Омилҳое, ки дар ҷомеаи муосир барои рушди терроризму экстремизм мусоидат мекунанд бояд бартараф карда шаванд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иброз дошт.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт.

Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат метавонад боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам гардад.[1]

Олимони муосир якчанд омилҳоеро номбар кардаанд, ки барои рушду паҳн гардидани экстремизму терроризм мусоидат менамоянд:

  1. Муҳити муайяни иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-сиёсӣ. Терроризму эктремизм дар ҷамъияте пайдо шуда метавонанд, ки таносубан фарқи байни қишри камбизоати ҷомеа ва дорои он хеле зиёд аст. Дар ҷомеае, ки аксарияти мардум қашшоқона умр ба сар мебаранду барои бо роҳи қонунӣ тағйир додани ҳолати худ боварие надоранд.
  2. Барои паҳн гаштани экстремизму терроризм иттилооти бардурўғе лозим аст, ки ақлу ҳуши одамони ноогоҳро зуд мебарад.
  3. Мавҷудияти ҷангҳо ва давлатҳои ҷангзада, ки макони зўроварӣ мебошанд. Аз нимаи дуюми асри ХХ масъалаҳои ҳалталаби зерин барои экстремизми сиёсӣ мусоидат намуд: ҷанг дар давлати Афғонистон, ҷанги гражданӣ дар Югославия, Чеченистон, Ливия, Сирия Украина ва дигар давлатҳое, ки аз сарри худ ҷангҳоро паси сар кардаанд.
  4. Паҳн гардидани ақидаи муайяни бардурўғ дар ҷомеа ва агар аз тарфи зиёиён эътироф гардад он гоҳ он албатта доман меафрозад.
  5. Масъалаҳои хусусияти геополитикӣ дошта ба монанди:

а)  талош барои аз нав  тақсим намудани ҷаҳон ва захираҳои он;

б) нақши ИМА дар низоми ҳамкории зиддитеррористӣ кўшиши ин давлат барои  эътироф накардани нақши СММ дар истифодабарии ҷараёнҳои фаъолгарднии мубориза бо терроризм барои манфиатҳои экспансионии худ бо баҳонаи ҷорисозии модели демократии худ [2].

Мувофиқи ақидаи як қатор тадқиқотчиён барои афзоиши таҳдиди террористию экстремистӣ маҷмўи заминаҳои хусусиятҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, идеологӣ, ва психологӣ мусоидат менамояд[3].

Ба шумораи омилҳои дохилидавлати афзоиши экстремизму терроризм дар давлатҳои собиқ шўравӣ инҳо дохил мешаванд:

а. Сиёсӣ:

 – аз байн рафтани давлати Шўравӣ ва бо ин сабаб суст шудани фаъолияти мақомоти давлатӣ дар давлатҳое, ки истиқлолият ба даст оварданд;

–  дар муддати нисбатан зиёд ноустувории низоми муносибатҳои ҷамъиятӣ,  сабаби пайдоиши сохтори нави муносибатҳои моликиятӣ ва ашхоси соягӣ ки бо ҳар роҳ ҳукмрониро ба даст овардан мехостанду самти нуфузи худро мефзуданд;

– сатҳи пасти маданияти сиёсии ҷамъият пас аз пошхўрии давлати Шўравӣ;

–  фаъолияти партияҳо, ҳаракатҳо ва ташкилотҳое, ки бо усулҳои зўроварӣ (сепаратистӣ, динӣ-миллатгароӣ) ҳокимиятро ба даст оварданӣ мешуданд;

– фаъолияти сусти мақомоти давлатӣ барои ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон;

– ҷангҳои байналмиллӣ ва шаҳрвандӣ;

– мавҷуд будани гурўҳҳои экстремистӣ;

Иқтисодӣ:

– бўҳрони иқтисодии аввалҳои солҳои 90-уми асри ХХ к ибо сабаби аз байн рафтани робитаҳои иқтисодии ягона ба вуҷуд омад;

– беадолатона харида гирифтани (приватизация) моликияти давлатӣ;

– аз даст додани назорати давлат аз болои захираҳои иқтисодӣ-молиявии давлатӣ;

– соягӣ ва ҷиноятпеша шудани бизнес;

– мусоидат карда натавонистани сиёсати иқтисодии ҳокимият барои устувории рушди иқтисодиёт ва кам кардани сатҳи бекорӣ.

Иҷтимоӣ:

– босуръат паст шудани сатҳи зиндагии аксарияти аҳолӣ ва дар як вақт пайдо шудани шумораи ками одамони сарватманд;

–  музди пасти меҳнат, кўмакпулиҳои ночиз, риоя накардани ҳуқуқҳои меҳнатии шаҳрвандон ва ғайра;

– мавҷудияти шахсоне, ки мактабҳои ҷангиро гузаштаанд ва ба иқтисодиёти  гузариш мутобиқ шуда натавонистаанд;

– муттаҳидии муҳити ҷиноятпеша.

