Мубориза бар зидди ТТЭ ҲНИ вазифаи ҳар фарди ҷомеа аст!

Бо таври ғайри интизорӣ сиёсикунонии дин яке аз масъалаҳои сарбастаи низоми сиёсӣ дар кишвархои Шарқӣ мусалмонӣ гардидааст. Бадкунии давлатдории дунявии демократӣ аз нуқтаи назари динӣ хатогии маҳз аст, ки онро гурӯҳҳои муайян дар муборизаҳои сиёсии худ истифода мебаранд ва динро парчами худ намуда дар давлатҳои мусалмонии Шарқ оташи ҷангҳои ифротгароёнаро меафрӯзанд. Ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти динӣ одатан низоми давлатдории миллиро хилофи дини ислом ва омили асосии паст задани дин дар ҷомеа меҳисобанд. Хушбахтона имрӯз дар байни сокинони асосии кишвари мо ба ин тамоюлҳо баҳои дурусти худро медиҳанд зеро оиди давлату давлатдорӣ ва дин мардуми мо назари худро доранд ва чунин мешуморанд ки фақат давлати дунявию демократӣ метавонад динро тариққи дода роҳҳои дурусти онро пешаи мардум гардонад. Дар баробари хамаи ин аққалиятҳое низ вуҷуд доранд, ки низоми давлатдории дунявӣ демократиро монеаи асосии пешрафти дину мазҳаб медонанд, ки ин ақида маҳз хатоӣ ба шумор меравад. Ин маънои онро дорад ки то ҳанӯз доир ба фаҳмиш ва дарки дурусти моҳияти низоми давлати дунявӣ демократӣ ва миллӣ проблемаҳо чой доранд. Ба ин мисол шуда метавонад фаъолияти Ҳизби наҳзати Ислом, ҳаракати мардумии “Растохез ки баъди интишори қонун “ Дар бораи иттиҳодияҳои чамъиятӣ дар ЧШС Тоҷикистон”- 12 декабри соли 1990 аз тарафи Шӯрои Олии Чумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст ташкил ёфтан гирифтанд. ҲНИ 26 октябри соли 1991 ташкил ёфт. Мутаассифона дар тассавури баъзе афроди чомеа ақидахои нодурусти динӣ ҷой доранд, ки онҳоро ба гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил мегардонад ва ақидахои носолими динии худромехоҳанд, ки дар ҷомеаи демократии дунявӣ амалӣ созанд. Мехоҳанд, ки ҷаҳон мувофиқи хости онхо шакл бигирад. Бештари ин гуна афроди ҷомеа дар дар гузашта дузду ҷинояткор будаанд ё нашъамандӣ кардаанд. Қисми зиёди чунин шаҳрвандон ба фиребу найранги динӣ офарида аз зиндагии мустақилонаи худ маҳрум шудаанд. Гурӯҳҳои бадрафтор ва террористӣ барои ноил шудан ба нақшаҳои худ аз дин моҳирона истифода мебаранд ба монанди собик рохбари ХНИ, ки натиҷаи он дар давлатхои ҷанг рафтаистодаи Сурияю Араб ва Ироқ шаҳрвандон бевосита иштирок менамоянд ҳалок шудаанд. Дар шароити хуби имрӯзаи рӯзафзун авзои сиёсии ҷахон ва тағйиру таҳаввулоти бо суръати он тарафи вусъат ёфтани низоҳои байнимазҳабӣ ва арзӣ ҷиноятҳои мутташаккили фаромарзӣ зиракии сиёсии шаҳрвандон аҳамияти бағоят мухимро касб менамояд.

 Марҳабо Ҳомидова,
ассисенти кафедраи тиҷорат
ва ҳуқуқи ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *