Падидаҳои ғаразноки ТТЭ ҲНИ

Ба ҳамагон маълумаст, ки аз рӯзҳои аввали фаъолияти ТТЭ ҲНИ терроризми сиёсӣ, миллатгароӣ, экстремизми динӣ ва амалҳои ҷиноӣ равшан зоҳир мегардид.

Мақсади ин ташкилоти экстремистӣ – террористӣ аз суст кардани амнияти мамлакат, ғасб ва аз худ намудани ҳокимияти давлатӣ, ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, амалӣ гардондани фаъолияти террористӣ иборат буд.

Имрӯзҳо, қисме аз роҳбарони ин ҳизби фаъолияташ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  мамнӯъ дар мисоли роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ берун аз кишвар бо дастгирӣ ва сарпарастии хоҷагони хориҷиашон, бо истифода аз ҳаргуна буҳтон ва суханони беасос ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ, аз худ дарак медиҳанд. Онҳо бо ин кирдорашон мехоҳанд фазои орому осудаи кишварамонро аз нав халалдор созанд. Вале онҳо ва пайравонашон бояд дарк намоянд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз кирдорҳои разилонаи ин ҳизб дар ҷанги шаҳрвандӣ ва минбаъд дар замони сулҳу оромӣ воқиф мебошанд. Дар симои он экстремизму терроризмро мебинанд, ки мехостанд бо истифода аз иғво ва амалҳои тахрибкоронаи хеш ба ҳадафҳои сиёсӣ даст ёбад.

ҲНИ то соли 2015  гарчанде ба таври қонунӣ фаъолият дошт, аммо зери ин парда ғаразҳои сиёсии худро амалӣ менамуд. Хушбахтона, фаъолияташ ба таври қонунӣ манъ гардида, бо ҳалномаи Суди Олӣ расман баста шуд. Санаде, ки фаъолияти онро манъ намуд, санади одилона ва қонунӣ буд. Сарпарастии хориҷиён, паноҳгоҳ додани онҳо ба саркардагони Ҳизби наҳзати исломӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки онҳо пешравӣ ва рушду ободии Ватани азизамонро дида наметавонанд.

Ин зуҳуроти хатарзо моро водор месозад, ки ҳушёриву худогоҳӣ, худшиносии миллӣ ва равандҳои замони муосирро хуб дарк ва фазои сулҳу ороми ҳаёти ҷомеаротаъмин намоем.

Мутаассифона, имрӯзҳо ифротгароиву терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти номатлуб дар ҷомеаи ҷаҳонӣ реша давонда, зиндагии осудаи мардуми сайёраро зери хатар гузоштааст. Аз ин лиҳоз, аҳли ҷомеаи ҷаҳониро лозим аст, ки дар ҳамбастагӣ бар муқобили ин вабои аср муборизаи беамон баранд. Нагузоранд, ки терроризм ва экстремизм ба ҳаёти осоиштаи мардуми сайёра халал ворид созад ва ҷаҳонро ба арсаи ҷангу куштор табдил диҳад.

Боварии комил дорам, ки ҳеҷ гоҳ мардуми сарбаланди тоҷик побанди ақидаҳои ифротгароёнаи ТТЭ ҲНИ ва ҳаммаслакони ӯ нахоҳанд шуд. Зеро барои миллати бо фарҳанги мо терроризм ва экстремизм бегонааст. Имрўз ва минбаъд зарурате моро пеш омадааст, ки атрофи сиёсати дурандешонаю хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештар аз пештар муттаҳидтар гашта,дар ҷомеаи тоҷикон ин падидаю зуҳуроти номатлубро решакан намоем. Фаъолият ва корбариҳои аъзоёни ҲНИ амалиёти нодуруст буда ба падидаҳои номатлуби онҳо бояд дода нашавем. Дар шароити ҷаҳонишавию душвор гардидани муносибатҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи симои миллию мазҳабӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ – сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан ба мақсад хеле мувофиқ мебошад.

Тӯрақулова Л.Т.-муаллимаи калони

                                                       кафедраи молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *