Ҳизби Наҳзати Ислом яке аз намуди ҳизбҳое аст, ки ҷомеаро аз давлат дур намуда, шахсони бегуноҳро гумроҳ менамояд ва тӯъмаи доми худ мекунад. Ин ҳизб мисли дигар ҳизбҳо солҳои пеш дар таҳти назорати давлат буд ва кору фаъолияти хешро ба пеш мебурд. Аммо шахсони нохалафе пайдо гаштанд, ки ба номи пуршарафи Ҳизб хатҳои сиёҳро ворид карда, аз давлат онро ҷудо намуданд. Яке аз ин гуна озмоишхои онхо мохи сентябри соли 2015 дар Тољикистон буд ки онро ба ҳадафи нопоки худ кашиданӣ буданд. Овози баланди мардум “Ман Ватанамро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар”- пирӯзии комили мардуми тоҷикро таъмин намуд. Ин гурӯҳи нотавонбини аз оламу одам норозӣ ҳамавакт будан мемонанд ва ғаразҳои нопоки онҳоро сарфи назар карданӣ намешаванд. Ҳамаи намудхои фаъолияти ҲНИ-ро ба назар гирифта 22-декабри соли 2015 бо карори Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизб дар ҳудуди ҷумҳурӣ қатъ гардонида шуд.
Гарчанде таъиноти асосии таъсисёбии ҲНИ аз ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ҳимояи якпорчагӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон, ҳимоят аз истиқрори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии бародаронаи халқҳои ҷумҳурӣ иборат бошад ҳам, вале солҳои охир аъзои он теъдоди зиёди ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистӣ (ифротгароӣ)-доштаро содир намуда, дар байни аҳолӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма норозигию иғво ва кинаю адоват барангехта истодаанд, ки ин амалҳои онҳо боиси халалдоршавии ҳаёти осудаи шаҳрвандон ва амнияти ҷамъиятӣ гардида, ба асосҳои сохти конститутсионӣ ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид менамояд. Танҳо дар 5 соли охир 45 нафар аъзои ҲНИ ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, 17-тои онҳо бошанд барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти ифротгароӣ ва террористидошта, аз қабили ташкили иттиҳодияҳои ҷиноятӣ ва иштирок дар онҳо, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барангехтани кинаю адовати динӣ, ки барои нооромии авзои сиёсӣ мусоидат менамоянд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.
Имрӯзҳо мо мебинем, ки аз кишварҳои мухталифи дунё инчунин мутаасифона аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бархе аз ҷавонон дар натиҷаи костагии маърифати сиёсӣ, фарҳангӣ ва динии хеш шомили гурӯҳҳои ифроти гашта ба номи тоҷику Тоҷикистон доғ меоранд. Ҳол он , ки дар қаламравӣ кишвар ҳамагуна шароит барои зиндагии хушбахтона муҳайёст. Бояд ҷавонон бештар ба театр, китобхонаҳо, маҳфилҳои илмиву адабӣ ва фарҳангию фароғатӣ рӯй оранд. Танҳо дар ҳамин ҳолат метавонанд ҷаҳонбинии худро васеъ намуда некро аз бад ба пуррагӣ фарқ намояд.
Бояд ҳар як шаҳрванди ба ору номуси кишвар ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орму осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нагардад. Ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсии ҷомеа, мо ҳама муттаҳд бошем ва ба фаъолияти сохтору мақомотҳои давлатӣ ҳамаҷониба мусоидат намоем.
Марҳабо Ҳомидова,
ассисенти кафедраи тиҷорат
ва ҳуқуқи ДИС ДДТТ