МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ВАЗИФАҲОИ МУҲИМИ ҶОМЕАИ ИМРӮЗА АСТ!

Имрӯз терроризм ва экстремизм бо тамоми зуҳуроташон ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ аён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба падидаи мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст.
Имрӯзҳо гурӯҳҳои ифротгаро бархе аз ҷавононро, ки дар Русия муҳоҷират доранд, бо сабаби надоштани машғулият ва даромади муносиб бо пешниҳоди «ба даст овардани пули хуб бо ширкат дар як ё ду амалиёт» фирефта намуда, ба доми макри худ мекашанд. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо мисолҳо меорем. Чунончӣ, моҳи майи соли 2021 панҷ нафар ҷавонони гумроҳшудагони дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарордошта, ба бинои мақомоти қудратии яке аз шаҳри Федерастсияи Русия бо истифодаи яроқи оташнишони ҳуҷум намуданд. Дар асоси расонаҳои хабарии кишвари мазкур ин гурӯхи ҷиноӣ тибқи дастури Назаров Тоҷиддин, ки лақабаш Абу Усамаи Норакӣ аст, ин амали номатлубро содир намудаанд.Оқибат ин гумроҳшудагон аз 9 то 19 сол аз озодӣ маҳрум шуданд. Ба ғайр аз ин 3 декабри соли 2021 дар шаҳри Москва 8 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон нисбати соҳибкорони Федератсияи Россия амали мусаллаҳона намуданд. Тибқи қарори Суди шаҳри Москва ҷавонони роҳгумзада аз 8,5 то 16 сол аз озодӣ маҳрум шудаанд.
Баробари ин қайд кардан зарур аст, ки дар соли 2021 дар миқёси ҷумҳурӣ 4 сӯиқасд ба амали террористӣ ва 2 амали террористӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар соли сипаригардида аз ҷониби сохторҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 579 нафар аъзоёни ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ дар содир намудани 766 ҷиноят муайян карда шудааст.
Мисолҳои овардашуда моро ҳушдор менамоянд, ки ҳоло ҳам хоинони давлату миллат ва умуман террористу экстремист, яке аз хафноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ мондааст. Бинобар ин имрӯз мо бояд дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани насли ҷавон кӯшиш ба харҷ диҳем, ки ин яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи имрӯзаи мо дониста мешавад.

ПУЛОТОВА М.Ф,
ассистенти кафедраи молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *