АМАЛИЁТҲОИ ПАСИПАРДАГИИ ҲНИ

Яке аз падидаҳои номатлуби замони ҷаҳонишавӣ ин ташкил ва ба фаъолият шурӯъ намудани ҳизбу созмонҳои мухталифе, ки динро дар рӯйи худ ниқоб кардаанд, ба ҳисоб меравад. Гурӯҳҳои бадкирдор дини мубини Исломро баҳри расидан ба мақсадҳои бади худ дастак менамоянд, ки амали ниҳоят зишт аст. Чунин гурӯҳҳои ба ном исломӣ дар бисёр мавридҳо ҳадаф ва манфиатҳои давлатҳо ва шахсиятҳои мухталифро дар ҷаҳони ислом пиёда намуда, бар хилофи манфиатҳои миллию мазҳабии худ даст ба амалҳои тахрибкорию нооромсозии вазъияти иҷтимоию сиёсӣ ҷомеа мезананд, ки ниҳоят нигаронкунандааст.
Раванди сохтмони исломи сиёсӣ барои мо тоҷикон бегона набуда, аз аввалин рӯзҳои истиқлолияти давлатиамон аз худ дарак дод, ки ҳамчун Ҳизби Наҳзати Ислом Тоҷикистон-ЊНИ ном баровард. Мутаассифона, ин ҳизби ба ном исломӣ на баҳри пойдор намудани маърифати исломӣ дар ҷомеа ташкил шудаасту, балки аз номи ислом ба даст овардани ҳокимият камари ҳиммат бастааст, ки дар ин роҳ давлати моро ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид. Аммо давлату миллат гуноҳҳои наҳзатиёнро бахшид ва барои ислоҳи онҳо имконият дод, лек  боз ҲНИ ба амалиётҳои иғвоангези худро дар байни ҷомеа равона намуда, хостгори дубора бо роҳи зӯрӣ ба сари қудрат омадани буд, вале тираш хок хӯрд ва тибқи қонунгузории мамлакат фаъолияти ӯ манъ карда шуда, ҳамчун ҳизби террористӣ ва экстремистӣ эълон гардид.Аммо баъди манъгардидани фаъолияти расмии ТТЭ ҲНИ, наҳзатиёни маккор баҳри ногувор сохтани вазъи сиёсӣ ва иқтисодии кишвари азизамон аз хориҷи кишвар бо ҳар баҳонаву роҳҳо боз ба амалҳои иғвоангезонаашон даст зада истодаанд, ки хиёнат бар болои хиёнат аст. Мусаллам аст, ки дар тӯли фаъолияти расмии худ ин ҳизби ба ном исломӣ тавонист як ё ду нафар инсонҳои ноогоҳро ба сафи худ бо роҳи фиребу гапҳои сафсата ба сафи худ ҷалб намояд, вале баъди ошкор гардидани амалҳои зишти ин гурӯҳ ва роҳбарони он ҳамон ҷонибдорони фирефтааш ҳам аз аъзогию мавҷудияти худ дар ин ҳизб рӯй гардониданд, ки ба роҳбарони ҲНИ зарбаи сахте буд. Аз ин рӯ, дар назди хоҷагону сарпарстони хеш худро сафед карда нишон додану пулҳои гирифтаашонро рӯйпӯш намудан ва дар оянда боз маблағҳои бедарди миён гирифтан, ин гурӯҳи хиёнаткор амалҳои иғвоангезаашро идома дода, амалҳои пасипардагии худро идома дода истодаанд. Лек ин кӯтоҳандешон як нуктаро ба инобат намегиранд, ки онњо бо амалҳои зишти хеш ба мақсад намерасанд. Онҳо наметавонанд бори дигар халқро фиреб диҳанду ба доми оташини худ дароранд. Баҳри густариш накардани хабарҳои дурӯғини ин гурӯҳи ҷиноятӣ, мо ҳамагон, аҳли зиё, омӯзгорону устодон, фаъолияти босамар бурда истодаем. Фаъолияти пурсамари мо ин росторо аз дурӯғ фарқ карда, нисбати амалҳои зишти ТТЭ ҲНИ мавқеи худро баён кардану манфиатҳои милливу давлатиамонро ҳимоят намудан аст. Мо бояд бар муқобили ингуна гурӯҳҳои ифротӣ дастаҷамъона мубориза бурда, нагузорем, ки ягон ақидаи нохалаф фазои тинҷу ороми Ватани моро тира созад.

  Муаллимаи калони кафедраи молия

ва қарз, н.и.и., Қоситова У.О.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *