МУНОСИБАТИ ҒАРАЗОНАИ ҲНИ НИСБАТИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАРОИТИ ИМРӮЗА

1 Leave a comment on paragraph 1 0 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии пурмуҳтавои хеш таъкид намуданд:
“Истиқлолият тантанаи хирад ва андешаи миллати солору куҳанбунёди тоҷик, оғози марҳалаи навини давлатдории миллӣ, омили иттиҳоду сарҷамъии мардуми фидокору ватандўсти мо, василаи муҳимтарини ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, нишонаи возеҳи ҳастии миллат ба шумор меравад”.
Терроризм, махсусан даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеаи ташаккули ҷомеаи ороми башаррият гардидааст. Бахусус, Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, нисбат ба ин ҳодисаи манфури ҷомеа бетараф намебошад. Сари ин масъала ҳамарўза ҳукумати кишварамон андеша дошта, онро дар мадди аввал гузошта, сармашқи фаъолияти хеш қарор додааст.
Воқеан таъсир ва ташаккули равия террористӣ ба фазои ҷаҳони ислом таҳдид намуда истодааст. Ҳаёти кишварҳои мусулмонӣ имрўз нишон медиҳанд, ки таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар минтақа ва дастгирӣ ёфтани онҳо аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонӣ як мушкилоти сарбаста шудааст. Пайванд кардани фаъолияти ин ҳизбу ҳаракатҳо бо ислом масъаларо боз ҳам мураккабтар мегардонад. Бинобар ин дар чунин вазъият моро зарур аст, ки арзишҳои миллӣ ва диниро ҳифз намуда, нақши онҳоро дар ҳаёти ҷомеа муайян созем.
Воқеан дар баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, мутаассифона дар зери таъсири гурўҳҳои алоҳидаи дохилӣ ва хориҷӣ бо ҳаргуна баҳонаҳо дар раванди эҳёи дин хусусияти ифротгароӣ касб намуда , дар натиҷа як қатор муаммоҳо ба миён омаданд. Чунончӣ, ҲНИ бо дастгирӣ ва сарпарастии хоҷагони хориҷиаш, бо истифода аз ҳаргуна буҳтон ва суханони беасос фазои орому осудаи кишварамонро халалдор сохтан мақсад гузошт. Ҳама бадбахтию нооромӣ, майдоншинию ҷудоихоҳӣ ва бегонапарастию худбохтагиҳоро ба сари миллати тоҷик овардани сарварони ҲНИ боз роҳабарони бегонашудаи он, ки дар зери паноҳангдагии хоҷагонашон умр ба сар мебаранд, ҳамеша худро аз ин ҳама дар канор гирифтан мехоҳанд ва тамоми пешрафтҳои имрўзаи кишвари моро нодида мегиранд. Вале халқ хуб дар ёд дорад, ки онҳо чанд сол қабл бо рафтору кирдорҳои разилонаи худ Тоҷикистонро ҳамчун кишвари мустақил ба ҳолати нобудӣ расониданд. Хулоса ақидаҳои ифротгароёнаи ТТЭ ҲНИ ва ҳаммаслакони ӯ дар оқибат ба ҳамагон маълум шуд.
Имрӯзҳо, роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ берун аз кишвар бо дастгирӣ ва сарпарастии хоҷагони хориҷиашон, бо истифода аз ҳаргуна буҳтон ва суханони беасос ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ, мехоҳанд фазои орому осудаи кишварамонро аз нав халалдор созанд.
Ҷиҳати пешгирӣ намудани ин падидаи номатлуб ва оқибатҳои иртиҷоии он, баҳри ҳифзи арзишҳои милливу мазҳабии мардуми шарифи тоҷик зарурати аз нигоҳи қонунгузорӣ танзим намудани масоили динӣ пеш омад.
Хушбахтона имрўз, миллати мо бо азму иродаи қавӣ ва рўҳияи шикастнопазир дар фикри ободкорӣ ва шукуфоии кишвари маҳбубамон буда, дигар фирефтаи дурўғҳо ва ҳангомаҳои шохдори ин дирижёр, навозандагони дастаи хиёнаткорона нахоҳанд шуд. Мо, ҷавонони даврони соҳибистиқлолии кишвар – пайравони воқеии Пешвои муаззами миллатем ва бо Сарвари тоҷикон, бо Раиси ҲХДТ- ҳизби созандаву бунёдкор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мардумро ба шоҳроҳи ваҳдату якдилӣ роҳнамо месозад, ифтихор менамоем.

2 Leave a comment on paragraph 2 0 Иномчон Ҳалимов,
муаллимаи калони кафедраи молия ва
қарзи Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *