Таҷовузи (экспансия) экстримизми динӣ ҷиҳати таъсис додани пойгоҳ барои таълим додани ҷавонони аз умули динӣ бехабар, ки фардо дар куштану тарконидани мардуми бегуноҳ, вайрон кардани шаҳру деҳоте, ки худашон дар он ҷо ба воя расидаанд, даст мезананд мусулмонони одиро ба ҳаяҷон овардааст. Аз ҳама даҳшатовар он аст, ки терроризм давлат сарҳад ва миллат надошта хусусияти трансмиллӣ гирифта, мусулмонони бегуноҳ қурбони ин бозиҳо шуда истодаанд.
Муҳимтарин масъала имрўз дар минтака таъмини сулҳу осоиштагӣ, ҳамзистии мусолиматомези дин бо фарҳангҳои гуногун дар ҷомеа буда, дар ин раванд бояд афзуд, ки ҳаракатҳои динӣ метавонанд бо дастгирии соҳибони хориҷиашон ҳамчуномили тағйир додани вазъияти сиёсӣ истифода шаванд.
Давлати муосири миллӣ дар заминаи ҳифз ва рушди арзишҳои миллӣ ва ҳувияти миллӣ арзи вучуд карда метавонад.
Дар замони ҷаҳонишавии босуръат мо амнияти давлат ва ҷомеа, ваҳдати миллӣ, зиндагии орому осуда ва устувории пояҳои давлатдории миллиамонро ҳамон вакт пурра таъмин карда метавонем, ки барои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва худогоҳиву худшиносии миллӣ пайваста саъю талош варзем ва кўшиш намоем, ки арзишҳои диниамон барои рушди давлатамон хизмат намоянд ва ба ҳаёти маънавии мо ранги тоза бахшанд.
Боиси қайд аст, ки амалҳои террористии замони муосир хислати муташаккилиро касб намудаанд. Вазъияти Ироқу Сурия ва дигар кишварҳо, ки таҳти нуфузи гурӯҳҳои террористӣ қарор доранд ба ҳамагон равшан аст. Чи тавр зуҳуроти номатлубро пешгири бояд намуд? Пеш аз ҳама, маърифати ҳуқуқи ва сиёсии ҷавононро баланд намуда, муқаддас будани Ватан, модар, сулҳ ва арзишҳои дигарро фаҳмонидан лозим аст.
Мо бояд ба наслҳои ҷавон, ки идомадиҳандаи рисолати бузургу таърихии давтатдориамон мебошанд, пайваста таъкид намоем, ки аз таассубу хуруфотпарастӣ ва ифротгароиву тангназариҳои диниву мазҳабӣ дур бошанд. Инчунин мо вазифадорем, ки ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандўстиву меҳнатпарастии фарзандони худро тақвият бахшем, то ки онҳо арзишҳои фарҳанги ғаниву рангоранги гузаштаи миллати худро кадр намоянд.
Мо ҷавонони саодатмандӣ давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва тамоми қишрҳои ҷомеа, даст ба дасти ҳам гирифта ба муқобили терроризм ин зуҳуроти номатлуби давр мубориза барем то ин ки сарзамини биҳиштосо, ором ва ободро аз ин ҳам ободтар созем ба наслҳои оянда мерос гузорем.
Баротова Н.,
дотсенти кафедраи назарияи иктисод