Ғоявӣ ва психологӣ:

– гум кардани мавқеи ғоявӣ, маънавӣ ва ҳаётии худ аз тарафи аксари одамон;

– руҳияи ноумедӣ ва афзоиши таҷовузкории иҷтимоӣ, паст шудани нуфузи қонун, боварӣ ба қобилият ва имконияти тағйиротҳои мусбӣ;

– тарғиботи васеи бераҳмӣ ва қувва;

– мавҷуд набудани назорат аз болои паҳн гардидани усулҳои фаъолияти террористӣ бо воситаи шабакаҳои иттилоотӣ;

– вайрон шудани феълу хўи мардум, тантанаи беориву беномусӣ, тағйир ёфтани мафҳумҳо дар бораи тартибот ва инсофу адолат;

– пуриқтидор шудани таъсири меъёрҳои ғайрирасмие, ки муносибатҳои ҷамъиятиро ҷиноятӣ мегардонанд;

– ба вуҷуд омадани принсипҳое, ки дар доираи онҳо таҷовузкорӣ воситаи «қонунии» ба мақсад расидан аст;

– рў овардан ба мероси таърихӣ ва сиёсии  ташкилотҳои экстремистие, ки дар онҳо парастиши қудрат ва силоҳ ҷузъи ҳатмии тарзи ҳаёт мебошад;

– ақидаи баъзе гурўҳи одамон ё ҷамъиятҳо, ки ба фикрашон ҳуқуқҳояшон поймолшуда, озодиашон маҳдудшуда, меҳисобанду барои бо ҳар роҳ ҳимоя шуданашон ниёз доранд.

Ба омиҳои дохилие, ки барои паҳн гаштани экстремизм ва терроризм таъсир мерасонанд инҳоро ҳам дохил кардан мумкин аст:

– афзоиши миқдорри нишонаҳои экстремистӣ ва террористӣ дар хориҷи дуру наздик;

– ноустувории вазъияти иҷтимоӣ-сиёсӣ дар давлатҳои ҳамсоя, мавҷудияти муноқишаҳои мусаллаҳона дар баъзеи онҳо аз он ҷумла муноқишаҳои территориалӣ ба ҳамдигар;

– мавҷуд набудани назорати боэътимод барои убури сарҳад;

– мавҷудияти бозори силоҳфурўшии ғайрирасмӣ дар баъзеи давлатҳо;

– ворид шудани ташкилотҳои террористии хориҷӣ ва марзи давлат;

– дар давлатҳои хориҷӣ мавҷудияти қароргоҳҳои тайёркунандаи муҳорибачиён барои ташкилотҳои террористии байналхалқӣ, аз он ҷумла муассисаҳои ғайррирасмие, ки ғояи экстремистиро паҳн мекунанд ва ғайра;

– дастгирии молиявии ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ;

– кўшиши баъзе давлатҳо барои суст гардонидани мавқеи давлати муайян дар ҷаҳон барои устувор кардани таъсири сиёсӣ, иқтисодӣ ва ё дигари худ;

– паҳн кардани ғояҳои терроризм ва экстремизм бо воситаи манбаъҳои иттилоотӣ, ба монанди шабакаи интернет, воситаи ахбори умум ва ғайра;

– рағбати субъектҳои фаъолияти террористӣ дошта барои васеъ равшан намудани фаъолияти худ дар васоити ахбори умум бо мақсади ба даст овардани маъруфият дар ҷамъият.

Аз гуфтаҳои боло ба хулоса омадан мумкин аст, ки мо шаҳрвандон бояд зиракии сиёсии худро аз даст надода барои пеш рафтани ҷомеаи ҳуқуқбунёду дуниявии Тоҷикистони азизамон тамоми кўшишҳоямонро ба харҷ диҳем, ва нагузорем, ки ғояҳои бегона ба руҳияи мо таъсири худро гузораду ба ҳаёти осоиштаи мо халалдор гардад.

Тошматова М.А.

 ______________________________________________________________________

[1] Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.12.2017 13:21, шаҳри Душанбе

[2] Лебедев К.С., Мерзликин Е.В. Идеология экстремизма и терроризма в контексте геополитического противоборства / Вестник Национального антитеррористического комитета. 2012. № 2 (07) // Национальный антитеррористический комитет: [информационно-аналитический портал].

[3] Антонян Ю.М. Терроризм. Криминологическое и уголовно-правовое исследование. М., 1998; Мусаелян М.Ф. Экстремизм как угроза национальной безопасности Российской Федерации // Журнал российского права. 2009. № 3. С. 18-24; Арутюнов Л.С., Касьяненко М.А. О некоторых причинах этнического экстремизма в современном российском обществе // Таможенное дело. 2007. № 4. С. 52-57.; Исаева Т.Б. Типологические признаки экстремистской идеологии // Российский следователь. 2008. № 23. С. 27-29 и др.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *