Дар шароити кунунӣ, ки мақсади мо сидқан дўст доштани Ватан, гироми доштани арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, таҳкими густариши давлати миллӣ, меҳнати созандаву бунёдкорона бар нафъи ҷомеа бад -ин васила расидан ба зиндагии хубу шоиста арзёби мегардад, нафароне чанд худро «қаҳрамон» муаррифӣ намуда, мехоҳанд бо таъсису ташкили ҳаракату созмонҳои дурўғин ҳадафҳои ғаразноки хешро рўи кор барорад.
Вале бехабар аз он ки тоҷикон таърихи бойи давлатдорӣ доранд ва шароити мураккаби зисту зиндагонӣ, рўйдодҳои мухталифи сиёсиву иҷтимоӣ, динию фарҳангӣ ва аз ҳама муҳим, бархўрдҳои тамаддунҳо бо тамаддунҳои дигар дарозои таърих моро адолатгустару соҳибтадбир ва андешаманд гардонидааст.
Таъсис ва ташкили созмони ба ном «Паймони миллӣ», ки дар Варшава, пойтахти Лаҳистон рўи кор омад, моро хушдор месозад, то аз ҳифозатӣ Ватан, ба мисли Муҳиддин Кабирӣ, ШарофиддинГадоев, Илҳом Ёқубзода ва Алим Шерзамонов мардуми мо алалхусус, ҷавононро ба доми фиреби хеш кашанд, ҳар лаҳза эшонро ба хештаншиносӣ, арҷгузорӣ ба Ватани худ, ин ҷо хуни нофи онҳо рехтааст, садоқат ба Меҳани азиз даъват намоем.
Имрўз, ки арзиши асосӣ ва муҳимтарин меъёри давлатдорӣ адолати иҷтимоӣ маҳсуб меёбад ва маҳз ин вижагӣ маҳаки асосии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёби мегардад, бояд дар атрофи сарвари ин давлати ҳуқуқбунёд ҷамъ оем, бо ҳам кишварро ободу хуррам гардонем ва аз ҳаёти босаодати хеш шукргузор бошем, зеро мазмуну моҳияти кору пайкори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари давлат ва пешвои халқ адлу инсоф ва ғамхорӣ дар ҳаққи мардум аст.
Меҳрубонию ғамхории Сарвари давлат ба аҳли ҷомеа беҳадду канор аст. Ин ҳарфҳои мо дар мавриди маҳкум намудани ҳаракат, андеша ва рафтори нопоки чанд тан аз зархаридони миллати тоҷик зуҳуроти адолат аст, то онҳо дар зиндагии хеш роҳи дурустро дарёбанд.
Дар роҳи адолату садоқат, накўкорӣ ва башардўстӣ пайваста ташаббус нишон диҳанд, зеро зода ва парвардагони сарзамини Тоҷикистон ҳастанд.
Ҳадафи мо, омўзгорон он аст, ки ҷавононро дар руҳияи меҳанпарастӣ роҳи адолату садоқат, накўкорӣ, шукр намудан аз замони осоиштаву имконоти васеи таҳсил, интихоби озодонаи касбу кор тарбия намоем, то ки онҳо фирефтаи ваъдаҳои бебунёди гурўҳҳои иғвопеша ва ташкилоти террористӣ – экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ нагарданд. Моро зарур аст, ки маърифати ҳуқуқии шогирдонро баланд бардорем ва дар қалби онҳо маҳкум кардани созмонҳои террористӣ, ба монанди наҳзатро ҷой намоем.