ИЗҲОРОТИ кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣи ДИС ДДТТ вобаста ба намоиши филми ҳуҷҷатии “Шикасти фитна”

Мо омузгорони кафедра оид ба филми хуччатӣ бо номи “Шикасти фитна”, ки тариқи барномаҳои телевизионии Тоҷикистон ва сомонаҳои интернетӣ ба намоиш гузошта шуд, ки боз амиқтар чеҳраи манфури саркардагони гуруҳи муташаккили ҷиноии Бадахшон, бахусус пайравони афроди ҷиноятпешаи Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров тамоми мардумони кишварамон огоҳ шуданд.
Гуруҳи муташаккили зикршуда тибқи раҳнамоӣ ва маблағгузории Алим Шерзамонов, муовини рохбари Паймони миллӣ (ТТЭ ҲНИ-ПМ) ва пайравонаш Мамадшоева Улфатхонум, роҳбари ташкилоти ғайриҳукуматӣ бо номи “Номус ва инсоф”ва собиқ хизматчии рутбадори олии ҳарбӣ Холбашов Холбаш солҳои охир барои ноором намудан вазъи шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон қаблан нақшаҳои разилонаи хешро омода намуда, амалӣ намуданд, ки ҳамагон шоҳиди он ҳастанд. Гуфтан ҷоиз аст, ки бо назардошти далелҳои қаблӣ ва навбатӣ рӯз аз рӯз ҷеҳраи манфури саркардагони гуруҳҳои муташаккили ҷиноятпеша ва роҳбари он Мамадбокир Мамадбоқиров аён шуда, ақидаҳои ғаразонаю тундравонаи онҳо ошкору тасдиқи худро ёфтанд. Воқеан филм тавонист чеҳраи воқеии хоинони миллати тоҷик ва ҷиноятҳое, ки аз ҷониби гуруҳҳои муташаккили ҷиноятпеша, роҳбарияти ташкилоти террористӣ ва хадамоти ҷосусии махсуси хориҷӣ роҳандозӣ шуда буд, бо далелҳои раднашаванда онро ошкор намуд. Оқибат пайравони гуруҳи муташаккили ҷиноятпеша аз кардаҳои худ пушаймонанд.
Дар ин филм мардуми кишвар бори дигар ба амалҳои пасипардагӣ ва террористии гуруххои муташаккили ҷиноятӣ ва боз аз симои разилонаи рохбарияти ТТЭ ҲНИ огоҳ шуданд ва ҳама дарк карданд, ки ободию ороми Ватан дастоварди муқаддастарин барои ҳар як сокини кишвар мебошад. Хулоса имрӯз халқи тоҷик дӯстро аз душман фарқ карда метавонад ва дигар фирефтаи хоинон нахоҳад гашт.
Мо устодони кафедра минбаъд кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки на фақат донишҷӯёнро, балки аҳолии маҳаллиро низ дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва ҳуввияти миллӣ тарбия намоем. Дар интиҳои мақолаи хеш хулосабарорӣ карда, қайд мекунем, ки мо ҳар як фарди ватандӯсту меҳанпараст вазифадор ҳастем, ки барои ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияту осоиштагии давлат ва оромию суботи ҷомеа саҳмгузор бошем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *