Дар давраҳои гуногун ва давлатҳои гуногун мафҳуми экстремизм ҳам аз нуқтаи назари илмӣ ва ҳам аз нуқтаи назари юридикӣ ҳар хел шарҳ дода мешуд. То имрӯз шарҳи ягона мавҷуд нест. Дар шарҳи луғат калимаи экстремизм ба маънои ифрот, ё ин ки ба маънои ғояи ифротгаро доштан омадааст.
Дар китоби бо забони русӣ бо номи «Васатыя- путь жизни » ба чоп расидаи олим Муҳаммад Содиқ Муҳаммад Юсуф оварда шудааст, ки барои инсон аз таъсири даъватҳои гурӯҳҳои ифротгаро, ки бо истифода аз роҳу усулҳои гуногун ба амал оварда мешавад, гаравидан, мубталои ақидаҳои ифротгаро шудан хос аст. Эҳтимол, ин аз хислати ба инсон хос, яъне табиати фаромӯшхотирӣ доштани инсон вобаста бошад. Чун калимаи «инсон» – «одам»аз калимаи арабии дар Қуръони Карим бо истилоҳи «нисйан» – фаромӯшкунанда, фаромӯшхотир истифодашаванда оварда шудааст, гирифта шудааст.
Сад афсус, ки имрӯзҳо фаромӯшхотирӣ то рафт дар байни ҷомеаи мо ба назар мерасанд. Ҷавонон худро ба Сурияву Ироқу Афғонистон мезананд, гӯё ҷанги фоҷиавӣ – ҷанги хунини шаҳрвандии солҳои 1992-1997-ро фаромӯш карда бошанд. Ҳоло ин ки талафотҳои ҷанги шаҳрвандиро ба пуррагӣ тасаввур кардан имконнопазир аст. Яке модар, яке падар, яке бародару хоҳар, дигаре фарзанду кӯдакашро дар ин ҷанг дар ҳолатҳои вазнинтарин аз даст додааст. Ҳодисаҳои занҳоро зӯроварӣ карда, пас аз он бо як бераҳмӣ ба қатл расонидан, яке аз воқеиятҳои ҷанги шаҳрвандӣ аст. Ба ин маъни, зинда ба зинда пӯст канда шудани гурӯҳе аз ҷавонон низ ҳодисаҳое аз ҷанги шаҳрвандӣ мебошад, ки барои баъзе аз ҷавонҳои имрӯза ошно гардидан бо оилаҳое, ки наздикони худро айнан бо ҳамин тарз аз даст додаанд, хулосаҳои бузургро медиҳад. Ин хулосаҳо дар ҳаёти инсони табиати фаромӯшхотирӣ дошта хулосаҳои фаромӯшношуданист ва яке аз роҳҳои маҳсулноки пешгирии экстремизм дар байни ҷавонон хоҳад буд.
Сад шукр, ки он рӯзҳои хунин гузашт. Имрӯз, ба кураи замин нигарем, бисёре аз мамлакатҳо ноором. Дар баъзе аз мамлакатҳо обхезию заминларзаву ҳар гуна офатҳои табиӣ, дар баъзе аз мамлакатҳо вабои ҳайвонҳову паррандаҳо, дар баъзе аз мамлакатҳо бошад низоъ, задухӯрд, кушторҳо байни гурӯҳе аз одамон, ба қавле, террористон ҳаёти мардуми осоиштаро нобуд кардаву нотинҷ карда истодаанд, хулоса мамлакат ноором. Ба ҳамаи мамлакатҳои ноороми имрӯза фақат оромӣ лозим аст. Дар мамлакат тинҷиву амонӣ ҳукмфармо бошад, мардум хушҳолона зиндагӣ мекунанд. Лекин ин неъмати бузург ки аз тарафи баъзеҳо қадр карда намешавад дар мамлакат ҳукмфармо набошад, яъне мамлакат ноором бошад, мардум на лаззати хӯрдану нӯшидан ва на лаззату маънии зиндагиашонро ҳис карда метавонанд.
Воқеан осоиштагие, ки дар сарзамини мо ҳукмфармост, бояд ба қадраш расем. Шукронаи тинҷиву амонии давлатамон, шукронаи файзу баракати кори деҳқонони ватанамонро бояд кунем. Мо бояд ҳаргиз фаромӯш накунем, ки мардуми сарзамини мо чӣ фоҷиаҳоро аз сар гузаронид.
Халқи мо, халқи қадим, халқи меҳнаткаш ва халқи дорои таҷрибаи бой аст. Лекин, дар байни ҳар як халқ нафароне ҳастанд иғвогар, нафароне ҳастанд ҳасад мебаранд. Олиме гуфтааст: ҳасадгӯйро розӣ карда натавонистам, розӣ кардан аз дастам наомад. Барои инсони ҳасадгӯй ҷони ман лозим аст, аз рӯи олам нобуд шудани ман лозим аст. Олимоне, ки илми зиёд доранд бисёранд. Лекин дар байнашон ҳастанд нафароне, ки барқасд дар байни мардум иғво, фитна меандозанд. Як масъалаҳои ночизро ба миён гузошта, дар байни гурӯҳе, аз одамон низоъро ба вуҷуд меоранд. Вазифаи олим инсонҳоро даъват ба сабру таҳаммулпазирӣ кардан, даъват ба шукр кардан аст.
Баробари ин қайд кардан зарур аст, ки паёмҳои Пешвои муаззами миллат барои ҷавонони мамлакат дастур ва ҳуҷҷати раҳнамо мебошад, ки амалӣ намудани он муфиду самарабахш хоҳад буд. Сарвари кишвар дар Паёми навбатиашон ,аз 26 декабри соли 2021 таъкид карданд, ки «Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.»
Бо дарназардошти дастуру ҳидоятҳои Сарвари кишвар, аз суханрониашон ёдовар шуда, иқтибос меорем, яъне роҳи тайкардаи кишвари соҳибистиқлоли мо дар давоми сӣ соли гузашта, инчунин, дастовардҳое, ки мо дар ин муддат ба онҳо ноил гардидем, як нуктаи бисёр муҳимро возеҳу равшан собит сохтанд: мардуми шарафманди тоҷик метавонанд дар шароити мураккабу буҳронии ҷаҳони муосир бо нангу номуси ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва иродаи қавӣ Ватани муқаддаси худро ҳифз кунанд, онро боз ҳам обод намоянд ва нуфузу обрӯи Тоҷикистони озоду соҳибихтиёрро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд. Аминам, ки тамоми шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҷонибдор ҳастанд.
Баробари ин дар фарҷоми андешаи хеш, бо боварии комил метавон қайд кард, ки воқеан дар байни мо- мардуми бузурги Тоҷикистон меҳру шафқат доимо ҳукмфармо мебошад. Мо бо иттифоқӣ ба муваффақиятҳои бузург ноил мегардем!
О. САМИҶОНОВ,
муаллими калони кафедраи молия ва қарз