ИЗҲОРОТИ омӯзгорони кафедраи ҷомеашиносӣ вобаста ба фаъолияти нотавонбинону бадхоҳони миллат – ТТЭ ҲНИ ва Гурӯҳи-24

Мо омӯзгорони кафедра шукргузорӣ аз он менамоем, ки зери сиёсати оқилонаву бобарори Пешвои муаззами миллат имрӯзҳо баҳри рушди тамоми соҳаҳои кишвар шароиту заминаи мусоид фароҳам гардида, рӯз то рӯз ба истиқболи ҷашни фархунда 30–умин солгарди Иҷлосияи тақдирсоз ва 25- солагии Ваҳдати миллӣ шаҳру деҳоти мамлакат гул-гул мешукуфад. Воқеан дастовардҳо замимае мебошанд, ки мо 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун таҷлили қаблии ҷашнҳои таърихӣ боз бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил ҳоҳем намуд.
Вале, мутаассифона, бархе аз нотавонбинону бадхоҳони миллат, ки зиндагии осоиштаву рӯзгори обод, фазои хурраму осуда ва хонаи тинҷу оромро пушти по зада, тарки Ватан карданд, имрӯзҳо бо истифода аз имконияти шабакаҳои ичтимоӣ истифода бурда, кӯшиш намуда истодаанд, ки бо ҳар роҳу восита бо чашми ғараз бар аҳли башар аз рушду пешрафти Тоҷикистон шикоят баранду ҷавоби он аз ҳочагонашон маблағҳои бедардимиён ба даст оваранд. Пас аз манъи фаъолияти пасипардагиву иғвогароёна ва фитнаҷӯёнаи ин тангназарон, ки бо омезиш бо номи поки дини мубини Ислом ба роҳ монда мешуд, имрӯзҳо ин ноҷавонмардон дар ошёни хоҷагони хориҷиашон лона гузошта, аз он тӯтивор бар зидди Ватану миллат ва кишвари аҷдодиву бобоии худ санги маломат мезананд. Аз табори чунин хиёнатпешагон Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин,Ҳусейн Ашӯров ва думравашон Беҳзоди Тағойзода ба ҳисоб мераванд, ки агар рӯзе бар муқобили Тоҷикистон ва ё нафаре аз кишвар туҳмату буҳтон наяфкананд ором намегиранд. Ҳарчанд ин афрод зодаи Тоҷикистон бошанд ҳам, аммо дар асл муносибати дурушт бо ватан доранд ва пайравӣ бо душманони миллати тоҷик зидди ин марзу буманд. Бадномкуниҳо шабеҳи туҳматҳои қаблӣ ҳаст, аммо бо шаклу намуди дигар. Ҳасудхӯрон аз дурӯғу буҳтон истифода мебаранд, то давлатро назди аҷнабиёни ба худ наздик, сиёҳ бикунанд. Асосан ТТЭ ҲНИ ва Гуруҳи 24 бо доираҳои ғаразҷӯ ва манфиатхоҳ дар ҷомеа тибқи барномаҳои тарҳрезишуда ва ҳадафманди хоҷагонаш дар хориҷ аз кишвар зидди миллати тоҷик мубориза мебарад, ки ба мақсадҳои нопокаш нахоҳад расид.
Дар интиҳои изҳороти хеш фаъолияти бадхоҳони миллатро дар хориҷи кишвар маҳкум намуда, аз мардуми сарбаланди кишвар, бахусус ба мӯҳоҷирони меҳнат қарор дошта, даъват ба амал меорем, ки ҳушёру зирак бошанд, ба қадри сулҳу ваҳдат расанд ва нагузоранд, ки кишвари азизамон бо дасисаи душманони миллат ба гирдоби ҷангу ҷилолҳо кашида шавад. Боварӣ дорем, ки мардуми тоҷик дигар ҳеҷ гоҳ фирефтаи афкори бегонагон ва душманони миллат нахоҳанд шуд. Намегузорем, ки пои нохалафе марзу буми кишвари моро убур намуда, амну суботи кишвари моро халал ворид намояд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *