Ҷамъбасти мусобиқаҳои варзиши байни донишҷӯёни хобгоҳ

Санаи 23.02.2022 бо иштироки ҳайати васеъи устодону донишҷӯёни ДИС ДДТТ дар хобгоҳи донишҷӯён маросими ҷоизасупории мусобиқаи варзиши аз намудҳои шашка, шоҳмот ва тенниси рӯи миз байни донишҷӯёни хобгоҳи ДИС ДДТТ шуда гузашт, ки дар он муовини директор оид ба тарбия ва рушди ҷавонон Аҳророва Г.У., мудири шуъбаи тарбия ва фарҳанг Ашрапова М. К., мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Саидов М.М., мутахассис оид ба варзиш Сорбони Гулмурод иштирок доштанд, ки ба Илмурзоев Ҷаҳонгир донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 24010302 барои ишғоли ҷойи якум дар намуди варзиши тенниси рӯи миз, Зафарзода Муллополвон донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 25010403 барои ишғоли ҷойи дуюм дар намуди варзиши тенниси рӯи миз, Мирзозода Некрӯз донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 25010403 барои ишғоли ҷойи сеюм дар намуди варзиши тенниси рӯи миз, Ҳакимов Довуд донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 250101 барои ишғоли ҷойи якум дар намуди варзиши шашка, Давлатов Далер донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 960101 барои ишғоли ҷойи дуюм дар намуди варзиши шашка, Давлатзода Абубакр донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 960101 барои ишғоли ҷойи сеюм дар намуди варзиши шашка, Тоҷиев Фарҳод донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 250103 барои ишғоли ҷойи якум дар намуди варзиши шоҳмот, Имомназаров Аслом донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 260202 барои ишғоли ҷойи дуюм дар намуди варзиши шоҳмот, Шерхонзода Муҳаммадобид донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 260201 барои ишғоли ҷойи сеюм дар намуди варзиши шоҳмот бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *