Дар ҷаҳони имрӯз терроризму ифротгароӣ яке аз проблемаи асосӣ буда, на танҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳо, инчунин ҳар як фарди ҷомеаи имрӯз дар якҷоягӣ барои бартарафсози ин вабо муборизаи беамон бояд баранд. Воқеан муборизаи объективона дар асоси манфиатҳои давлатҳои ҷаҳонӣ бартарафсозии ин падидаи номатлуби сохташудаи гуруҳҳои манфиатҷӯро истисно намесозад. Махсусан таҳкими муносибатҳои ҳарбӣ ва иқтисодӣ байни давлатҳо ва дастрасии давлатҳо новобаста аз сатҳи рушд ва инкишоф дар асоси шартномаи тарафайн ва шарикии стратегӣ бо техникаю технологияи муосири ҳарбӣ вобаста ба стандартҳои байналмилалӣ ҳамчун варианти асоси мубориза бар зидди ин падидаи иртиҷоӣ мебошад.
Роҳи асосии мубориза ба моҷарогароӣ ва терроризм истифодаи зурӣ нест, вобаста ба таҷрибаи амалии гузашта, зеро муносибати мазкур хосияти аксуламалиро соҳиб аст. Ҳамзон таъкид, гардидани манъи ташвиқу тарғиби тамоми шаклиҳои идеологияи террористӣ ва ифротгароӣ, ҷудоихоҳӣ инчунин табъизи динӣ ва этиқоди динро маҳкум намудан, ҳали ин падидаро ба ҷаҳониён пешниҳод менамояд. Аз ин рӯ, роҳи дурусти муносибат ва мубориза ба ин мушкилии мавҷуда дарки дурустии заминаҳои идеологии он мебошад, ки бояд аз ҷониби давлатҳои минтақа ва ҷаҳон дар шароити имрӯзаи бисёрфарҳангӣ дарк карда шавад, ва камбудиҳои ҷойдоштаи дохилии давлатҳои рӯбаинкишофи минтақа, махсусан рушди нокифояи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳарбӣ ва илм, ки боиси хосияти амалӣ касб кардани муносибати мазкур мегардад, дар асоси манфиатҳои тарафайн бартараф карда шаванд.
Имрӯз танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мусоидати аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин даҳшат ва бераҳмӣ гирифта шавад.
Дар фарҷоми андешаи хеш иброз медорем, ки кулли қувваҳои солими сайёро имрӯз зарур аст, ки барои мубориза ба муқобили ҳама гуна амалҳои террористӣ дастҷамъ бошанд. Фароҳам овардани фазои эътимод, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунё ба муқобили терроризм ва экстремизм шарти муҳими муборизаи босамар бо ин вабои аср аст.
Т.САЛИМОВ