорат натавонистааст пояҳои давлатдориро, сулҳу субот ва амнияти дар ҷомеа таъмин бударо вайрон намояд.

Таъмини низоми сулҳу субот ва амнияту осудагӣ дар ҷомеа неъмати бебаҳо буда дар натиҷаи мубориза бо терроризм  ва ифротгароӣ пойдору инкишоф меёбад ва он ҳалли масъалаҳои муҳимтаринро, ба монанди аз байн бурдани  омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявиро талаб менамояд. Мувофиқи мақсад аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмўи тадбиру чорабиниҳои зарурию муштаракро тартиб дода, амали мунтазами онҳоро барои ноил шудан ба натиҷаҳои нафъовари сиёсию иқтисодӣ дар мамлакат мусоидат намудаанд.

          Тоҷикистон ҳамчун узви Созмони Миллали  Муттаҳид фаъолияти самарабахши созандаро зидди хатару таҳдидҳои терроризм ва ифротгароӣ густариш дода сулҳу субот ва амнияту осоиштагии аҳолии мамлакатро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт намуда истодааст, ки онро низ дигар давлатҳои мутараққии ҷаҳон эътироф кардаанд.

          Шароити мураккаби сиёсии имрўза барои аз байн бурдани сулҳу субот ва амнияту осоиштагии тамоми кишварҳои дунё хафу хатар бунёд карда истодааст.

          Исбот  шудааст, ки ноил шудан ба ҳадафҳои нек муборизаи якдилонаи тамоми кишварҳои дунёро бар зидди терроризму ифротгароӣ металабад. Гурўҳҳои терористӣ ва ифротгароӣ якҷоя бо созмонҳзои диниву миллатгароӣ тундрав дар аксарияти минтақаҳои ҷаҳон хушунату зўроварӣ, хунрезиву низоъҳои диниву мазҳабиро   ташкил дода истодаанд, ки  сабаби таҳдиди сулҳу ваҳдат ва амнияти аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ шуда истодаанд.

          Тоҷикон аз қадимулайён ватандўст, некному одамдўст буда бо номи неки худ дар тамоми ҷаҳон машҳур шудаанд ва боқӣ мондаанд.

Сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмин намудани сулҳу субот ва амнияту осудагӣ дар Тоҷикистон ва тамоми дунё равона гардидааст, ки онро мо тоҷикистониён ҳарҷониба дастгирӣ менамоем ва барои ба онҳо ноил шудан бо фаъолияти самараноки худ бояд мусоидат намоем.

Мардуми кишвари озоду ободи Тоҷикистон имрўз аз он мефахрад, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ соҳиби давлати миллӣ ва рамзҳои давлатӣ гардиданд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад…». Аз ин рў, давру замон дар назди мо-ҷавонон аҳли зиё, олимон ва соҳибватанон вазифаҳои бузургеро гузоштааст: бояд ба хотири ҳифз ва гиромидошти дастовардҳои даврони Истиқлолияти кишвар доир ба масъалаҳои пешгирии фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ки ба муқобили шукуфоӣ ва пешравиҳои инсоният нигаронида шудааст, муборизаи беамон барем ва дар ташаккули андеша, фарҳанг ва давлати миллӣ саҳми муносиб гузорем, ки дар таъмини сулҳу субот ва амнияту осудагӣ нақши арзанда дорад.

Абдураҳмонов Маҳмуд,

н.и.и., дотсенти ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *